Хабарҳо аз кишвар

№111 (3257) 25.09.2014

Савганд ёд карданд

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Чанде пеш дар  Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маросими савгандёдкунӣ  доир гардид. Беш аз 200 нафар курсантҳо дар фазои  тантанавӣ ва ҳузури волидону устодон  барои ба халқу Ватан  содиқона хизмат  кардан  савганд ёд карданд. Аз ин  шумора даҳ нафарашонро  духтарон ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ин даргоҳро ҳудуди 600 нафар аз шуъбаҳои  рӯзона ва ғоибона  хатм менамоянд ва  450 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ҷо аз курси  такмили ихтисос мегузаранд.

 Кишти тирамоҳӣ

ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Аъзои Кооперативи истеҳсолии «Шарифҷон»-и  деҳаи Кадучии  деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов  ба кишти тирамоҳӣ  шурӯъ намуданд.

- Айни ҳол дар майдони 30 гектар замин кишти пиёзи навъи «Алдова» идома дорад ва дар сурати хуб ба роҳ мондани корҳои  агротехникӣ,- мегӯяд сарвари хоҷагӣ Лашкарӣ Мирзоев,- имкон фароҳам меояд, ки аз ҳар гектар замини кишт аз 400 то 600 сентнерӣ ҳосил бардорем.

Барои  кишти пиёзи хушсифат ва нигоҳубини он се  нафар мутахассисон  аз дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон  даъват шудаанд. Ба қавли сарвари хоҷагӣ, баъди ҷамъоварии ҳосили пахта  мақсад доранд, ки дар майдони даҳ гектар кишти картошка гузаронанд.

 Об бошад, ободӣ  мешавад

АШТ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Барои ба натиҷаҳои дилхоҳ соҳиб шудани кишоварзони ноҳия фаъолияти босамар ва мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ нақши муҳим дорад. Зеро наздик ба 90 фоизи заминҳои ин минтақа тавассути бист адад пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ  карда мешавад. Хусусан ҳосили дилхоҳи пахта маҳз аз кори босифати ин пойгоҳҳо вобастагӣ дорад.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, баъди рӯйи кор омадани Хоҷагии давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия шароити обрасонӣ хеле беҳтар шуд. Алҳол тавассути хизматрасонии муассисаи мазкур 17000 гектар замин, аз ҷумла 8000 гектар майдони кишти пахта обёрӣ мешавад.

 Осорхонаи нав

ПАНҶ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»)   Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25 бо ташаббуси бевоситаи омӯзгорон ва кумаки волидону  аҳолии  деҳоти «Сармантой»  осорхонаи таърихии кишваршиносӣ кушода шуд. Осорхонаи мазкур  номи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шодравон Зайниддини Ҷомиро гирифт.  Дар осорхона тақрибан 560 адад  нигораҳое, ки ба  таърихи чандинасраи кишвар тааллуқ доранд, аз қабили асбобҳои бофандагӣ, ресандагӣ, сӯзанидӯзиҳо, либосҳои қадимаи халқи тоҷик, китобҳои таърихӣ, ки барои омӯзиши таърихи кишвар мусоидат мекунанд, ҷамъоварӣ шудааст.  Дар осорхона  барои нигаҳдории  осори Зайниддини Ҷомӣ гӯшаи махсус таъсис дода шудааст.

 «Донояк» ба кор оғоз кард

КОНИБОДОМ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар деҳоти ба номи Эргаш Шарипови шаҳр кӯдакистони № 15 бо номи «Донояк» пас аз танаффуси  тӯлонӣ  аз ҷониби сокинони деҳаи Маҳрам тариқи ҳашар азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шуд. Кӯдакистон барои 120 нафар бунёд гардидааст, ки ҳоло дар чор гурӯҳ тифлакон он ҷо бо таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Бунёди кӯдакистони нав имкон додааст, ки 17 нафар занону духтарон соҳиби ҷойи кори доимӣ гарданд.

