Ҷиргатол: қадамҳо дар ҷодаи рушд устуворанд

№146-147 (3447-3448) 30.10.2015

Умедхочаи ЗоирҲар гоҳе ба ин ноҳия меоям, барои худ чизи наверо кашф мекунам ва мебинам, ки он соат ба соат,  рӯз то рӯз, сол то сол симояшро дигар намуда, ба як гӯшаи зебои диёр табдил ёфтааст. Маркази ноҳия — шаҳраки Ваҳдат хеле зебову дилрабост. Солҳои охир чандин биноҳои муҳташаму замонавӣ сохта, кӯчаҳои марказии шаҳрак мумфарш шуда, растаҳо бо дарахтони ороишӣ зинат ёфтаанд.

Зимни вохӯрӣ бо раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир гуфтам, ки мақсад аз ин сафар дидани комёбию дастовардҳои сокинони ноҳия аст. Хоҳиш кардам, ки нафаре то Лахш маро ҳамроҳӣ намояд.

Ҳангоме ки ҳамроҳи сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Паёми Ҷиргатол» Акбар Ризвонов  ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷиргатол Ҳасан Назаров ба роҳ баромадем, дар ду тарафи шоҳроҳ картошкапарварони ноҳия ба ҷамъоварии ҳосил машғул буданд.

- Имсол кори картошкапарварон омад кард,- сукутро халалдор мекунад   Ҳасан Назаров.

- Шаст фоизи ҳосилро барои тухмӣ захира мекунанд, — суҳбатро идома медиҳад Ҳ. Назаров. — Бо супориши раис сардхона ва анборҳои пешинро таъмир карда истодаанд. Агар соли дигар тухмии худӣ бештар шавад, масоҳати заминҳои кишти картошка аз ҳисоби заминҳои бекорхобида боз васеътар мегардад.

Онҳо суҳбат мекунанду ман аз паси тирезаи мошин даштҳои васеъ ва деҳаҳои ободу зеборо тамошо мекунам. Дар чанд ҷой роҳсозон ба таъмири шоҳроҳ машғуланд. Шоҳроҳе, ки Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мепайвандад. Ин мавзеъҳо дар фасли зимистон барои ронандагон душворӣ меоварданд, барои ҳамин мутахассисон илоҷи корро ёфта, роҳро баланд бардошта истодаанд, ки зимистон шамол барфро рӯи роҳ нахобонад.

Ба боғҳо менигараму солҳои пешин ба ёдам меояд. Солҳое, ки садҳо оилаи водии Рашт аз ҳисоби меваи истеҳсолкардааш рӯз мегузаронд.

- Шукр, ки боғдорӣ дар ноҳия рушд ёфт,- гӯё андешаҳои маро пай бурд Акбар Ризвонов. — Раис ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад. Бо супориши ӯ ҳар сол чандин гектар боғи нав бунёд мешавад. Ҳамин сол дар ҳудуди ноҳия 54 гектар боғи нав бунёд шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд аст. Соли гузашта боғпарварон ба бозорҳои ҷумҳурӣ меваи бисёр бароварданд, даромади хуб гирифтанд. Бовар дорем, ки имсол содирот бештар мегардаду даромадашон хубтар. Ҷавонҳо низ ба ин кор даст мезананд, таҷрибаи боғпарварони калонсолро меомӯзанд. Ҷойҳои кори нав пайдо мешавад.

Дар доманаи теппаи қалъаи Чоргул рамаи гӯсфандон мечаранд.

- Солҳои барқарории ҳукумати Шӯравӣ сокини деҳа ҳуқуқ надошт, ки шумораи чорвояшро аз миқдори муқарраргардида зиёд кунад,- мегӯяд Ҳасан Назаров. — Дар замони соҳибистиқлолии кишвар кор ранги дигар гирифт. Сарвари давлат ба мардум имконият дод, ки ба қадри қуввату тавонашон ба чорводорӣ машғул шаванд. Тибқи маълумоти оморӣ, саршумори чорвои калон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия  33816  сарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла 14600 сар модагов. Чорво дар хоҷагиҳои давлатӣ 417 сар, хоҷагиҳои деҳқонӣ 2048 сар ва аҳолӣ 31351 сар  буда,  1418 сар нисбат ба соли 2014 зиёд мебошад. Дар ноҳия оилаҳое ҳастанд, ки дар хонаи худ 10-20 сар говро парвариш мекунанд.

Саршумори чорвои майда 154507 сар буда, дар хоҷагиҳои давлатӣ  53 сар, хоҷагиҳои деҳқонӣ 15989 ва аҳолӣ 138465 сарро ташкил мекунад, ки нисбат ба соли пешин хеле зиёд аст.

