Идораи меъморӣ ё саройи худкомаҳо?

№130 (4392) 19.10.2021

Понздаҳ сол қабл бо ибтикори Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб ботантана таҷлил гардид. Аз рӯи адолат аст, агар ёдовар шавем, ки ба хотири ин санаи муборак ва ба бахти мардуми Кӯлоб, ин диёри куҳан, ба таври шинохтанашаванда ободу зебо гашт. Садҳо бинои наву замонавӣ, иншооти маданию фарҳангӣ, боғу гулгашт ва марказҳои маданию маърифатӣ бунёд гашт, ки боис ба шодмонии мардуми Кӯлоб гардиданд.

Вале аз байн соли зиёд нагузашта, як қисме аз он иншооти ҷашнӣ таровату зебоиро аз даст дода, рӯ ба харобӣ оварданд. Илова бар ин, дар миёни хонаҳои баландошёна, идораҳои маъмурӣ, пайдо шудани биноҳои ба талабот ҷавоб­гӯнабуда ҳусни шаҳрро коҳонидаанд.

Кормандони Идораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки дар ин «навсозиҳо» аз ҳама бештар масъулият доштанд, хомӯшанд. Бетарафии кормандони ин идораро фаҳмидан мумкин, зеро гунаҳгори асосианд.

То ин дам ба фаъолияти идораи мазкур аз наздик ошно набудам, зеро ҳеҷ гоҳ ба ин даргоҳ корам наафтода буд. Ду сол пеш бо масъалае ба ин идора корафтода шудам. Маълум гашт, ки кори ин идораи хеле муҳимро ҳайате аз шахсони бемасъулият ва бетаҷриба ба уҳда доранд. Ба назарам чунин расид, ки он ҷо на Идораи меъморию шаҳрсозӣ, балки саройи худкомаҳост. Муносибати онҳоро ба корафтодаҳо дида, дилам сард гашт. Рафторашон аъмоли мудирони анборҳои савдои замони шӯравиро ба хотирам оварданд, ки касеро писанд намекарданд. Худро дар назди корафтодаҳо тавре ҷилва медоданд, ки гӯё серкоранду барои гап задан ё чизеро пурсидан вақт надоранд. Дар асл кор дар ин идора ҳама фиреби назар, ба чашми корафтодаҳо хок пошидан аст.

Ман низ ба он назарам, ки бигузор шаҳрҳои калонро меъморону шаҳрсозон роҳбарӣ намоянд. Дар ин маврид шояд норасоиҳое, ки маҳз аз надоштани дониши касбӣ сар мезананд, камтар ба вуҷуд оянд. Дар гузашта шаҳри Кӯлобро меъморону муҳандисон сарварӣ мекарданд. Замоне ин ҷо Хикмат Шарифов, Тоҳирхон Ғозиев, Абдукарим Абдураҳимов, Бобоҷон Муродов, Ҳомид Абдуллоев ва дигарон, ки асосан муҳандису меъмор буданд, зимоми роҳбариро дар даст доштанд ва дар ҳеҷ маврид ба ин гуна хато роҳ намедоданд.

Чун рӯзноманигор ҳоло дар даст даҳҳо далелу арқом дорам, ки аз ноуҳдабароии меъморону муҳандисони ин идора ҳикоят мекунанд. Танҳо кифоя аст ёдовар шавем, ки дарвозаи боғи истироҳатии шаҳрро дар фурсати кӯтоҳ се маротиба сохта, аз нав вайрон карданд.

Намехоҳам хароҷоти ин навсозиҳоро, ки сирф аз буҷаи кишваранд, шарҳу тавзеҳ диҳам. Дар бораи он ки дар шафати бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр соле қабл, бинои дуошёна бунёд карданд, чизе намегӯем. Ҳол он ки дар деҳот биноҳои чорошёнаю панҷошёна месозанд.

Дар бораи бозори марказӣ, ки як шаҳри бузургро дар бунбаст қарор додааст, низ чизе гуфтанӣ нестам.

Ҳоло раиси шаҳри Кӯлоб шахси таҷрибадор аст. Шахсе, ки дар се шаҳру ноҳия роҳбар буд ва метавонад ин камбудиҳоро рафъ намояд. Вале суоли матраҳ ин ки ӯ вобаста ба ин мушкилот кай чора меандешида бошад!? Хоса, дар мавриди идораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ…

Алихон ЗАРИФӢ,

рӯзноманигори собиқадор, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