Эҳёи шаҳри куҳан

№2 (3482) 04.01.2016

суратТибқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  28 июли соли 2009 таҳти № 430  «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз  ҳудуди  ноҳияи Ҷиргатол  ва  ноҳияҳои  минтақаи Рашт ба  мавзеи  Лахши   ноҳияи Ҷиргатол» бояд 500 оилаи муҳоҷирони  дохилӣ барои сукунати доимӣ кӯчонда шаванд. Барои онҳо  дар чор мавзеъ — Чоргул барои 365 оила, Ҷайлған барои 77 оила, Сартало барои 18 оила  ва Дувана барои  40 оила  замин ҷудо карда шудааст.

Мо ба ноҳияи Ҷиргатол сафар карда, хостем ба вазъи зисту зиндагонии муҳоҷирон ошноӣ пайдо намоем.

Чун ба доманаи кӯҳе дар мавзеи Лахш, ки бо номи қалъаи Чоргул машҳур аст, наздик омадем, аз ронанда хоҳиш кардам, ки мошинро нигоҳ  дорад. Аз мошин фаромадам ва ба доманаи кӯҳ наздиктар рафтам. Ҳамсафарам Акбар Ризвонов  саросема ба қисса намудан оғоз кард:

- Дар чандин мавзеи Лахш, дар ҳудуди  хоҷагии такягоҳии ноҳияи Ҷиргатол миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта кофтуковҳои археологӣ  гузаронида шудааст. Бостоншиносони ҷумҳурӣ муайян карданд, ки дар ин мавзеъ шаҳр ва қалъаи қадимае будааст. Пеш аз пайдоиши дини Ислом одамон зиндагонӣ доштанд. Ба ин тангаҳои сикказадашуда, олоти корӣ ва асбобу анҷомҳои дарёфтшудаи рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд.

Қариб дар рӯи ҳамаи ашёҳои ёфтшуда дар қатори дигар нақшу нигорҳо, асосан чор гул сабт гардидааст. Бинобар ин, бостоншиносон ин мавзеи  қадимаро  шаҳри Чоргул ном ниҳодаанд. Шаҳри Чоргул дар қисмати  шарқии  Дашти Лахш воқеъ гардидааст, ки аз тарафи шарқ онро теппакӯҳи хеле баланд иҳота намудааст.

Ҷустуҷӯҳои археологӣ дар чуқурии беш аз 1,5- 2 метр гузаронида шудаанд. Қабати хоку санги тозакардашуда аз он шаҳодат додаанд, ки шаҳри мазкур дар натиҷаи аз кӯҳ лағшидани хоку лойи зиёд хароб гардидааст.

Дар сағонаҳо фавтидагон бо аслиҳа ва дигар ашёҳо якҷоя гӯронида, ҳангоми дафн расму оини дини Ислом риоя нагардидааст. Аз ин рӯ, олимон  ба хулосае омадаанд, ки ин шаҳри харобгардида дар давраҳои то пайдоиши дини Ислом арзи вуҷуд дошта, сонитар хароб гардидааст.

Минбаъд идома додани кофтуков  дар  мавзеи Чоргул,  бешубҳа, бисёр саҳифаҳои то ҳол номаълуми таърихи халқи тоҷикро равшан хоҳад гардонид.

Шаҳраки навбунёди Чоргули имрӯза, ки бо иқдоми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта истодааст, дар қисмати ғарбии Дашти Лахш, соҳили дарёи шӯхоби  Муксу   ҷойгир аст.

Мо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ақлу заковаташ аҳсант мехонем. Таърихи миллатро хуб медонад ва бо навбат шаҳрҳои қадимаи тоҷиконро эҳё менамояд, — мегӯяд номбурда.

Қиссаи ӯро гӯш мекардаму навиштаҳои таърихшиноси машҳури тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубов ёдам омад.

«Мо дар водии Сурхоб аз Нуробод то Ҷиргатол зиёда аз 50 ёдгориҳои давраҳои гуногунро кашф намудаем, ки аҳамияти таърихӣ доранд. Кофтуковҳои мо дар Лахш саҳифаҳои нави таърихиро кушоданд. Дар совхозҳои Лахш се намуд гӯрхонаҳои қадимиро ёфтем. Гӯрхонаҳо ба даври сакоиҳо — кумедҳо (асрҳои IV-III пеш аз милод) тааллуқ дошта, гуфтаҳои Птоломейро дар он бора, ки аҳолии водии Сурхобро кумедҳо ташкил мекунанд, тасдиқ мекунад.

Мо дар харобаҳои Чоргул ковиш гузаронидем. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки бисёр биноҳои шаҳр аз хишти пухта сохта шуда буданд. Шаҳр то задухӯрдҳои асри  XVI яке аз марказҳои маданияту савдо ба шумор мерафт».

Шаҳраки навбунёди Чоргул дар соҳили дарёи Муксу ҷойгир буда, як ҳамвории хеле васеъ аст. Аз суҳбат бо мутахассисон маълум гардид, ки ин ҳамворӣ беш аз 100 гектар заминро дар бар мегирад ва итминони комил дорем, ки дар оянда ба як шаҳри зебо ва бузург табдил хоҳад ёфт.

Дар мавзеи Чоргул аз ноҳияи Ҷиргатол 78 оила сохтмони хонаашонро ба итмом расонида, айни замон  30 оила зиндагӣ доранд. Аз ноҳияи Рашт 22 оила сохтмони манзили зисташонро ба охир расониданд, даҳ оила зиндагонӣ доранд. Аз ноҳияи Тоҷикобод 19 оила сохтмони хонаашонро ба охир расониданд.

Соли 2014 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимии дуошёнае бино намуд, ки дар як баст 336 нафар хонандагон таълиму тарбия гирифта метавонанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ ва техникаи муосир таъмин мебошад. Дар шафати бинои он майдончаи варзишӣ сохта шудааст.

Аз ҳисоби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрак чор нуқтаи танзимкунандаи барқ (трансформатор) шинонда шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои бунгоҳи тиббиро ба анҷом расонида, мутахассисони он аллакай дар хизмати мардуми шаҳраканд.

Дар ин росто, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол барои кӯдакони шаҳрак боғчаи бачагонаро ба истифода додааст ва 20 нафар кӯдакон тарбиятгирандаи он мебошанд. Кӯдакон бо хӯроки гарм таъминанд. Мудири боғча Хайринисо Саидбекова таҷрибаи хуби корӣ дорад ва ба тарбияи кӯдакон диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар ин муассиса шаш нафар сокинони шаҳрак бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Хатти оби нӯшокӣ то даромадгоҳи шаҳрак оварда шудааст. Сохтмон идома дорад ва умед аст, ки дар вақтҳои наздик нуқтаҳои оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Зимни суҳбат сокинони шаҳрак, пеш аз ҳама, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос менамоянд. Аз он миннатдоранд, ки дар як мавзеи зебо барояшон қитъаи замин ҷудо намудааст.

- Ман дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт зиндагӣ мекардам ва ихтиёрӣ муҳоҷир шудам,- гуфт дар суҳбат Фирӯза  Авазова. – Ду писару ду духтар дорам. Худораҳматии шавҳарам Шумқор Бегиҷонов санъаткор буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фавтид. Давоми ду сол барои ду писарам хонаи истиқоматӣ сохтему калониашро хонадор кардам. Ҳоло ният дорам, ки писари дуюмамро оиладор кунам. Сохтмони хонаи сеюмро барои духтарам оғоз кардем. Хоҷагии деҳқонӣ ташкил кардам. Як гектар замин дорам. Аз ҳосили имсол гирифтаам қаноатмандам. Аз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон якумр миннатдорам.

- Албатта, мушкилот ҳаст. Ман ихтиёрӣ ба шаҳраки Чоргул муҳоҷир шудам. Ба қадри имконият аз даромадам дар таъмини боғчаи бачагон саҳм мегузорам. Муҳим он аст, ки мо дилшикаста нестем, ба ояндаи шаҳраки худ бовар дорем. Агар имрӯз шаҳраки мо он қадар дилкаш нест, бовар дорем, ки баъди ду — се сол симояшро куллан дигар мекунад. Онро мо бояд ободу зебо гардонем ва хушбахтиамон дар он аст, ки сари ҳар қадам дастгирии Сарвари давлатамонро ҳис мекунем. Мо аз Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, барои он миннатдорем, ки як шаҳри қадимаи тоҷиконро эҳё гардонид. Нияти Сарвари давлати мо нек аст, ба ҳар коре, ки дуо додааст, он кор барор гирифтааст ва он макон обод шудааст. Ман бовар дорам, ки баъди даҳ — понздаҳ сол Чоргул яке аз шаҳрҳои зебои Тоҷикистони азиз мегардад, — гуфт дар суҳбат соҳибкор Аскар Хоҷаев.

Шоҳиди ҳол ҳастем, ки айни замон ҳар як фарди солимақлу ватандӯсти кишвар барои рушду нумӯи Тоҷикистон кӯшиш менамояд. Чоргулиҳо низ барои эҳёи як шаҳри куҳан мардона заҳмат мекашанд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир М. РИЗВОНОВ