Изҳорот ё «таҳдид»-и ҲНИТ

№51 (3352) 08.04.2015

Аз рӯзе, ки вазъи ҷаҳони араб ба нооромиҳои тӯлонӣ ва даҳшатбор рӯ ба рӯ шуд, мардум ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма аз хунхориҳои ифротгароёни исломӣ дар кишварҳои арабии Сурия, Яман, Миср, ҳамчунин мамолики дигари исломӣ, аз қабили Афғонистон, Покистон бохабар мешаванд, нисбат ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки зери ниқоби ислом манфиатҳои худро пиёда месозанд, нафраташон афзунтар мегардад. Бахусус, вақте иддае аз ҳамватанони гумроҳшудаамон, ки аз саводи дунявию динӣ дур монда, бо таблиғи баъзе миёнаравҳои зархарид   мақсади ҷиҳодро баҳона карда, озими Сурия мешаванд, ҳеҷ як шаҳрванди ватанпараcту миллатдӯст дар қиболи чунин ҳодисаҳо бетараф буда наметавонад. Табиист, ки дар чунин ҳолатҳо ба самимият ва эътиқоди намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ чандон эътимоде боқӣ намемонад, зеро бештари он ҷавонони гумроҳи бесавод, сарсупурда ва ҷонибдори ҳизби мазкур буда, маҳз мавъизаҳои баъзе фаъолони ҳизби мазкур онҳоро бедор намуда буд.

То ин муддат чанд тан аз уламои дини ислом низ бо овардани мисолҳои зиёде аз таърихи дини ислом собит намудаанд, ки дини ислом   ба ҳизб доштан ва ё ба сиёсӣ шудан  ниёзе надорад.

Натиҷаи чунин равандҳо буд, ки охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ  якбора дар якчанд масҷиди бузурги кишвар, ҳангоми баргузории намози ҷумъа, имомхатибон аз намозгузорон даъват ба амал оварданд, ки  пешниҳод оид ба баста шудани ҲНИТ бояд ба Ҳукумат расонида шавад. Ҳамчунин зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа коршиносони сиёсию динӣ ба хулосае омадаанд, ки ба хотири ҳифзи ваҳдат дар Тоҷикистон ва минтақа ҳизби мазкур бояд баста шавад. Хулосаи дастаҷамъии онҳо ин аст, ки агар ҲНИТ барҳам хӯрад, як тафриқа аз байн хоҳад рафт. Аксарияти онон бар ин назаранд, ки бояд номи поки ислом бо сиёсат ва манфиатхоҳию мансабталошӣ олуда нашавад. Хеле хатарнок аст, вақте дин ифротӣ мегардад, зеро оқибатҳои он мушобеҳи мамолики араб хоҳад буд.

Аммо мисли ҳамеша роҳбарони ҲНИТ намехоҳанд воқеиятро қабул кунанд. Мавқеи наҳзатиҳо аз оғози фаъолияти онҳо танҳо ҳақиқатро рад кардану худро сафед намудан аст. Имрӯз, ки онҳо худро яке аз сабабгори ба эътидол овардани вазъи кишвар баъди ҷанги шаҳрвандӣ медонанд, аз ёд бурдаанд, ки ҳамон нооромию харобкориҳое, ки боиси аз даст додани ҷони ