Хабарҳо аз кишвар

№32 (3178) 01.04.2014

Таҷлили «Наврӯзи фарҳанг»

ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Рӯзи 30-юми марти соли равон дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи идонаи «Наврӯзи фарҳанг» бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков ҷамъомадагонро бо ҷашни Наврӯз самимона шодбош гуфт. Бо таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар ин базмгоҳ тӯйи хатнасури 153 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат ва бепарастор гузаронида шуд. Дар барномаи консертии ин чорабинӣ ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ансамлбҳои «Сомон», «Ҷаҳоноро», «Зебо», «Гулшан» ва «Лола» ширкат доштанд. Ба ин ҷашнвора собиқ вазирони фарҳанги ҷумҳурӣ С. Мирзошоев, Н.Табаров, Х.Шарифов, А.Ҳамдам, Р.Амиров, М.Асрорӣ, чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг Ҳ. Абдураззоқов, Т. Аҳмадхонов, Ф. Азизӣ, Н. Раҳматова ва дигарон даъват шуда буданд.

Танзим боиси осудагии оила

СУҒД. (Ҳ. НАЗРУЛЛО «Садои мардум»)Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар шаҳру навоҳии вилоят мулоқотҳо доир намуда истодаанд. Чунин як вохӯрӣ дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар он намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имомхатибон ва хатибони масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта, сарварон ва аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ, маорифчиён, масъулини ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳо аз шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Ғончӣ ва Шаҳристон иштирок доштанд.

Бунёди силсилакорхонаҳои истеҳсолию маишӣ    

ТЕМУРМАЛИК. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар ҳудуди ноҳия бо маблағгузориҳои давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёди як қатор корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва биноҳои замонавӣ барои  ташкилотҳои маъмурӣ  идома дорад. Корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ бо иқтидори 32 тонна орд дар як шабонарӯз, истеҳсоли обҳои нӯшокӣ, 2 корхонаи сангмайдакунӣ, хиштбарорӣ, маркази фароғату солимгардонӣ барои 100 нафар мизоҷ дар як давр, бинои нави мактаб, шуъбаҳои амнияти миллӣ, нозироти андоз, чойхонаи миллӣ ва маркази хизматрасонӣ дар деҳоти «Кангурт» аз ҷумлаи иншоотест, ки сохтмонашон  соли равон анҷом меёбанд.

Ду иншоот дар як муддати кӯтоҳ

ИСФАРА. (Ҳ. НАЗРУЛЛО «Садои мардум») Дар шафати роҳи Исфара-Шӯроб тӯйхонае ба кор сар кард, ки бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ  Муртазо Эшонов сохта шуда, дар асоси лоиҳаи меъмории тарабхонаҳои давлати Туркия эъмор гардидааст. Ин нуқтаи хизматрасонӣ дар ҳар фасли сол барои муштариён дилхоҳ буда, бо таҷҳизотҳои муосири муқтадири гармидиҳиву сардсозӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар рӯзи нахустини ифтитоҳи иншооти мазкур, ки «Васл» унвон  гирифтааст, сад нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати шаҳраки Шӯроб ва фарзандони оилаҳои камбизоат хатнасур  шуданд.

Маҷмааи дигар, ки дар маркази шаҳр бо номи  «Меҳрубон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз ҷониби соҳибкор Муборакшоҳ  Мамадҷонов сохта шуда, аз маркази  савдо, нонвойхона  ва тарабхона иборат мебошад. Тарабхонаи мазкур аз ду толори  аврупоию миллӣ иборат буда, дар як вақт  ба 200 нафар муштариён хизмат расонида метавонад. Ба шарофати ин иншоот 25 нафар бекорон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Зимни маросими ботантанаи баистифодадиҳӣ соҳибкор дар он хатнасури 16 нафар кӯдаконро  аз оилаҳои камбизоат баргузор кард.

Бинои нави мактаб бо технологияи  муосир

ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар доираи ҳамкориҳои молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 41-и  деҳаи Чоргули деҳоти «Зафар» бо масрафи 2977677 сомонӣ бинои дуошёнаи замонавии иборат аз 8 синфхона бунёд гардид. Сохтмони бинои мазкур дар ҷараёни татбиқи марҳилаи дуюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ» сурат ва анҷом гирифтааст. Бино бо истифода аз неруи офтоб дорои шабакаи мустақили энергетикӣ  ва гармидиҳӣ буда, дар синфхонаҳо таҷҳизоти муосири таълимӣ насб карда шудааст. Дар маросими ифтитоҳии бинои нави мактаб вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов, муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова, раиси ноҳия Раъно Мирзоева иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Тадбирҳо барои рушди хоҷагиҳои кишоварзӣ

ЗАФАРОБОД. (Ҳ. НАЗРУЛЛО «Садои мардум») Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки кормандони Идораи хоҷагии об ва сарварони Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО)-и ноҳия семинари дастурдиҳӣ оид ба ташкилу дуруст ба роҳ мондани кори АИО доир гардид.

Дар семинар сардори шуъбаи дастгирии АИО-и Раёсати мелиоратсия  ва захираҳои оби вилояти Суғд Б. Абдураҳмонов оид ба сохтори умумӣ ва тарзи корбарии ассотсиатсияҳо муфассал гузориш дод ва ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои қаноатбахш гардонид. Чунин чорабиниҳо аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилоят мусоидат мекунад.

Маъракаи наслгирӣ дар арафаи анҷомёбист  

 КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Чорводорони навоҳии минтақа дар арафаи иҷрои нақшаи наслгирӣ қарор доранд. Онҳо то имрӯз 74577 сар барраю бузғола гирифтаанд, ки ин нишондод дар нисбати ҳамин давраи соли гузаштаи маъракаи наслгирӣ 2546 сар зиёд аст. Дар ин маъракаи муҳим чорводорони ноҳияҳои Данғара, Муъминобод, Фархор, Восеъ ва Темурмалик пешсафанд.

Аёдати сарбозон

ҒОНЧӢ. (Ҳ. Назрулло «Садои мардум») Намояндагони бахши ноҳиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз қисмҳои ҳарбӣ дидан карданд. Муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Р. Ҷалилов бо шароити зисту хидмати сарбозон ошно гардида, изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар поёни мулоқот ба сарбозон туҳфаҳо тақдим карда шуд. Дар ин рӯз ҳамчунин аз хонадони ду нафар сарбозе, ки зимни барқарор кардани сохти конститутсионӣ ба шаҳодат расидаанд, дидан намуданд.

Зани саховатманд

ЧКАЛОВ. (Ҳ. НАЗРУЛЛО «Садои мардум») Зани соҳибкор  Матлуба  Порсоева бахшида ба Рӯзи Модар ва  Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шахсони эҳтиёҷманд  кумак расонд. Аз ҷумла бо иқдоми ин зани саховатманд беш аз 200 нафар сокинони хона-интернати маъюбон ва кӯҳансолони шаҳраки Деҳмойи  ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби кумакҳои моддӣ шуданд.

Масъули гӯша Бурҳониддин КАРИМЗОДА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.