Ба истиқболи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳифзи иҷтимоии гурӯҳи осебпазирро давлат кафолат медиҳад

№44 (3190) 01.05.2014

Дар «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2015» беҳтаркунии сатҳи зиндагии мардуми кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир, рушди солим ва таълиму тарбияи кӯдакон нишон дода шудааст. Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон барои солҳои 2014-2015 дар заминаи санади мазкур таҳия шудааст. Он барномаи давлатии ҳамаҷонибаи дарозмуддат оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон буда, татбиқи он ба  таъмини ҳуқуқ ва талаботи шахсони маъюб, аз ҷумла ҷабрдидагони минаҳо ва дигар лавозимоти боқимондаи таркандаи ҷангӣ, мусоидат менамояд.

Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон таҳия шуда, дар омода ва таҳия намудани он сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои маъюбон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ ҷалб карда шуданд. Мақсади асосии Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон барои солҳои 2014-2015 гузоштани замина, бо назардошти синну сол ва ҷанбаҳои гендериву ҳуқуқие мебошад, ки ба таъмини саломатии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва беҳдошти иҷтимоӣ — иқтисодии ин гурӯҳи осебпазири ҷомеа равона карда шудааст.

Тадбирҳо барои таъмини ҳуқуқу талаботи шахсони маъюб тавассути чорчӯбаи ҳуқуқӣ, сиёсии миллӣ ва байналмилалӣ танзим мешаванд. Аз ҷумла санади ҳуқуқии асосии дахлдор дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» аз 29 декабри соли 2010 таҳти №675 мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад.

«Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Моддаи 34, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонун масъалаҳои кумаки тиббӣ, офиятбахшӣ, таълим, имтиёз ва дигар ҳуқуқҳои маъюбон, аз ҷумла кӯдаконро, дар бар мегирад. Моддаи чоруми қонуни мазкур қабули  барномаҳои давлатии ҳифзи иҷтимоии маъюбонро пешбинӣ мекунад.

Барои татбиқи қонуни мазкур барномаҳои давлатӣ, қарор ва дигар санадҳои муҳими сатҳи давлатӣ қабул шудаанд. Онҳо дар вусъати фаъолияти сохторҳои ҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷонибҳои дигари манфиатдор дар таҳкими ҳифзи иҷтимоии маъюбон замина фароҳам месозанд. Дар натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» мутобиқи маълумоти собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб зиёда аз 10 ҳазор нафар маъюбон ба кор таъмин шуданд.

Дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» омадааст, ки давлат, тибқи барномаи инфиродии тавонбахшӣ, ба маъюбон таълиму тарбияи ройгонро дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ, таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ ва махсус  таъмин менамояд.

Дар ин самт Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Низомнома дар бораи татбиқи ташкили таҳсили фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони  имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро тасдиқ намуд. Ҳамзамон «Низомнома оид ба ташкили таҳсил дар хона» қабул шудааст, ки мувофиқи он тартиби гирифтани таҳсил дар хона барои кӯдаконе, ки аз сабаби беморӣ ба муассисаҳои таълимӣ имкони  рафтан надоранд, ба танзим дароварда мешавад.

Боби 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», ки ба  тавонбахшии маъюбон бахшида шудааст, тадбирҳои барқарорсозии тиббӣ, роҳнамоии касбӣ, мусоидат ба шуғл, таъминоти воситаҳои тахникӣ ва ғайраро ба танзим медарорад.

Солҳои охир марказҳои офиятбахшӣ, таълимию истеҳсолӣ ва истироҳатӣ бештар фаъол гардидаанд. Маркази миллии офиятбахшии кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ» баъди таъмир иқтидораш бештар шуд. Марказ имкон дорад дар як сол ба 400- 500 нафар кӯдак, аз ҷумла 200 нафар кӯдакони дорои маъюбии вазнини ақлӣ, ки ба нигоҳубини статсионарии пурра эҳтиёҷ доранд, ёрӣ расонад. Дар ин марказ курсҳои  офиятбахшии статсионарӣ барои шахсони сарпарасти маъюбон амал мекунанд.

Мактаб- интернати махсуси касбӣ барои маъюбон дар шаҳри Душанбе ба 260 нафар хонанда дар соҳаҳои таъмири телевизор, радио, технологияи компютерӣ, либосдӯзӣ, пойафзол, муҳосибот курсҳои омӯзишӣ пешниҳод менамояд.

Ҳар сол тақрибан 1500 нафар шахсони маъюб дар муассисаҳои давлатии табобатии «Харангон», «Калтуч», «Дӯстӣ», «Ямчун» истироҳат намуда, ёрии тиббӣ мегиранд.

Мувофиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» онҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, таъмини имконияти баробар бо шаҳрвандони дигар метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд. Давлат барои фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон мусоидат менамояд.

Чунин иттиҳодияҳо метавонанд дар ҳалли масъалаҳои ба маъюбон дахлдошта кумак ва иштирок намоянд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ барои пешниҳоди хизматрасонӣ ва таъмини ҳуқуқҳои шахсони маъюб созмонҳои байналмилалӣ ва дохилӣ фаъолият доранд. Лигаи занҳои маъюб — «Иштирок», ташкилоту иттиҳодияҳои нобиноён, ношунавоён, Ассотсиатсияи падару модарони кӯдакони маъюб ва ғайра аз ин қабиланд. Аз мушкилоти шахсони дорои имконияти маҳдуд бештар ошно  мебошанд ва дар ҳалли онҳо назди мақомоти дахлдор масъалагузорӣ менамоянд. Дар муҳокимаи миллии шарикон оид ба кумак ба ҷабрдидагони  минаҳо ва шахсони маъюб, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе доир гашт, аз ҷумла оид ба ин масъала низ ибрози андеша шуд. Оиди бо кор таъмин намудани маъюбон, муносибати дағалу бепарвоёнаи баъзе шахсони мансабдор, мушкилоти истифодаи нақлиёт, набудани шароити мусоид дар биноҳои истиқоматӣ ва ғайра аз мушкилоте мебошанд, ки маъюбон ҳамарӯза ба он гирифторанд. Иштирокчиёни ин ҳамоиш Саида Иноятова (Лигаи занони маъюб -«Иштирок»), Сабоҳат Ҳакимзода (Ассотсиатсияи падару модарони кӯдакони маъюб), Холмаҳмад Тенгниев (Ассостсиатсияи нобиноён) ва чанде дигарон аз ин хусус андеша ва пешниҳоди худро иброз намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» (моддаи 25) таъмини дастрасии бемамонияти маъюбон ба иншооти инфрасохторӣ ва воситаҳои нақлиёт нишон дода шудааст. Чунончӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, ташкили минтақаҳои истиқоматӣ  ва истироҳатӣ, таҳияи лоиҳаҳои нави сохтмон ва азнавсозии биноҳо, иншоот ва маҷмааи онҳо бе мутобиқ гардониданашон барои дастрасӣ ва истифодабарии маъюбон иҷозат дода намешавад.

Дар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон ва ҳадди ақали теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ муқаррар мешавад. Ба онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд ва касбҳои навро аз худ намоянд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба маъюбон ташкилотҳое, ки талаботи аҳолиро ба хизматрасонии нақлиёт таъмин менамоянд, уҳдадоранд истгоҳ, фурудгоҳ ва дигар иншоот, инчунин воситаҳои нақлиёташонро бо таҷҳизоти махсус муҷаҳҳаз гардонанд.

Ҳамин тариқ, қонунгузорӣ ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосаро нисбати маъюбон ҳамаҷониба пешбинӣ кардааст. Дар сурати риоя ва иҷрои ин меъёрҳои қонун мушкилоти онҳо то андозае ҳал мешавад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»