Фиреби ҷиян

№125 (3605) 04.10.2016

Моҳи марти соли 2014 ҷиянам Асомиддин Забиров бо фиребу найранг хонаи падарии маро дар ноҳияи Шаҳринав ба номи хоҳараш Гулъизор Забирова гузаронида, сипас ба як ҳамсояамон ба маблағи муодили 45 000 доллар фурӯхт. Ӯ бо ин маблағ тӯйи хоҳарашро гузаронида, боқимондаро сарфи эҳтиёҷот  кард. Асомиддин ба ману бародаронам гуфта буд, ки хонаро ба номи хоҳараш гузаронида, аз бонк пул қарз мегирад ва онро таъмир менамояд, то ки мо — фарзандон дар хонаи падарӣ оромона зиндагӣ кунем. Аммо ӯ бе огоҳ намудани касе хонаро фурӯхта, моро аз манзили падарӣ маҳрум сохт. Ин дар ҳолест, ки вай баъди 8 соли вафоти падарамон дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, умуман бобояшро надидааст. Мутаассифона, ҳангоми фурӯхтани хона касе аз шаш нафари мо, ворисон, як бор напурсид, ки оё ба фурӯхтани хона розием ё не? Акнун дар натиҷаи як додугирифти пинҳонии ҷиян ва саҳлангорию бетарафии мақомоти маҳаллӣ мо бехонаву дар мондем.

Ҳоло бародарам Холмуҳаммад дар болои боми яке аз хобгоҳҳои кӯчаи Деҳотии пойтахт зиндагӣ мекунад. Бародари дигарам Ашӯралиро ҳамсари Асомиддин Забиров аз хонааш берун кард. Ман дар хонаи як пиразани нобино зиндагӣ дорам, ки писари майпарасташ доимо таҳдиди аз хона рондан мекунад.

Дар бораи рафтори ғайриқонунии Асомиддин Забиров ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳринав муроҷиат кардем, аммо ба ҷойи ба арзи мо гӯш додан, онҳо бародарамро истинтоқ карданд.

Ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ кардани хона аслан шикоят мекунанд, ки аз даҳҳо сохтору мақомот имзо гирифтан лозим меояд. Пас, чаро дар ин маврид кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав аз мо напурсиданд?

Саодат Муъминова, сокини кӯчаи Ҳоҷӣ Раҳматуллои ноҳияи Шаҳринав