Иди асалу сайри харбуза дар шаҳри Кӯлоб

№114 (3415) 26.08.2015

АсалДар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри бостонии Кӯлоб иди асал ва сайри харбуза баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон иштирок намуданд. Дар он, намудҳои зиёди маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагиҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз қабили навъҳои гуногуни асал, гиёҳҳои шифобахш,  харбузаю тарбуз ва каду ба намоиш ва фурӯш бароварда шуданд.

Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ якҷо бо меҳмонони ин чорабинӣ — раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сулаймон Давлатзода, гурӯҳи калони ҷавонони бадахшонӣ маҳсулоти ба намоиш гузошташударо аз назар гузаронида, бо деҳқонону соҳибкорон ҳамсуҳбат шуданд. Маҳсулоти ба намоиш гузошта, ороиши махсуси  онҳо  ва саҳнаҳои  адабию мусиқии намояндагони ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Фархор, Ховалинг, Восеъ, Вахш, Ҷилликӯл, Қумсангир ва Қубодиён хеле писанд омад.

Ташхисгарони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб ва намояндагони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими минтақа арз намуданд, ки сифати асали ноҳияҳои Данғараю Фархор ва Ховалинг бо таъми лазизу рангашон тафовут доранд. Харбузаҳои ноҳияҳои Ёвону Восеъ ва Вахш хеле ширину бозоргиранд.

Раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Муъминобод Эмомалӣ Самадов андешаашро оид ба ин намоиш чунин арз намуд: -Маҳз натиҷаи ҳамин гуна  чорабиниҳост, ки соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар саросари ноҳияҳои кӯҳистон рушд дорад. Хуб мебуд, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати бештар асалро бо усулҳои замонавӣ омода карда, ба бозорҳои берун аз кишвар содир менамудем.

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода намоишро ҷамъбаст намуда, ғолибони иди асал ва сайри харбузаро эълон намуд. Мавсуф арз дошт, ки ҳайати доварон дар ҷамъбасти озмуни  иди асал ҷойи аввалро ба ноҳияи Данғара, ҷойи дуюмро ба ноҳия Фархор ва ҷойи сеюмро ба ноҳияи Ховалинг муносиб донистанд. Дар ҷамъбасти озмуни сайри харбуза бошад, ҷойи аввалро ноҳияи Ёвон, ҷойи дуюмро ноҳияи Восеъ ва ҷойи сеюмро ноҳияи Вахш соҳибӣ намуданд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»