Хабарҳо аз кишвар

№38 (3339) 16.03.2015

Таҷлили Наврӯзи хуҷастапай дар донишгоҳ

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)   Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон бо шаҳомати хос ва зери навою таронаҳои дилангези баҳорӣ баргузор шуд, ки  дар он   донишҷӯён хони идонаи наврӯзӣ оростанд. Чун анъанаҳои хоси Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда шуд, аз ҷумла ҷавонон аз рӯи гӯштии миллӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Роҳбарияти донишгоҳ хони наврӯзии беҳтарин ва ғолибони мусобиқаҳои варзиширо муайян карда, бо туҳфаҳои арзанда сарфароз гардониданд.  Чорабинии мазкурро рақсу таронаҳои дилнишини гулдухтарони донишгоҳ таровати тоза бахшид.

 Мақсад -пешгирии ҷинояткорӣ

ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум»)  Кормандони мақомоти қудратии ноҳия дар мавзеи Лахш бо сокинони ин минтақа вохӯрӣ гузарониданд.  Онҳо атрофи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии раванди гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбат намуданд.

-Мақсад аз ташкили вохӯриҳо бо сокинони ноҳия ба онҳо фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми Сарвари давлат  ва моҳияти он дар зиндагии ҳар фарди кишвар, пешгирии ҳама гуна рафтору кирдори номатлуб аст. Вазифаи мо ба маҳбас фиристодани мардум нест, балки пешгирӣ намудани ҷиноят мебошад. Аз ин рӯ, Паёми Сарвари давлат барои тамоми мардум чароғи ҳидоят аст ва агар мо дар асоси дастуру супоришҳои он кору зиндагӣ кунем, дар таъмини зиндагии шоиста ва рушду нумуи кишварамон саҳми босазо гузошта метавонем,- гуфт прокурори  ноҳия Махсумҷон Давлатов.

 Техникаҳои кишоварзӣ омодаанд

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)   Гурӯҳи кории Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии сардори Раёсати кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб Абдумуъмин Ҳасанов омодагии техникаҳои кишоварзии ноҳияҳои минтақаро ба маъракаи кишти баҳорӣ мавриди санҷиш қарор доданд. Масъулони ноҳияҳои минтақа вобаста ба нақшаи Сарраёсати кишоварзии вилоят як қисмати техникаҳои кишоварзии худро, аз қабили тракторҳо, тухмипошакҳо, култиваторҳо, сихмолаҳо, нурипошакҳо дар хатти тайёр гузошта, барои сари вақт ва хушсифат гузаронидани маъракаи кишти баҳорӣ омода буданашонро нишон доданд.

-Дар натиҷаи санҷиш муайян шуд, ки ҳолати омодагии техникаҳои кишоварзӣ дар ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нисбатан беҳтар аст. Мо дар хатти тайёри  ноҳияҳои мазкур техникаҳои зиёди замонавиро мушоҳида намудем, ки боиси хурсандист,-арз намуд роҳбари гурӯҳи корӣ А.Ҳасанов.

 Маъракаи ниҳолшинонӣ  дар шаҳраки Ғарм

РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Дар кӯчаҳои марказии шаҳраки Ғарм ва шоҳроҳи Душанбе-Рашт маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои сохтории ноҳия ва фаъолони шаҳрак ширкат варзиданд. Онҳо дар ду тарафи роҳ дар масофаи ҳафт километр ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинониданд ва ташкилоту муассисаҳои алоҳидаро барои нигоҳубини онҳо вазифадор намуданд.

 Нест бод терроризм!

ИСТАРАВШАН. (Ҳ. Назрулло, «Садои мардум»)  Дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳр бо иштироки устодону донишҷӯёни коллеҷи мазкур ва Литсейи касбӣ-техникии №14 таҳти шиори «Нест бод терроризм!» ҳамоиши муштарак баргузор гардид. Дар назди ҳозирин роҳбарияти ҳар ду муассисаи таълимӣ баромад намуда, зикр карданд, ки имрӯз равияву ҳизб ва ҳаракатҳои зиёди ифротгаро арзи вуҷуд кардаву пинҳонӣ кор мебаранд ва мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Устодон зуҳуроти нангин-ифротгароиву терроризмро маҳкум намуда, ҷавононро ба омӯзиши таърихи пурғановати миллат, илму ҳунар ва техникаю технологияҳои муосир даъват намуданд.

Ватанро сабзу хуррам мегардонем

Б. ҒАФУРОВ. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Бо эълон гардидани соли 2015 -Соли рушди фарҳанг дар вилояти Суғд тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. Дар ин раванд ҷавонони ноҳия дар ободониву созандагӣ саҳми беандоза мегузоранд. Рӯзҳои истироҳатӣ беш аз 500 нафар ҷавонони фаъол таҳти шиори «Мо -ҷавонон ин Ватанро сарсабзу хуррам мегардонем» ба ҳашари умумӣ баромада, дар як рӯзи меҳнатии худ зиёда аз 800 бех дарахтони сояафкану ниҳолҳои ороишӣ шинонида, ду тарафи роҳравҳои кӯчаҳоро аз партовҳо тоза карданд. Ин гурӯҳи ҷавонони фаъоли ноҳия азми қавӣ доранд, ки дар рӯзҳои истироҳатии оянда низ баҳри сарсабзу хуррамгардонии кишвари азизамон ҳиссаи босазо гузоранд.

 Боғ барои ятимон

ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Роҳбарияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораи зертобеи он-  Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон ба иқдоме даст заданд, ки шояд дар назари аввал одӣ намояд, вале натиҷаи он солҳо боиси хушнудию хурсандии ятимбачаҳо шуд. Онҳо барои тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ду гектар боғи дарахтони мевадиҳандаро бунёд намуданд, ки боиси хушнудии ятимбачагон гардид. Айни ҳол дар ин дабистон 286 нафар ятимон тарбия мегиранд.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.