Ваҳшимаобони занситез Фархундаро дар Кобул куштанд

№42-46 (3343-3347) 27.03.2015

Дар шаҳри Кобул 20-уми марти соли 2015 ҳодисаи нангине рӯй дод, ки онро метавон мудҳиштарин ҷиноят нисбати зан ва башарият унвон кард. Дар рӯзи равшан Фархунда ном зани кобулиро ба гумони он ки гӯё Қуръонро дар назди масҷиди «Шоҳи душамшера» сӯхтааст, анбӯҳи ҷаллодони ҳайвонсиришт сараввал кушта, баъдан ҷасади ӯро сӯхта, ба соҳили дарёи Кобул партофтаанд.

Ин ҳодиса бояд ҳаргиз нодидаву ношунида гирифта нашавад ва як рӯйдоди одӣ онро унвон кардан нашояд. Ин мутаассибони мазҳабӣ, ки аз одаму инсоният бӯй набурдаанд, муқаддастарин намояндаи башарият, ки ба яке модару ба дигаре хоҳар буд, пушти по заданд. Аз лиҳози эҳсосоту отифаи инсонӣ ин рухдод одамони огоҳро чӣ дар Афғонистон ва чӣ дар дигар нуқоти ҷаҳон такон дод.

Камина, шахсан ин ҳодисаро падидаи ба дому ботлоқи таассуби асримиёнагӣ ва зеҳнияти биёбонӣ ғӯтта задани мафкураи ҷавонони ҳамсоякишвари Афғонистон медонам, ки сиёҳро аз сафед ва кушторро аз ҳукми одилонаи қазоӣ фарқ намегузоранд. Ин тӯдаи аҳриманӣ то сарҳади қатлу ғорат ва шикасти тилисми равиши маъмулии қонунгузорӣ рафта, ба латифтарин махлуқи дунё-зан-модар дастдарозӣ карданд.

Ин ҳодиса дар ҷомеаи афғонӣ барои ҳамсоякишварҳо гузинаи давлатдорӣ ва қонунситезиро рӯнамоӣ мекунад, ки ҳаргиз бояд ғофил набошанд. Ин ҳолати инфиродӣ нест ва баъд аз ин дар ҷомеаи Афғонистон ба ҳошия рондани мақоми зан, барқарор кардани зӯру хушунат ҳукмфармо хоҳад шуд, ки аз нуқтаи назари амнияти вуҷудӣ барои ҳамсояҳо ҳам хатарзост. Афғонистонро, мутаассифона, дахолати абарқудратҳо ба умури ин кишвар ва такон додани арзишҳои барои ин марзу бум бегонаи ғарбӣ ва бунёдӣ кардани томгароии мазҳабӣ ба ин ҳолат овардааст. Афғонистон як озмоишгоҳ аст, ки ҳар он чӣ дар он кишвар мегузарад, агар решаёбӣ кунед, ҳатман бо мурури замон дар кишварҳои дигар ҳам такрор меёбад.

Аз ин лиҳоз, ба мақсади решакан кардани ҷаҳлу таассуб ва маҳкум кардани ин куштор дар шаҳри Кобул ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст, ки бо пахши изҳороту муроҷиатнома ин ҳодисаро аз зовияи риояи бечунучарои ҳуқуқу қонунгузорӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони қатли хонуми маъсум Фархунда овоз баланд кунанд.

Силаи раҳми башарӣ, Фархунда,

Мояи фахру самарӣ, Фархунда.

Тобидаи нури ҳакиқати Шарқ,

Сояи ҷавшану сипарӣ, Фархунда.

Салим Илҳомов, ш.Душанбе