Шаҳри азизро тоза нигоҳ дорем

№52 (3198) 22.05.2014

Дар доираи тадбирҳо бахшида ба 90 — солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳоро амалӣ мегардонад, ки ба кабудизоркунӣ, тозаю озода гардидани кӯчаю хиёбонҳо, беҳтар шудани вазъи экологӣ равона шудааст.

Ба наздикӣ чунин як иқдом бо номи «Аксияи тозагии соҳил» гузаронида шуд, ки дар он 9 ҳазору 600 нафар иштирок карданд. Ҳашари умумӣ асосан дар соҳилҳои дарёҳои Душанбе, Варзоб ва Лучоб баргузор шуд. Дар он ҳамзамон қариб 20 адад техникаи гуногун сафарбар гардида, дар натиҷа аз соҳили дарёҳои номбурда 79 тонна партов тоза карда шуд.

-Сокинони пойтахт, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва таълимгоҳҳо ба даъвати мо ҳамроҳ шуда, дар ин маърака фаъолона иштирок намуданд. Мақсад аз ташкили ин ҳашари оммавӣ боз ҳам тозаю обод гардонидани пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, дар ин замина ҷалби ҳар чӣ бештари шаҳрвандон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, маърифати экологии мардум буд. Ҳар кадоми мо вазифадорем, ки дар амри боз ҳам зебову гуворо гаштани шаҳрамон саҳмгузор бошем ва ҷашни 90-солагии  пойтахтро сазовор пешвоз гирем,- гуфт ба хабарнигорамон  сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе Абдусалим Ҷӯраев.

Б.КАРИМОВ, «Садои мардум»