Бо иқдоми сокинони маҳаллаҳо ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр боз як кӯдакистони нав дар деҳаи Санҷидзори деҳоти  ба номи Лоҳутӣ дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор дорад.

 Оғӯши гарми «Дӯстӣ»

ҚУМСАНГИР. (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум»)  Дар Осоишгоҳи «Дӯстӣ»- и ноҳия мавсими табобату истироҳати  тирамоҳӣ оғоз гардид.  Тобистони соли ҷорӣ дар осоишгоҳи мазкур 900 нафар  табобат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд.

Сарвари осоишгоҳ Эмом Хомӯшев кӯшиш намуда истодааст,  ки  истироҳаткунандагон бо табъи хушу  рӯҳи болида ва тани солим аз ин даргоҳ назди пайвандону наздиконашон баргарданд. Бо ин мақсад табибони соҳибтаҷриба аз рӯйи 12 намуди табобат ба мизоҷон хизмат мерасонанд.

 Ғолиби мусобиқа шуданд

ҒОНЧӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО,«Садои мардум» )  Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи якум байни ҷамъиятҳои матлуботи кишвар матлуботчиёни ноҳияи Ғончӣ  ҷойи аввалро соҳиб шуда, ба гирифтани Байрақи сурхи сайёри Иттифоқи «Тоҷикматлубот» мушарраф гардиданд. Дар ҷамъомаде, ки ба ин муносибат баргузор  гардид, раиси Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд Яъқубҷон Игамбердиев,  сармуҳаррири нашрияҳои соҳавии Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  – ҳафтаномаи «Набзи Тоҷикматлубот»  ва маҷаллаи «Файзи Истиқлол»  Ҳабибулло Ёров ва кормандони ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Қобили зикр аст, ки матлуботчиёни ноҳияи Ғончӣ соли гузашта ҳам аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2013 ҷойи аввалро ишғол карда, соҳиби Байрақи сурхи сайёри Иттифоқи «Тоҷикматлубот гардида  буданд.

 Маҳфили шеъри Фарзона

ИСФАРА. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бахшида ба 80-солагии Иттифоқи нависандагон  ва 50- солагии Шоираи халқии Тоҷикистон  Фарзона дар шаҳри Исфара  маҳфили навбатии «Ганҷи сухан» баргузор гардид, ки  пурра ба ҳаёт ва эҷодиёти ин шоираи ширинкалом бахшида шуда буд.

Дар оғози маҳфил  муовини якуми  раиси шаҳр Содирхон Қосимов аз нақши муассири адабиёти бадеӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва мавқеи устувори шоираи нотакрору боистеъдод Фарзона дар назми тоҷик ҳарф зад. Баъдан, раиси Бахши суғдии Иттифоқи нависандагон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва дигар меҳмонон дар бораи шеъри Фарзона андешаҳои  худро баён доштанд.

Намунаи ибрат

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Ҳамасола гурӯҳи омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб маъракаи обунаро ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ муташаккилона оғоз намуда, онро дар як муддати кӯтоҳ дар рӯҳияи баланди сиёсию ташкилӣ ба анҷом мерасонанд. Онҳо дар оғози маърака ба 15  номгӯйи рӯзномаву маҷаллаҳои расмию соҳавӣ барои  соли 2015 обуна шуданд. Аз 106 нусхаи обунашудаи онҳо  25 нусхаашро рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» ташкил мекунад.

-Дар асри иттилоот зиндагӣ карда, аз ин воситаи муҳими ҳаёт дуру дар канор будани мо — табибон ҷоиз нест ва аҳамияту зарурати ин воситаро дар ҳаёти ҳамарӯзаи худу ҷомеа  хуб дарк мекунем. Талош меварзем, ки вақти фориғи худро сарфи мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо намоем,- мегӯяд  муовини директори коллеҷ Қумринисо Маҳмудова.

Масъули гӯша Дилором  ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.