Хабарҳо аз кишвар

№52 (3353) 11.04.2015

Аввалин компютери бузургҳаҷм ба кор даромад

 ДУШАНБЕ. (АМИТ «Ховар») Дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон бори аввал аст, ки компютери бузургҳаҷм мавриди истифода қарор дода шуд. Ин компютери бузургҳаҷм дар асоси  технологияҳои мавҷҳои ҳавоӣ кор карда, дорои 48 гигабайти  фаъолияти фаврӣ буда, 24 протсессори  намуди Intel Xeon  дорад, ки суръати  лаппишашон 2,6 гигагертсро ташкил медиҳад.

Компютери нав  фаъолияти се синфи компютерии донишгоҳи мазкурро таъмин менамояд. Хариди таҷҳизоти муосир ва технологияҳои навтарини компютерӣ ба туфайли  соли 2014 қабул шудани  Барномаи рушди Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон то соли 2016  имконпазир гардид.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон  аз  нигоҳи таъмин будан бо технологияҳои иттилоотӣ дар байни донишкадаҳои олии Тоҷикистон  пешсаф аст.

 Бунёди меҳмонхонаи ҳозиразамон

ВАХШ.  (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Дар маркази маъмурии ноҳия-шаҳраки Вахш бунёди иншооти гуногун аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бомуваффақият идома дорад.  Яке  аз чунин иншоот  бинои сеошёнаи ҳозиразамони меҳмонхона аст, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сайвалӣ Нуров бунёд ёфта истодааст. Имрӯзҳо дар ин иншоот корҳои сохтмонию бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Тавре  сармеъмори ноҳия Шариф Раҷабов гуфт, бинои меҳмонхона аз рӯи лоиҳаи ҳозиразамон хеле зебою мунаққаш сохта мешавад. Дар ошёнаи якуми он маркази савдо ва дигар нуқтаҳои барои хизматрасонии меҳмонону сокинони ноҳия зарурӣ ҷойгир хоҳанд шуд.

Сохтмони маркази саломатӣ оғоз гардид

ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Дар деҳаи Куҳнабойи деҳоти «Ҳисор» бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ аҳолии деҳа тариқи ҳашар ба сохтмони маркази саломатӣ оғоз бахшиданд.

Ҷиҳати ҳар чӣ зудтар сохтани маркази саломатии мазкур ҳар як сокини деҳа саҳм гузошта истодааст. Ҳамчунин бо иқдоми ин соҳибкорони боҳиммат ба деҳа хатти  оби нӯшокӣ оварда шуд.

 Ба масъалаи кабудизоркунӣ диққати хоса медиҳанд

НУРОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Тавре аз суҳбат бо сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия  Додихудо Қандов маълум гардид, соли равон дар ноҳия бунёди 12 гектар боғи нав ба нақша гирифта шуда буд. Боғпарварони соҳибтаҷриба нақшаи пешбинишударо ҳафтаи гузашта  пурра анҷом доданд.  Ҳамчунин нуҳ гектар боғи куҳнаро, ки дарахтони онҳо хушкида буданд, аз нав барқарор намуданд.

Дар ноҳия ба масъалаи кабудизоркунӣ диққати хоса дода мешавад. Тибқи қарори раиси ноҳия оид ба кабудизоркунӣ то имрӯз дар ноҳия 31 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ шинонида шудааст.

 Бунёди боғҳои нави серҳосил

РОҒУН. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар деҳаи Сесангаи шаҳраки Обигарм ба таври ҳашар маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Ҳашарчиён дар ин маъракаи дастаҷамъона беш аз чор ҳазор ниҳоли мевадиҳанда шинониданд.

Боғпарварони соҳибтаҷрибаи шаҳраки Обигарм дар мавсими имсолаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ тасмим гирифтаанд, ки дар майдони 59 гектар боғҳои нави серҳосил бунёд намуда, 21 гектар боғҳои мавҷударо аз нав барқарор созанд.

 Ассотсиатсияи «Об-Умед» - барандаи ҷоизаи байналмилалӣ

ШУҒНОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Ассотсиатсияи «Об-Умед»-и ноҳия  барандаи ҷоизаи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид – «Экватор 2014» гардид. Ташкилоти мазкур дар қатори 25 ташкилоти дигар, ки ғолиби ҷоиза дониста шудаанд, қарор гирифт.

Раиси Ассотсиатсияи «Об-Умед» Бахтгул Мамадғозиев мегӯяд, ки мушкилоти дастрасии об дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ҳанӯз боқӣ мондааст. Ташкилоти «Об-Умед» бо кумаки барномаҳои Фонди Кристенсен ва дигар сармоягузорони ватанию  байналмилалӣ дар самти таъмини аҳолии  деҳоти «Поршинев» бо оби ошомиданӣ ва обёрии киштзор фаъолият дорад. Ташкилоти «Об-Умед» дар таъмини деҳоти «Поршинев» бо об аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодааст ва кӯшиш дорад, ки ҳангоми амалӣ намудани лоиҳаҳо бештар ба қувваи кории сокинони маҳал такя кунад.

 Ҳамкориҳо баҳри беҳбудии вазъи таълим

МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо мақсади беҳтар намудани вазъи муассисаҳои таълимӣ ва ба ин васила баланд бардоштани  сифати таълиму тарбия дар онҳо, дар радифи кумаку маблағҳои воридшуда, ба таври доимӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маблағҳои муайян ҷудо карда мешаванд.

Натиҷаи ҳамкориҳои пайваста аст, ки қисмати асосии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и деҳаи Чӯбеки деҳоти «Чӯбек» ба анҷом расида, сохтмони муассисаи таълимии №43-и деҳаи Ҳуснободи деҳоти «Меҳнатобод» ва  ба таври илова бунёд намудани даҳ синфхона дар назди муассисаи таълимии №16-и деҳаи Тагноби деҳоти «Даштигуло», сохтмони бинои шуъбаи маориф бо  кумаку дастгирии молиявии Вазорати маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо суръати дучанд идома дорад.

 Ҳафтаи китоб дар шаҳраки Ғарм

РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум»)   Бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия дар шаҳраки Ғарм чорабинӣ баргузор намуд, ки дар он донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 8, 9, 52-и ноҳия  ширкат варзиданд. Хонандагон аз китобҳои хондаи хеш порчаҳоро қироат намуда, дар мавзӯи Тоҷикистон-ватани маҳбуб, модар, ваҳдат ва сулҳу амонӣ шеърхонӣ намуданд. Дар ин чорабинӣ эҷодкорони наврас иштирок намуда, намунае аз ашъори худро пешкаши дӯстдорони адабиёт намуданд.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири шинохта Нуриддини Садриддин аз ашъори ба тозагӣ эҷоднамудааш барои иштироккунандагони чорабинӣ чанд шеър қироат намуд

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.