Хабарҳо аз кишвар

№67-68 (3213-3214) 24.06.2014

Табибон Кодекси ахлоқ қабул карданд

ДУШАНБЕ . (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Дар шаҳри Душанбе Анҷумани нахустини умумимиллии табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир  гардид, ки дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло, намояндагони соҳаи тиб аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат карданд. Дар анҷуман аз дастовардҳои соҳаи тибби тоҷик давоми 23 соли соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, рушди соҳаро натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд. Дар охир лоиҳаи Кодекси ахлоқи табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи иштирокчиён пешниҳод гардид, ки  вакилони анҷуман онро ҳуҷҷати саривақтӣ ва мувофиқи мақсад шуморида, қабули онро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

 Ҳамкорӣ бо олимони хитойӣ

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Олимони Институти илмию тадқиқотии зироаткории вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо олимони Ҷумҳурии Халқии Хитой дар қитъаҳои таҷрибавии коргоҳи хеш усули обёрии қатрагии зироатҳои пахта ва шолиро ба роҳ мондаанд. Бо ин мақсад онҳо соли ҷорӣ тариқи таҷриба дар 10 гектар пахта ва 5 гектар шолӣ кишт намуда, онҳоро бо тарзи зикршуда обёрӣ менамоянд.

-Истифодаи ин усул имкон медиҳад, ки истифодаи об нисбат ба тарзи муқаррарӣ се баробар сарфа гардад. Обёрии қатрагии шолӣ боиси пешгирии паҳн гаштани ҳашароти зараррасони хомӯшак, ки сарчашмаи асосии бемории вараҷа аст, мегардад. Ҳамчунин ҳосилнокии зироатҳо беҳтар мешавад,-  гуфт директори институти мазкур Нуралӣ Ҳусейнов.

 Суръати ҷамъоварии ғалла меафзояд

МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Кишоварзони  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аввалин шуда, дар минтақа ба ҷамъоварии ғалла оғоз карданд. Дар як муддати кӯтоҳ аз 5632 гектар майдони ғалла 2506 гектари он хушсифат дарав карда шуд, ки ин баробари 44,5 фоизи иҷрои нақша мебошад.

 Коргоҳҳо барои занон

АЙНӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар ноҳия ба масъалаи  рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Бино ба гуфтаи муовини раиси ноҳия Бисаида Муҳиддинова дар маркази ноҳия сехи қуроқдӯзӣ ташкил карда шудааст, ки  айни замон дар он панҷ нафар занону духтарон ҳунар меомӯзанд. Дар деҳаи Зосун бо роҳбарии як қолинбофи маҳаллӣ, ки дар Маркази таълимию  истеҳсолии «Шероз»  касб омӯхтааст, сехи қолинбофӣ ташкил карда шуд. Ҳоло дар ин ҷо ба занону духтарони маҳаллӣ ин навъи ҳунарро омӯхта истодаанд.

- Оянда чунин коргоҳҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ ба роҳ монда мешаванд, — мегӯяд Бисаида Муҳиддинова.

 Роҳ барқарор гардид

ҲИСОР. (Мухаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Роҳи  мошингарди деҳаи Суғдиёни деҳоти «Алмосӣ»- и ноҳия, ки дар натиҷаи боронгариҳои вақтҳои охир ва омадани сел корношоям гардида буд, бо тариқи ҳашар аз нав таъмир карда  шуд. Айни ҳол дар ин ҷо ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин аст. Мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия  зимни ҳашар дар деҳаҳои Неъматбой, Алмосӣ, Гули сурх, Шоҳамбарӣ ва Чағатайи деҳоти номбурда ҳамроҳ бо беш аз 500 нафар сокинон ба тоза кардани гирду атроф машғул шуданд.

 Барномаи фарҳангӣ  бахшида ба Рӯзи Ваҳдат

ТОҶИКОБОД. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА «Садои мардум») -Аҳли ҳунари ноҳия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи махсуси консертӣ омода кардаанд,- иттилоъ дод ба хабарнигорамон мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Мустафо Шукуров. Ин барнома аз шеъру таронаҳо дар васфи Ватан, табиати зебои Тоҷикистон, дӯстии миёни одамон иборат аст. Чанд рӯз пеш бо ширкати хонандагони фаъол дар китобхонаи марказии ноҳия таҳти унвони «Баракати Ваҳдат» конференсия баргузор шуд.

 «Нақши Ваҳдати миллӣ дар сулҳи Тоҷикистон»

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Ба ифтихори 17-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ конференсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар конференсия раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва раиси Шӯрои кӯҳансолони Тоҷикистон Ғайбулло Авзал ширкат намуда, дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар сулҳи Тоҷикистон» ва «Аҳамияти истиқлолияти миллӣ дар ташаккули давлати навини тоҷикон» маърӯза карданд. Ҳамзамон дар конференсия таъкид гардид, ки сулҳу осоиштагӣ дар мамлакати мо ба осонӣ ба даст наомадааст ва ҷавононро мебояд барои пойдории он содиқона ба Ватан хизмат намоянд.

 Вохӯрии адибон бо ҷавонон

ФАЙЗОБОД. (Манижаи ФАЙЗУЛЛО ) Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия вохӯрии кормандони Муассисаи нашриявии «Адиб» -  Зиё Абдулло,Сафар Амирхон, Наср Бобои Сарфароз,Содиқи Завқӣ бо ҷавонони ноҳия баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ адибон аз ашъори тозаэҷоди худ аз боби ваҳдату якдилӣ, дӯст доштани Ватан, модар, ишқу зебоӣ шеърҳо қироат намуда, ҷавононро ба  омӯхтани илм, китобдӯстӣ даъват карданд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ф. Наҷмиддинов оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ва расидан ба қадри ин неъмати бебаҳо ҳарф зада, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро ба таҳкими Ваҳдати миллӣ ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз сафарбар намоянд. Инчунин бо ташаббуси Муассисаи нашриявии «Адиб» ярмарка ва фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардид.

 Истироҳати кӯдакон оғоз шуд

ҚАЙРОҚҚУМ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар оғози даҳрӯзаи дуюми моҳи июни соли равон қабули кӯдакон ба басти аввали истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шоҳин» оғоз гардид. Ин гурӯҳ қариб 50 нафарро ташкил мекунад. Дар назар аст, ки боз 200 нафар кӯдакон аз шаҳру навоҳии вилоят ба ин гурӯҳ шомил мешаванд, ки 100 нафари онҳо кӯдакони имконияташон маҳдуд буда, аз ҷониби ташкилоти ғайриҳукуматии «Када» маблағгузорӣ мешавад.

Бино ба иттилои маркази иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар мавсими имсола дар вилояти Суғд 20 истироҳатгоҳи берунзашаҳрӣ, ду осоишгоҳи истироҳатӣ-меҳнатӣ, 366 осоишгоҳи солимгардонӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ ва 46 осоишгоҳи варзишӣ-беҳдоштӣ фаъолият хоҳанд кард, ки  дар онҳо зиёда аз 100 ҳазор нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.