Қарзи интернатсионалистӣ

Хизмат дар Афғонистон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад

№17 (3163) 18.02.2014

интерПонздаҳуми  феврали соли  2014 аз хориҷ шудани Қӯшунҳои  маҳдуди Иттифоқи Советӣ аз хоки Ҷумҳурии Демократии Афғонистон 25 сол сипарӣ гардид. Дар ин рӯз собиқадорони ҷанги афғон бо ҳам ҷамъ омада, хотираи  аскарон, ҳамяроқон ва он шахсонеро, ки қарзи интернатсионалистиро дар кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя иҷро карда, ба шаҳодат расидаанд, пос доштанд.

Сурудҳои ҳарбии он айём бо шеваи хоси сарбозӣ дар ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ садо дод. 

Бояд ёдовар шуд, ки замоне тибқи дархости роҳбарияти Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба ин кишвар аскарону афсарони шӯравӣ баҳри таъмини сулҳу субот сафарбар шуда буданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 2700 нафар қарзи интернатсионалии хешро дар ин диёр иҷро кардаанд. Яке аз чунин сарбозон ҷанговари интернатсионалист, дорандаи ордени «Ситораи  сурх» полковник Шерғозӣ Саодатқадамов мебошад.

Шерғозӣ давомдиҳандаи авлоди машҳури Саодатқадамовҳо буда, бобояш, амакҳояш Давлатқадам, Қурғанқадам ва падараш Муҳаббатқадамро дар вилоят ва ҷумҳурӣ чун ходимони шинохтаи ҳизбӣ, давлатӣ ва соҳаи маориф хуб мешиносанд. Ӯ низ дар рӯҳияи сулолаи шинохташудааш тарбия ва таълими кофӣ гирифт. Солҳои 1966-1976 дар мактаби миёнаи №7-и деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон ва солҳои 1976-1981 дар шуъбаи форсии факултети шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил кард. Хатми университет ба айёме рост омад, ки дар Афғонистон алангаи ҷанг баланд буд. Шерғозӣ барин ҷавонон он солҳо дар рӯҳияи  ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ тарбия ёфта, дониши мукаммали сиёсӣ доштанд. Маҳз чунин ҷавонон лозим буданд, ки ҳам шаъну шарафи Ҳукумати Советӣ ва ҳам Тоҷикистонро ҳангоми кумак ба халқи бародари афғон баланд бардоранд.

Чун дигар фарзандони тоҷик, моҳи августи соли 1981 Шерғозӣ Саодатқадамов низ барои иҷрои қарзи интернатсионалистӣ ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон фиристонида шуд.

- Маро бо чанд нафар ҳамдиёронам ба сифати тарҷумони ҳарбӣ ба вилояти Хуст равон карданд. Аз рӯзҳои нахустин ҳис кардем, ки ҷанг даҳшат аст ва он танҳо харобӣ меорад. Он айём ҷавон будам ва танҳо рутбаи лейтенантӣ доштам. Чун тарҷумони ҳарбӣ дар Полки пиёданизоми 19-уми Ҷумҳурии Демократии Афғонистон хизматро ба ҷо меовардам. Он қадар таҷрибаи зиёди кору зиндагӣ надоштам, вале дастгирӣ ва маслиҳатҳои мушовирони командири Полки пиёданизоми 19-уми Афғонистон подполковник Владимир Иванович Коптелев, полковник Александр Дмитриевич Хоба, полковник Виктор Иванович Питкявичус буд, ки солҳои 1981-1983 қарзи Модар-Ватанро сарбаландона иҷро кардам.

Бар дӯши мо таъмини отрядҳои сарҳадӣ ва ҳарбии Афғонистон бо маводи озуқа вогузор шуда буд. Бештари отрядҳо ва қисмҳои ҳарбӣ дар минтақаҳои даргир ва иҳота қарор доштанд. Азбаски вилояти Хуст бо Покистон ҳамсарҳад буд, мо дар муҳосира қарор доштем. Ҳангоми хизмат дар ду амалиёти ҷангӣ иштирок карда, ду бор сахт захмӣ шудам.

Дар яке аз амалиётҳои ҳарбии қисмати Шарқии Афғонистон дар вилояти Пактиё (ҳамсарҳад бо Покистон) Шерғозӣ бори аввал дар мошини зиреҳпӯши БТР корвони мошинҳоро роҳбаладӣ кард. Нияти ба аскарони афғон хӯрокворӣ бурдан доштанд. Дар нимароҳ ба ҳамлаи  муҷоҳидон дучор шуданд. Пас аз задухӯрди лаҳзаина мошини зиреҳпӯши онҳо аз тири гранатамёти мухолифин корношоям шуд. Ҳамаи онҳоеро, ки ҷароҳати вазнин бардошта буданд, тариқи чархболи ҳарбӣ ба госпитали маъруф бо номи «400 бистар»-и шаҳри Кобул бурданд. Шерғозӣ 15 рӯз табобат гирифта, боз ба ҷойи хизматаш баргашт.

Бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 6 майи соли 1983 лейтенант Шерғозӣ Саодатқадамов бо медали «Барои хизматҳои ҷангӣ» мукофотонида шуд.

- Ба мо чунин супориш шуд, ки ба ҷуз иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар байни аскарони ҷавони афғон ва наваскароне, ки аз ҷумҳуриҳои Иттифоқи Советӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем, зеро аксари аскарони советӣ 18-19-сола буданд. Аз Тоҷикистон ҳамроҳи ман Юсуфҷон Воҳидов – мушовири ҳизбӣ, Ҷумъа Имомназаров –корманди милитсия дар вилояти Хусти Афғонистон хизмат мекарданд.

Аз ҳамкурсҳои солҳои донишҷӯйӣ Эмомҷон Раҳмонов, Насим Салимов, Отамшо Маҳтобшоев, Аҳтам Миров, Маъмурбек Одинаев, Ҳусейн Киромов дар Афғонистон чун тарҷумони ҳарбӣ аз тарафи Вазорати мудофиаи СССР даъват шуда, қарзи интернатсионалии хешро аз рӯйи виҷдон иҷро мекарданд. Мо бо тақозои хизмат гоҳ-гоҳ дар шаҳри Кобул ё вилоятҳое, ки эшон хизмат доштанд, вомехӯрдем.

Аз солҳои хизмат дар Афғонистон хотираҳои зиёд дорам. Муносибати мардуми афғон бо мо хеле самимӣ буд. Бо командири Полки пиёдагарди 19-уми Афғонистон подполковник Гулоқо дӯсти наздик шудем. Мо- фиристодагони Тоҷикистонро хеле иззату эҳтиром мекард. Ҳамчунин ҷонишини командири полк оид ба техника подполковник Иброҳим Халил (аслан аз Ҳирот) аҳли фаҳм ва шеърдӯст буд. Ба тоҷикон ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос дошт.

- Дар амалиёти ҳарбии дуввум низ ба муқовимати хеле сахт дучор шудем. Вале ҷасорату мардонагии аскарони афғону советӣ буд, ки ба муҷоҳидон зарбаи сахти ҷавобӣ додем. Бо вуҷуди ҳамаи ин даҳшат, корвони мошинҳо сари вақт маҳсулоти сӯзишворӣ ва хӯроквориро ба отрядҳои сарҳадӣ ва қисмҳои ҳарбии аскарони Афғонистон расониданд. Дар ин муҳорибаи ҷангӣ  низ сахт ярадор шуда, дар госпитали ҳарбии Кобул ду ҳафта бистарӣ шудам. Ҳангоми табобат дар госпитали шаҳри Кобул овозхони маъруф, Артисти халқии СССР Иосиф Кабзон дар Афғонистон буд ва дар назди мо – беморон баромад кард ва чунин вохӯриҳо ба аскарон рӯҳу мадор мебахшид, — мегӯяд Шерғозӣ.

Солҳои хизмат дар ин вилояти ҷангзада ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири Шерғозӣ Саодатқадамов  зудуда намешавад. Дар асл ҳам вилояти Хуст минтақаи доғ ва хавфнок буд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, аскарони афғон ва советӣ мардуми таҳҷоиро аз ҳуҷумҳои ногаҳонии муҷоҳидон ҳифз намуда, қарзи ҳарбӣ-интернатсионалистии худро дар назди Ватан сарбаландона иҷро карданд.

Шояд аз ин сабаб буд, ки вазири мудофиаи СССР Маршали Иттифоқи Советӣ А.Соколов соли 1982 ба вилояти Хусти Афғонистон сафар карда, ба афсарон, аскарони советӣ ва афғон вохӯриву мулоқотҳо дошт ва эшонро ба хизмат боз ҳам дилгарм кард.

Барои хизматҳои ҷангӣ сарбози интернатсионалист Шерғозӣ Саодатқадамов бо ордени «Ситораи сурх» (аз  23 январи соли 1984), медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ» (1983), «Ба ҷанговари интернатсионалист аз халқи сипосгузори афғон» (1988), «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», «5 -солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998), Грамотаи Фахрии Президиуми Совети  Олии СССР (1988), Грамотаи Фахрии КМ ВЛКСМ (1986) ва дигар медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

