Хабарҳо аз кишвар

№30 - 32 (3510 - 3512) 05.03.2016

Иқдом баҳри дастрасӣ ба мубодилаи пул

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, барои иваз кардани асъори хориҷӣ дар бозорҳои калони шаҳри Душанбе марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба фаъолият шурўъ намуданд. Бонки миллии Тоҷикистон дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Султони Кабир», «Фаровон», Фурўшгоҳи марказӣ, Маркази савдои «Садбарг» барои анҷом додани мубодилаи пул даҳ маркази нави хизматрасонӣ ифтитоҳ кардааст. Айни замон дар 121 ташкилоти қарзӣ, 434 филиали онҳо, 1265 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 1464 нуқтаи интиқоли маблағ шароит барои мубодилаи асъор фароҳам оварда шудааст. Бояд гуфт, ки дар давоми якуним моҳи соли равон шумораи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ 28 адад зиёд гардидааст.

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Вохўрии донишҷўён бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ

Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба «Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рўҳияи ватандўстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ» мулоқоти донишҷўён бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин баргузор гардид.

Дар он  Баҳодур Ваҳобзода — муовини якуми сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Мирзоибодулло Калонзода — имомхатиби масҷиди «Нури ислом»- и шаҳри Хуҷанд ва дигарон нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, таъкид намуданд, ки танҳо дониш ва маърифат, ҳисси баланди ватандўстиву ватандорӣ метавонад бар зидди ҳама гуна  мушкилот, аз ҷумла терроризму экстремизми динию ҷаҳолат истодагарӣ ва муқовимат кунад.

 Абдувосит САЛИМЗОДА,  «Садои мардум»

 Боғҳои анор барқарор мегарданд

Ду даҳсола қабл сокинони минтақаи кўлоби вилояти Хатлон  аз маҳсули боғҳои анори деҳаҳои Хирманҷову Анҷироби ноҳияи Шўрообод фаровон истифода мебурданд. Бо дастгирии раиси ноҳия Почохон Зарифзода дар деҳаҳои мазкур боғҳои анори куҳна  барқарор ва боғҳои нав бунёд шуда истодаанд.

- Ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва замин» уҳдадор шудааст, ки барои барқарор намудани боғи анори назди деҳаи Анҷироби деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов кумаки молӣ расонад, — гуфт Почохон Зарифзода.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»

 

 

 

Мусобиқаи тирпарронӣ

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандўстии наврасону ҷавонон ташкил намудани мусобиқаҳои варзишии хусусияти ҳарбӣ- мудофиавидошта дар ноҳияи Фархор ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Чанд рўз қабл бо иқдоми КНТҶММ-и ноҳия (раисаш Файзулло Акрамов) мусобиқаи тирпарронӣ миёни 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сурат гирифт. Миёни писарон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №53, 38 ва 19 Мўсо Давлатов, Бобоҷон Сабзаев, Сайдамир Каримов, миёни духтарон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 Замира Аюбова, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Мавзуна Қаландарова, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64 Ниссо Камолова сазовори ҷойҳои аввал ва мукофот гардиданд. Дастаҳои мерганҳои ҷавони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 53, 10 ва 1 ҷойҳои ифтихорӣ ва диплому туҳфаҳои хотиравиро соҳиб шуданд.

 

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»