5 октябр – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Танзими дақиқи истилоҳоти илмӣ зарур аст

№124-125 (3109-3110) 05.10.2013

Ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якуми октябри соли 2013 дар маҷлисгоҳи Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» дар мавзуи «Танзим ва корбурди истилоҳот дар забони давлатӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуввум аст, ки дар ҷумҳурӣ роҷеъ ба масъалаи истилоҳот чунин конференсия гузаронида мешавад.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов ҳусни оғоз бахшид. Сипас, ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматулло Олимов зимни суханронии худ иштирокдорони конференсияро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар конференсия 13 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забон ва истилоҳшиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки «Назаре ба усулҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ» (доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода), «Истилоҳ, истилоҳшиносӣ ва мушкилоти мубрами он дар забони тоҷикӣ» (доктори илми филология, профессор Туғрал Шокиров), «Истилоҳоти астрономӣ дар илму маориф» (номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Раҳмонов Абдурасул), «Масъалаҳои истифодаи истилоҳот дар соҳаи геология» (номзади илми геология, дотсент Кабут Вазиров), «Истилоҳоти илмӣ-техникии тоҷикӣ ва хусусиятҳои забонии онҳо» (номзади илми филология Нурмаҳмад Пиров), «Баъзе масъалаҳои қонунгузорӣ дар забони тоҷикӣ» (номзади илми ҳуқуқшиносӣ Умрилло Меликов), «Андешаҳо перомуни шеваи нигориш дар матбуоти муосир» (номзади илмҳои филология, профессор Шаҳбоз Кабиров), «Нахустин анҷумани илмӣ-забоншиносии тоҷик ва баъзе масъалаҳои истилоҳот» (доктори илмҳои филология Толиб Ваҳҳобов) аз ҷумлаи онҳоянд.

Дар анҷоми кори конференсия бархе аз намояндагони соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг, ки дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми арзанда гузоштаанд, аз қабили олимони маъруфи забоншинос Абдуғаффор Ҷӯраев, Баҳриддин Камолиддинов, Давлатҷон Комилзода, Сайфиддин Назарзода, Мирзоҳасан Султонов, Туғрал Шокиров, Шаҳбоз Кабиров, Толиб Ваҳҳобов, Раҷабалӣ Сангов бо Ифтихорномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»