Суҳбати сари роҳ бо сокинони деҳаҳои Қӯшағба, Чорсӯ ва Чоргул  хотирмон буд. Мардуми заҳматкаш дар бораи ободии диёри худ боифтихор ҳарф мезаданд ва ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ мекарданд. Аз кордонии раиси ноҳия сухан мегуфтанд. Боре аз забони нафаре ҳарфи шикоятро нашунидем.

Бо як ҷаҳон таассурот аз Лахш баргаштам. Шаб чодари сиёҳашро болои замин кашида буд. Шаҳраки Ваҳдат миёни амвоҷи зулмот боз зеботару ободтар ба назар мерасид. Одамони зиёд дар кӯчаҳои равшану озода равуо доштанд. Аз чанд тарабхона ба гӯш садои мусиқӣ мерасид. Назди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол аз мошин фаромадем.

- Агар барвақт бармегаштем, як сари қадам раисро медидему баъд мерафтем,- гуфтам ба Акбар Ризвонов.

- Ҳеҷ гап не, раис ҳоло дар дафтари кориаш кор карда истодааст,- бо ханда посух мегӯяд Акбар Ризвонов. – Ҳанӯз чашми рӯз накафида, ба кор меояду шабона ба хонааш меравад. Рӯзона аксар вақташро  ба вохӯриҳо, дидани корубори сохтмончиёну кишоварзон ва қабули шаҳрвандон мегузаронад. Аз ин сабаб шаб ҳам кор мекунад.  Тӯли чор соли корӣ бо ӯ мо низ одат кардаем, ки шабҳо кор кунем.

Лаҳзае, ки мо вориди қабулгоҳи раис гардидем, вай ҳамроҳи чанд нафар аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия атрофи кадом масъалае машварат дошт. Каме мунтазир шудем.

Умедхоҷаи Зоир бо чеҳраи кушода ва табъи болида моро пешвоз гирифт. Дар симои ӯ нишоне аз хастагӣ набуд.

- Хуб тамошо кардед,- табассум дар лаб гуфт раис.- Аз сару либосатон маълум аст, ки то охирин деҳаи мавзеи Лахш рафтед…

Аз сафарам ба деҳаҳои дурдасти ноҳия пора-пора қисса кардам ва дар хатми сухан гуфтам:

- Раҳмат ба шумо, раис, хеле обод кардаед.  Бо касе, ки вохӯрдем, аз роҳбарии шумо ва ободкориҳоятон боифтихор сухан мегӯянд. Мардуми ноҳия ба шумо меҳр доранд.

- Ҳамаи ин хизмати Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст,- мегӯяд раис. — Ноҳияи мо аз марказ хеле дур аст, аммо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мушкилоти моро мебинанду медонанд ва барои бартараф намудани онҳо чораҳои таъҷилӣ меандешанд.

- Хотираҳо аз сафарҳои Президенти мамлакат, вохӯриҳои ӯ бо мардуми мо зиёданд. Мардуми мо Сарвари давлатро дӯст медоранд ва дастуру супоришҳояшонро ҳамеша бо сарбаландӣ иҷро мекунанд. Моҳи сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи мо омаданд. Сокинони ноҳия Президентро бо натиҷаҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти кишвар дар ифтитоҳи шаш иншооти муҳим, аз қабили осоишгоҳ — табобатгоҳи замонавӣ, литсейи хонандагони болаёқат, меҳмонхона, тарабхона, сехи дӯзандагӣ ва нахустин боғи фарҳангии ноҳия иштирок карда, зимнан таъкид карданд, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия авлавият дода шавад. Ин таъкиди Сарвари давлат дар меҳвари фаъолияти ҳамаи сохторҳои дар ноҳия фаъолиятдошта қарор гирифт.

Мо тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат фаъолият менамоем. Зиёд гардидани даромади буҷет барои иҷрои саривақтии барномаҳои пешбинишудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ манфиатовар аст.

Омилҳои муҳимтарини боз ҳам зиёд гардонидани маблағҳои қисми даромади буҷет истифодаи босамари заминҳои корам, бунёди иншоот, коргоҳҳои хурду миёна, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҷдиди хоҷагиҳо, дастгирии соҳибкорӣ ба шумор мераванд. Дар робита  ба ин, гуфтан бамаврид аст, ки дар солҳои 2013 — 2015 беш аз 150 иншооти гуногун аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

- Шумо хуб медонед, ки Ҷиргатол ноҳияи аграрист. Як замон картошкаи Ҷиргатол хеле машҳур буд. Албатта, имрӯз ҳам шуҳраташро гум накардааст, аммо ҳанӯз мо аз кори худ дар ин самт розӣ нестем, — ба суханонаш идома медиҳад раис.

Соли равон хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ, инфиродӣ  ва давлатӣ дар майдони   2224  гектар ва аҳолӣ 1541  гектар, дар маҷмӯъ дар ноҳия 3764  гектар картошка кишт карданд. То имрӯз  аз ҷониби хоҷагиҳои ноҳия 39313 тонна картошка ҷамъоварӣ  гардидааст. Ҳоло ҳосилғундорӣ идома дорад.

