Таҷлили Наврӯз дар «Шарқи озод»

№42-46 (3343-3347) 27.03.2015

DSC_0124

Таҷлили ҷашни «Наврӯз» ва истиқболи фарорасии баҳори нозанин дар КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир бо риояи расму оинҳои хоси мардумӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамасола дар арафаи ин иди миллӣ саҳн ва дохили бинои корхона симои идона мегирад.

Роҳбарият ва кормандони ин идораи бонуфуз имсол низ ба ин иди бостонӣ ҳамаҷониба омодагӣ диданд. Дар саҳни пешайвони бинои корхона шуъбаҳо ва сехҳои он намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили асбобу анҷоми қадима, сару либоси миллӣ, кашидадӯзиву зардӯзиро ҳамроҳ бо хони идонаи ҳафтсину ҳафтшин ба маъраз гузоштанд.

Директори корхона Ёқубҷон Исмоилов бо Наврӯзи оламафрӯз кормандон ва меҳмононро табрик намуд.

Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар байни шуъбаҳо ва сехҳои корхона озмунҳои гуногун, аз қабили ороиши дастархони наврӯзӣ бо анъанаҳои суннатии «Ҳафтсин»-у «Ҳафтшин», таомҳои миллӣ, пухтани «Суманак», «Маликаи Наврӯзӣ», қироати шеър ва таманниёти наврӯзӣ баргузор шуд. Аъзои ҳакамон озмунҳои мазкурро ҷамъбаст карданд ва ба ғолибон туҳфаҳои арзандаи таъсиснамудаи КВД КТН «Шарқи озод» тақдим шуд.

Яке аз суннатҳои хоси ин ҷашни бостонӣ дасти кумак ба ниёзмандону барҷомондагон мебошад. Бо иқдоми роҳбарияти корхона дар пайравӣ ба ташаббусҳои хайрхоҳона ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз тӯйи дастаҷамъонаи 24 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманду бепарастор  баргузор гардид.  Ба ин муносибат барои кормандону меҳмонон ва тифлакони соҳибҷашн дастархони идонаи наврӯзӣ ороста, барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»