Имконияте, ки аз он самаранок истифода бояд бурд

№80 (4030) 04.07.2019

Айёми кӯдакии мо дар деҳа Латиф ном муҳандиси роҳсоз буд, ки вақти холиашро бо занбӯриасалпарварӣ мегузаронд. Рӯзи асалгирӣ мардуми зиёдро даъват карда, шӯхиомез мегуфт:

1453698107_1- Мо фақат рӯзи асалгирӣ саховатмандем. Агар ҳамин рӯз биёед, шикамсерӣ асал мехӯред. Асали гирифтаамонро ба хона, ки овардем, дигар моли бозор аст.

Мо бачаҳои мактабхон асал гирифтани ӯро тамошо мекардем. Баъди гирифтани натиҷаи заҳмат косаҳоро аз асал пур мекарду дастархон мегустурд ва як пиёла асалро назди ду нафар мегузошт. Мардум асал мехӯрданд ва ӯ бо овози баланд дар бораи манфиати асал ва фоидаи занбӯриасалпарварӣ ҳарф мезад.

Сухани ӯ ба мардони деҳа таъсир кард ва сафи занбӯриасалпарварон хеле зиёд шуд. Сокинони деҳа бо нархи арзон асал мехариданд ва фасли зимистон, ки дар кӯҳистон хеле тӯлонист, косаҳои пур аз асали тоза ва шифобахшро болои дастархони ҳар хонавода дидан мумкин буд.

Мутаассифона, баъдан бо сабабҳои гуногун онҳо аз ин шуғли манфиатнок даст кашиданд. Дар деҳа танҳо ду-се асалпарвар монданду нархи он боло рафт. Алҳол, арзиши як кило асали тоза ба 50 сомонӣ расидааст.

- Занбӯриасалпарварӣ соҳаи муҳим буда, солҳои охир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба меёбад, — гуфт дар суҳбат мудири шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Абдураззоқ Саломов.

Ба гуфтаи ӯ айни замон шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия ба 21600 адад расида, аз соли 2005 Ассотсиатсияи занбӯриасалпарварон фаъолият дошта, дар 70 хоҷагии занбӯриасалпарварӣ беш аз 5000 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Илова ба ин, дар хоҷагиҳои шахсӣ низ парвариши занбӯри асал сол то сол ривоҷ ёфта истодааст.

- Ҳоло аз рушди соҳа қаноатманд нестем. Агар ҳар сол шумораи оилаҳои занбӯри асал зиёд гардад, имконият фароҳам меояд, ки занбӯриасалпарварон беш аз пеш сокинони ҷумҳуриро бо асали тоза таъмин намоянд. Ин омил аз як тараф ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии меҳнаткашон, аз ҷониби дигар ба таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат мекунад, — гуфт А. Саломов.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»