Сарбози ҷасур Саодатқадамов баъди иҷрои қарзи интернатсионалӣ дар хоки Афғонистон моҳи августи соли 1983 ба Ватан баргашт ва бо роҳхати Кумитаи комсомолии шаҳри Душанбе барои хизмат ба мақомоти милитсия фиристонида шуд. Фаъолияти хизматии ӯ аз вазифаи инспектори кор бо ноболиғони ШКД-и ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе оғоз ёфт ва тӯли солҳо то сардори шуъбаи кор бо ноболиғон ва муовини сардори ШКД-и ноҳияи Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ) расид. Ҳангоми кор дар мақомоти милитсия Ш. Саодатқадамов худро чун корманди ботаҷриба, принсипнок, серғайрат ва бовиҷдон нишон дода, супоришҳои роҳбарияти болоиро сари вақт иҷро мекард. Барои кори аълояш дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии РСС Тоҷикистон капитан Шерғозӣ Саодатқадамов чун намояндаи насли ҷавони милитсия ба шаҳри Москва фиристонида шуд.

10 ноябри соли 1986 дар тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи милитсияи советӣ ӯ дар Толори давлатии маркази консертии Россияи шаҳри Москва иштирок намуд. Пеш аз оғози тантанаҳо вазири корҳои дохилии СССР генерали армия В.Власов милитсионерони пешқадамро ба ҳузур пазируфт ва пас аз суҳбат онҳоро қадрдонӣ намуд.

Капитан Ш. Саодатқадамов бо туҳфаи хотиравӣ -радиоприёмники он солҳо камёфти «Спидола» қадр гардид.

Ӯ аз Тоҷикистон ягона корманди милитсия буд, ки сазовори чунин шараф – ба қабул ва туҳфаи хотиравии вазири корҳои дохилии СССР сазовор гардид.

Сол то сол талабот ба кормандони милитсия зиёд мешуд. Мебоист ҳар як корманд савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии худро такмил диҳад. Шерғозӣ Саодатқадамов дар ин байн Мактаби олии милитсияи ВКД-и СССР-ро дар шаҳри Тошканд (1988) ва Мактаби олии милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро (1994) ғоибона хатм намуд. Дар байни кормандони мақомоти милитсия кам  касоне ҳастанд, ки дорои се маълумоти олӣ бошанд. Шерғозӣ Саодатқадамов яке аз чунин кормандон ба ҳисоб меравад.

Кор дар мақомоти милитсия хеле сангину заҳматталаб аст. Маҳз дастгириҳои ҳамсараш Некбахтсултон Фушкова буд, ки ҳар ду якҷо фарзандони солеҳро ба камол расониданд. Писараш Шерзод факултети ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, ҳоло дар яке аз ташкилотҳои бонуфуз кор мекунад. Мавзуна дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, алҳол дар беморхонаи бемориҳои қалби Қарияи Боло ба табобати беморон машғул аст. Иброҳим донишҷӯйи курси чоруми факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии шаҳри Твери Федератсияи Россия ва Ситора бошад, дар курси дуюми факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон таҳсил доранд.

- Ман комёбиҳои хизматӣ ва оиладориямро аз ҳамсари меҳрубонам Некбахтсултон мебинам. Он кас дастпарвари факултети забон ва адабиёти руси УДТ ба номи В.И.Ленин мебошад. Таҷрибаи  зиёди педагогӣ дорад ва бори вазнини оиладорӣ бар дӯши  ӯст. Маҳз кумаки ҳамсарам буд, ки беташвиш шабу рӯз дар паи осудагии халқ ва хизмати Ватан будам. Шояд бе дастгирии ӯ ба ин мартабаҳо намерасидам, — мегӯяд Шерғозӣ.

Полковник Шерғозӣ Саодатқадамов соли 2000-ум  барои кор ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуд. Он ҷо аз нозири калони хизмати амнияти дохилии Агентӣ то сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъминоти ҳуқуқии Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расид.

Ман баъди хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон боз ду бори дигар бо тақозои вазифа, солҳои 2007-2008, ба вилояти Қундузи Афғонистон ва бори саввум дар асоси озмун, солҳои 2011-2013, ба Афғонистон сафари хизматӣ доштам. Мардуми афғон дар ҳасрати он рӯзҳо ҳастанд ва акнун номи «шӯравӣ» — Иттифоқи Советиро бо некӣ ёд  мекунанд.

Бахусус, мардуми шимоли Афғонистон- вилоятҳои Балх, Самангон, Қундуз, Бадахшон, Тахор, Бағлон дар даврони советӣ моро эҳтиром мекарданду дар сафарҳои баъдӣ ҳам, — гуфт дар хотима полковник Шерғозӣ Саодатқадамов.

Оре, мо бо халқи дӯсту ҳамҷавор –Афғонистон дӯсту бародар будему ҳоло низ ба қадри ҳамдигар мерасем. Ин самимият, пеш аз ҳама дар вохӯриву мулоқотҳои Сарони ду давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай ба хубӣ ҳис мешавад.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»