Хабарҳо аз кишвар

№97 (3243) 18.08.2014

Ин Ватанро мо — ҷавонон сабзу хуррам мекунем

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июл то 5 ноябри соли 2014 дар саросари мамлакат амалиёти умумиҷумҳуриявии ҷавонон оид ба 100 рӯзи ободониро таҳти унвони «Ин Ватанро мо- ҷавонон сабзу хуррам мекунем» ба роҳ мондааст.

Дар робита ба ин амалиёт дар шаҳри Душанбе кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва беш аз 500 нафар ҷавонону наврасони аҳолии пойтахт рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашар баромада, дар тозаву озода намудани кӯчаю хиёбонҳо саҳм гузошта истодаанд.

Ҳадафи амалиёти умумиҷумҳуриявии ҷавонон оид ба 100 рӯзи ободонӣ ин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошад.

 Иқдоми неки як соҳибкор

ҲИСОР. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Дар  ноҳияи Ҳисор  Корхонаи нави асфалтбарории «Роҳи тоҷик» бо сарпарастии  соҳибкори маҳаллӣ  Қурбоналӣ Неъматов бунёд гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Роҳбарияти корхонаи мазкур инчунин ба истиқболи ҷашни 3000- солагии Ҳисор бунёди як коргоҳи дӯзандагӣ, як кӯдакистон, якчанд биноҳои истиқоматӣ ва мумфарш намудани 16 километр роҳҳои ҳудуди  ноҳияро ба нақша гирифтааст.

 Мутахассисон бо ҷойи кор таъмин мешаванд

 ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») 162 нафар хатмкунандагони риштаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар минтақаҳои дигари мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Раёсати Хадамоти меҳнат ва  муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои маориф, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, шуғли аҳолӣ ва мақомоти дигар барои бо кор ва манзили зист таъмин намудани мутахассисони ҷавон тадбирҳо андешида истодаанд. Дар натиҷаи ҳамкории судманди Хадамоти меҳнат ва муҳоҷират бо раёсатҳои маорифу нигоҳдории тандурустӣ акнун 80  нафар хатмкунандаи Коллеҷи тиббии Хоруғ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.

 Соли 2014- соли роҳҳои обод

ЧКАЛОВ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳр баҳри иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст. То ин дам беш аз  11 километр роҳҳои таъмирталаб аз таъмири ҷорӣ ва 0,6 километр роҳҳо аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Аз ҷамъи умумии роҳҳои мавҷудаи шаҳр, ки 102 километрро ташкил медиҳанд, тибқи нақшаи тасдиқгардида 30,8 километри он таъмирталаб мебошад. Соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳр 19,7 километр роҳҳо барои таъмири асосӣ ва ҷорӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки маблағгузории он аз ҳисоби манбаъҳои гуногун, аз ҷумла буҷети маҳаллӣ 408 ҳазор сомонӣ, ташкилоту корхонаҳо 1836 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 1695 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар асоси амри раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода аз моҳи марти соли равон дар шаҳр фонди ғайрибуҷетии «Роҳҳои обод» таъсис дода шуд.

 Панҷумин иншооти обтаъминкунӣ дар Файзобод

ФАЙЗОБОД. (Муҳаммад ЗОКИР «Садои мардум») Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Қанғели деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев як иншооти нави обрасонӣ ба истифода дода шуд. Миқдори нуқтаҳои обтаъминкунии иншооти мазкур аз рӯйи лоиҳа 57 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 1800 нафар сокини деҳа истифода мебаранд.

Хати оби нӯшокӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат бобати рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот амалӣ карда шуд.

Дар ноҳияи Файзобод ин панҷумин иншоот аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ба истифода дода мешавад.

 Вусъати  тоза  дар  корҳои  сохтмонӣ

ДАНҒАРА. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар  иншооти филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар шаҳраки Данғара, хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони донишгоҳи мазкур ва омӯзгорони Мактаби президентӣ, бинои маъмурии Театри драмавӣ, бинои маъмурии шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, кохи фарҳанг, қасри варзишӣ, бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодӣ, бинои мактабҳои деҳаи Калкоту Нурбахши деҳоти «Лолазор» ва  деҳаи Навободи деҳоти «Себистон» вусъати тоза пайдо кардааст. Дар баробари ин, корҳои сохтмонӣ дар қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Данғара ва навбати дуюми иншооти обрасонии ин водии  ташналаб идома дорад.

 Тадбирҳои манфиатбахш  баҳри амалӣ намудани қонун

 БАЛҶУВОН.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати қатъии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар ин самт шаш комиссияи доимӣ ва 22 комиссияи ҷамъиятӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Бо мақсади татбиқи амалии қонуни мазкур аз ҷониби аъзоёни комиссияи доимию ҷамъиятӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулони ҷамоатҳои деҳот ва намояндагони аҳли зиё мунтазам гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил ёфта, миёни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор менамоянд. Натиҷаи ҳамин гуна тадбирҳост, ки аз оғози сол то имрӯз ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.

 Дашти «Дидор» шодоб мегардад

ДАРВОЗ.(Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)    Чанде пеш хати обгузари дашти «Дидор»-и деҳаи Ёгед, ки 1770 метр тӯл мекашад, ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонии хати обгузари мазкурро ҶДММ «МГ-компания» (директори генералиаш Ҷаваршо Қандаков) дар муддати ду моҳ бо сарфи маблағи умумии 355915 сомонӣ ба анҷом расонидааст. Маблағро бошад, барои сохтмони он Ташкилоти байналмилалии «JIca»-и давлати Япония ҷудо намудааст, ки ба воситаи Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи  кӯҳистони Хазинаи Оғохон дар ноҳияи Дарвоз амалӣ гардид. Дар сохтмони хати обгузар сокинони деҳаи Ёгед низ саҳм гузоштаанд. Маблағи ҷамънамудаи онҳо 39 ҳазор сомониро ташкил додааст. Акнун  тавассути ин хати обгузар майдони нуҳ гектар заминҳои ин мавзеъ обёрӣ мешаванд.

 Бунёди матбааи нав

ҚУБОДИЁН. (Давлат СУЛТОН, «Садои мардум») Ба муносибати ҷашни фархундаи 23- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гӯшаи Хатлонзамин корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда истодаанд. Яке аз чунин иншооти  ҷашнӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  матбааи нав мебошад. Бунёди чунин иншоот имкон медиҳад, ки минбаъд нашри рӯзномаи ноҳиявии «Тахти Қубод», ки бо теъдоди беш аз панҷ ҳазор нусха интишор меёбад, дар ин ҷо ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин дар матбааи нав барои ташкилоту муассисаҳои ноҳия  бланкаҳо, дастурамалҳо, ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ ва ғайра чоп карда мешавад. Масъулини рӯзномаҳои ноҳияҳои ҳаммарз-   Шаҳритузу Носири Хусрав  низ имконият доранд, ки  минбаъд ба маркази вилояту шаҳри Душанбе овора нашуда, аз хизматрасонии ин матбааи навбунёд  истифода баранд.

Масъули гӯша М. ХУДОЙНАЗАРОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.