Дар рушди устувори ноҳияи Ҷиргатол соҳибкорони маҳаллӣ саҳми назаррас доранд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорон дар ҳудуди даҳ ҷамоати шаҳраку деҳот беш аз 55 иншооти муҳим, аз ҷумла биноҳои хушсохту замонавии дуошёна, осоишгоҳ, маҷмааи варзишию фароғатӣ, меҳмонхона-тарабхона, марказҳои хизматрасонӣ, 12 бунгоҳи тиббӣ, сехҳои дӯзандагӣ, сехи коркарди картошка, шаш бинои боғчаи бачагона сохта, ба истифода дода шуданд. Амалӣ гаштани ҳамаи ин нақшаҳо имкон дод, ки беш аз чор ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёбад.

Боиси ифтихори мост, ки ноҳияи Ҷиргатол бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу зебо гардида, давоми даҳ — понздаҳ соли оянда симояшро ба куллӣ дигар мекунад. Ба ин нақшаи генералии шаҳраки Ваҳдат, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012 таҳти рақами 150 тасдиқ гардидааст, мусоидат хоҳад кард.

- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба тарбияи ҷавонон диққати махсус медиҳад. Мо талош мекунем, ки онҳо ҷойнишинони арзандаи насли калонсол шаванд. Бо ин мақсад пайваста бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияро дастгирӣ менамоем. Барномаҳои пешниҳоднамудаашонро амалӣ месозем. Қариб дар тамоми деҳаҳо барои ҷавонон майдонҳои варзишӣ сохта шудааст. Дар назди ҳар як ҷамоати шаҳраку деҳот дастаҳои футболбозону волейболбозон ташкил шудааст. Бояд ёдовар шавам, ки бозии футбол солҳои охир яке аз бозиҳои дӯстдоштаи ҷавонон гардидааст. Дар ноҳия ҷавоне нест, ки худро аз варзиш канор кашад.

Сафи донишҷӯён аз ноҳияи мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ сол то сол зиёд мегардад. Айни ҳол 155 нафар писарону духтарон тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 48 нафар дар Ҷумҳурии Қирғизистон  таҳсил мекунанд. Соли 2015 тибқи квотаи президентӣ  27 нафар, аз ҷумла 14 нафар духтарон, ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон дохил шуданд.

Дар ноҳия 61 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамояд.  Аз ин шумора муассисаҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ  20 адад, муассисаҳои таълимашон бо забони тоҷикию қирғизӣ 18 адад ва таълимашон бо забони қирғизӣ 23 адад мебошанд. Шумораи умумии хонандагон 13184 нафарро ташкил дода, ба онҳо 994 омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри 2010 таҳти №416 «Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» соли 2014 пурра иҷро гардид. Муассисаҳои таълимии ноҳия бо 435 компютер ва 80 принтер, ҳамчунин 11 дизели барқӣ таъмин шуданд.

- Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи мо дорои хусусиятҳои хос аст, — иброз намуд раис ва чунин шарҳ дод: — Аввалан ноҳияи сарҳадист. Аз шимолу шарқ бо ноҳияи Чон-Олойи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад.  Ногуфта намонад, ки мо бо сокинони ноҳияи ҳаммарзамон робитаи дӯстона дорем. Бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии ноҳияи Ҷиргатоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Олойи Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис дода шуд. Ба ҳайати комиссия 20 нафар корманди масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ шомиланд. Вазифаи асосӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти комиссияи муштарак мусоидат ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳои бурунмарзӣ, муҳайё намудани шароит ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ҳар ду ноҳия, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ, фароҳам овардани муҳити озоди равуои шаҳрвандон ва молистеҳсолкунандагон ба ҳисоб меравад. Ин ду миллати ба ҳам бародар тӯли асрҳои зиёд дар ин диёр кору зиндагӣ карда, чунон ба ҳамдигар омехта шудаанд, ки қариб байни онҳо тафовуте дида намешавад. Бо ду забон озод суҳбат мекунанд, хешутаборӣ доранд.

Муҳити созгоре, ки имрӯз дар ноҳияи Ҷиргатол ҳукмрон аст, аз он шаҳодат медиҳад, ки сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии шоиста талош доранд.

Аз дафтари кории раиси ноҳия бо табъи хуш берун омадам. Пеши назарам ояндаи дурахшони мардуми ноҳияи Ҷиргатол ҷилвагарӣ мекард. Бовар кардам, ки агар инсон ба кори бузурге даст занад ва соҳиби ҳиммати баланд бошад, муваффақ мегардад. Инро метавон дар мисоли сокинони меҳнатдӯст, бонангу ор ва ватанпарасти ноҳияи Ҷиргатол дид.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум».