Мо — аҳли оила соли 2007 барои бунёд намудани манзили зист ва ташкил додани тиҷорати оилавӣ аҳду паймон карда, маслиҳат намудем. Мехостем тиҷорати дорувориро ба роҳ монем. Аз номи духтарамон Бойматова Заррина, ки маълумоти тиббӣ дорад, ба номи раиси шаҳри Конибодом ариза дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони дорухона навиштем. Дар асоси қарори раиси шаҳр аз 28 марти соли 2008, №102 0,05 га замин ҷудо карда шуд. Хуллас, аз соли 2008 корҳои сохтмониро оғоз кардем. Тамоми дороӣ ҳатто манзили истиқоматиамонро фурӯхта, маблағи онро барои сохтмон сарф намудем ва дар чор сол кори онро ба анҷом расонидем. Бино маҳсули заҳмати аъзои хонавода ва аз ду ошёна иборат аст. Мо дар ошёнаи дуюми он чор сол боз зиндагӣ мекунем.
Вале дере нагузашта, фаҳмидем, ки иштибоҳ кардаем, ки ба фарзандамон бовар карда, қитъаи заминро ба номаш гузаронидем. Аз куҷо медонистем, ки Заррина рӯзе падару модар, хоҳару бародар ва ҷиянҳои хурдсолашро аз хона бароварда, пеш мекунад. Ӯ моро фиреб дода, пинҳонӣ ҳуҷҷатҳои биноро ба номаш кардааст. Баъдан, ба суд муроҷиат карда, гуфтааст, ки мо бинои сохтаашро маҷбуран гирифта, макони зист кардем. Аз суд хостааст, ки мо хонаро тарк кунем, то монеи тиҷораташ нашавем. Шикояти ӯро Суди шаҳри Конибодом ошкор карда, се маротиба корро ба фоидаи аҳли оила ҳал намуд. Заррина бошад, ором нанишаста, ба Суди вилоятӣ ва Суди Олӣ шикоят кард. Азбаски ҳуҷҷатҳои бино ба номи ӯст, Суди Олӣ соли 2016 биноро пурра ба Заррина супорид ва аз мо хост, ки биноро тарк намоем. Ба Суди Олӣ ариза навиштем, вале онҳо рад карда, гуфтанд, ки ин масъала дар доираи қонун ҳал шудааст. Магар қонун шароити моро, ки дигар ҷойи зист надорем, ба назар намегирад?
Ҳоло ду ҳафта аст, ки мо, даҳ нафар аҳли оила дар кӯча зиндагӣ мекунем ва касе ба додамон намерасад. Шояд баъди муроҷиат ба рӯзномаи «Садои мардум» масъулини дахлдор сари андеша оянду ҳақро ба ҳақдор расонанд?
Моҳинисо Бойматова,
сокини шаҳри Конибодом