Хабарҳо аз кишвар

№2 (3482) 04.01.2016

Сармоягузорӣ ба хотири устувории иқлим

ДУШАНБЕ. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ба Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» барои таъмини устувории иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду миллион доллари ИМА ҷудо кардааст. Тибқи иттилои сомонаи бонки мазкур, «Ҳумо» дуюмин шарики БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои сармоягузорӣ, ки ба устувории иқлим равона гаштаанд, маҳсуб меёбад. Зикр шудааст, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хатти қарзиеро бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муодили ду миллион доллари ИМА боз мекунад ва ин маблағ барои амалӣ намудани ҳадафи зикршуда истифода мешавад. Нуктаи муҳим он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишваре хоҳад буд, ки тариқи ин механизми сармоягузорӣ кумак мегирад.

 Вохӯрии муфид

РӮДАКӢ. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайнудин Сафаров, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Суфиев ва Саидҷаъфар Усмонзода дар қисми ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳия бо сарбозону афсарон мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вакилон зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» ва моҳияти онро ба ҳозирин шарҳ доданд.

 Роҳпаймоии сокинон баҳри ҷонибдории Пешвои миллат

ЧКАЛОВ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар шаҳр бо иштироки сокинон, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон, кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳибкорон ва маорифчиён ба ҷонибдорӣ  аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» роҳпаймоӣ баргузор шуд.

Дар оғози чорабинии мазкур раиси шаҳр Рухсора Давлатзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Абдуғаффор Мӯъминов, шаҳрванди фахрии шаҳр Мороз Николай ва сарвари Муассисаи давлатии «Мактаби президентӣ» дар шаҳри Чкалов Матлуба Муинова тарафдориашонро вобаста ба аз қабулу ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» андешаҳояшонро баён доштанд.

 Шуъбаи нав ба фаъолият шурӯъ кард

ИСФАРА. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Бо мақсади пешгирии қочоқи маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳр шуъбаи нави Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кушода шуд. Бинои мазкур мутобиқи «Барномаи расонидани  кумаки молиявӣ ва моддӣ-техникӣ ба Агентӣ барои солҳои 2015 — 2017» дар чорчӯбаи Қарордод байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ХФНММН Федератсияи Россия сохта шудааст.

 Ниҳолшинонӣ идома дорад

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Имрӯзҳо маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҷумҳурӣ идома дорад. Мувофиқи иттилои мутахассисон, ниҳолҳои дар ин айём шинонида нашъунамои хуб меёбанд. Аз ин хотир, кормандони Агентии давлатии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз обу ҳавои мусоиди рӯзҳои истироҳатии моҳи декабр хуб истифода бурда, дар ду тарафи шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат ба шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан машғул гардиданд. Ин амали ҷангалпарварон, ки барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист мусоидат менамояд, қобили дастгирист.

 Ҷашни «Меҳргон» дар Хатлон

ХАТЛОН. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар шаҳри Қӯрғонтеппа иди «Меҳргон» дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Ба ин хотир, дастовардҳои деҳқонони вилоят ба намоиш гузошта шуд. Раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар назди ҳозирин ба сухан баромада, аз натиҷаҳои бадастоварда дар соҳаи кишоварзии вилоят изҳори андеша ва ҳозиринро ба иди «Меҳргон» табрик намуд. Сипас, ғолибони кишоварзон эълон гардида, як қатор журналистон, ки дар озмун миёни тарғиби дастовардҳои кишоварзони вилоят саҳм гирифта буданд, қадрдонӣ шуданд. Дар ин росто, ҷойи аввал ба кишоварзони ноҳияи Бохтар, ҷойи дуюм ба кишоварзони ноҳияи Шӯрообод ва ҷойи сеюм ба кишоварзони ноҳияи Вахш муносиб дониста шуд.

 Дастгирии кишоварзону чорводорон

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Вобаста ба амалӣ намудани Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба кишоварзону чорводорони ноҳияҳои кӯҳистони Шӯрообод, Муъминобод, Ховалинг ва Балҷувон техника ва як миқдор мошинолоти кишоварзию чорводорӣ, амсоли тракторҳои тамғаи МТЗ, дастгоҳҳои худгарди алафдаравию сихмолаҳо, плугу тележкаҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ кумак  расонда шуд. Зимни супоридани онҳо муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуда, оид ба самаранок истифода намудани онҳо андешаронӣ намуд.

-То имрӯз ба ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб аз ҳисоби Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба миқдори зиёд техника ва мошинолоти кишоварзию чорводорӣ дастрас намудем ва ин гуна кумакҳо дар соли оянда низ  идома меёбанд,- арз намуд роҳбари Лоиҳа Сафо Ҷабборов.

 Семинари ширкатҳои сайёҳӣ дар «Хоҷа Обигарм»

ВАРЗОБ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия  дар Осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм» дар мавзӯи «Беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҷалби сайёҳон ба минтақа» семинар баргузор гардид, ки дар он коршиносон, роҳбарони ширкатҳо ва субъектҳои хоҷагидории соҳаи сайёҳӣ иштирок доштанд. Дар семинар масъалаи имкониятҳои сайёҳии минтақа, истифодаи самараноки онҳо ва муаррифии захираҳои сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки барои ҷалб ва ҳавасманд намудани сайёҳон ба минтақаи Варзоб бояд, пеш аз ҳама, хизматрасониро дар сатҳи баланд ба роҳ монд. Иштирокдорон ҳамчунин ба мавзеи лижаронии «Сафедорак» рафта, бо шароити имрӯзаи он шинос шуданд.

 Маркази «Гули бодом»

СПИТАМЕН. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар деҳоти «Тағояк» маркази ҳунаромӯзии «Гули бодом» мавриди истифода қарор гирифт, ки асосан барои бофтани атласу адрас пешбинӣ шудааст. Дар ин марказ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ориф Мирзоев таъсис ёфтааст, 16 нафар занони хонашин ба омӯзиш ва кор ҷалб гардидаанд.

 Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91