Омили муттаҳидсоз

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ барқарор гардид, ки он ҳамчун омили муттаҳидсозандаи халқи тоҷик дониста мешавад. Ба ин васила дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи   шаҳрвандӣ гузошта шуд ва баҳри беҳбудии сатҳу сифати  зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид фароҳам омад. Нақши созандаи сулҳу Ваҳдат дар амри таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаи зарурии ҳифзи истиқлолияти  миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро амалан  таъмин менамоянд, бағоят муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар асоси Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи оштии миллӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд. Бо оғози фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Санадҳои муҳим аз ҷумлаи Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» ва ҳамчунин баҳри таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дар ин замина  қабул шуданд.

Он  нуктаро ёдоварӣ кардан зарур аст, ки бо назардошти принсипҳои башардӯстона,  бори дигар  Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» қабул гардид. Муҳимтарин рӯйдоди сиёсии соли 1999 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қабули қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Бори нахуст дар таърихи сиёсии кишварамон парламенти дупалатагӣ, ки яке аз онҳо доимоамалкунандаи касбӣ маҳсуб меёфт, таъсис шуд.

Тавре ки дар моддаи 9 –уми  Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, ҳокимияти судӣ як шохаи ҳокимияти давлатӣ дониста мешавад. Ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти судӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазифаҳои муҳим  гузоштаанд, ки иҷрои он масъулияти мо, кормандони ин мақомотро,  бештар мегардонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 апрели соли 2012) чунин таъкид доштанд: «Дар навбати худ ҳокимияти судӣ вазифадор аст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро меҳвари фаъолияти худ қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва қонунҳо адолати судиро таъмин намояд».

Ҳамзамон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои саривақтии Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқиро барои солҳои 2011-2013  аз  ҷониби мақомоти судӣ вазифаи басо муҳим мешуморанд.

Мақсаду мароми ҳар як давлати муосир дар заминаи пойдориии сулҳу субот сохтани ҷомеае мебошад, ки дар он эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал буда, амалишавии онҳо кафолат дода мешавад. Ин аз ҷумлаи  вазифаҳои муҳим ва самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти судӣ дониста мешавад ва мо, кормандони ин мақомот, дар иҷрои он масъул ҳастем.

Қаҳрамон Абдулвоҳидов,

мудири бахши судҳои иқтисодии Раёсати судҳои дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон