Ободонӣ меомӯзанд

№71 (3056) 13.06.2013

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи барномаҳои ободонию рушди меъмории шаҳр оид ба сабзу хуррамсозии пойтахт пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Аз ин рӯ, бо истифода аз робитаҳои ҷойдошта ва узвият дар Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо такомули таҷрибаи мутахассисон муттасил сурат мегирад.

Зимнан бо мақсади омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи ободонӣ, сабзкорӣ ва гулзоркунӣ дар Федератсияи Россия ва Белоруссия дар асоси амри Раиси шаҳри Душанбе №347 аз 7 июни соли 2013 як ҳайати  бонуфузи мутахассисон: Баҳром Юсупов- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Қудратулло Файзуллоев — сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Абдусаттор Холов — сардори Сарраёсати кабудизоркунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Гулбаҳор Давлатова — сардори шуъбаи шаҳрсозии Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Шаҳрофар» аз 11 то 23 июни соли 2013 ба  сафари хизматӣ ба  шаҳрҳои Краснодар, Сочи, Минск ва Москва  фиристонида  мешаванд.

 Ш.Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе