«Хайру сафо» замин мекушояд

№ 12.05.2023

ЗАМИНМуовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва раиси шаҳри Панҷакент  Абдухолиқ Холиқзода бо фаъолияти  ҶДММ «Хайру сафо», ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар деҳоти  Лоиқ Шералӣ ва  Рӯдакӣ  ба соҳилбандии дарёи Зарафшон, машғул аст, шинос шуданд.

 Қобили зикр аст, ки ҷамъияти номбурда дар соҳили дарёи  Зарафшон дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ 50 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда, 50 гектар замини ғайрикишоварзиро дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ тавассути пойгоҳи обкашӣ обёрӣ намудааст.

Т. СОЛЕҲЗОДА,

 Дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент