Татбиқи барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ

№70 (3055) 10.06.2013

Дар заминаи иҷрои банди 9 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 № 976 тасдиқ гардидааст, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» оид ба муҳокимаи лоиҳаи нави Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ, бо назардошти амалия ва таҷрибаи қонунгузории давлатҳои хориҷи кишвар таҳия гардидааст, семинар баргузор гардид.

Дар кори семинар раиси Суди конститутсиони Ҷумҳурии Арманистон – раиси Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии кишварҳои демократияи нав, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, намояндагони дигар  мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва олимону мутахассисони ҳуқуқшинос иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар доираи чорабинии мазкур бобати густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд  бо мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хориҷи кишвар, аз ҷониби раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ва раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон Арутюнян Гагик Гарушевич Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни судҳои конститутсионии давлатҳои ба ҳам дӯст  ба имзо расид.

Солҳои охир дар фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷи кишвар, ки барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, бо назардошти қонунгузории миллӣ заминаи ҳуқуқӣ мегузорад, васеъ ба роҳ  монда шудааст. Феълан аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судҳои конститутсионии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Украина ва Туркия Ёддошти  тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки амалишавии меъёрҳои онҳо ба ташаккули нуфузи мақомоти назорати конститутсионии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат мусоидат менамояд.

Пас аз анҷоми маросими ба имзо расонидани ин санади муҳими байналмилалӣ кори семинар идома дода, аз ҷониби ширкаткунандагони он лоиҳаи  нави Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифт ва ҷиҳати боз ҳам такмилу мукаммал намудани он таклифҳои мушаххас пешниҳод шуданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 1995 қабул гардида, дар ин муддат ба он зиёда  аз даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид шудаанд.

Бинобар ин, бо мақсади боз ҳам такмилу тақвият бахшидан ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади таъмини волоият  ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд фаъолият менамояд, тибқи банди 9 Барномаи ислоҳоти  судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2011-2013 таҳия ва қабули қонуни нав — «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардидааст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»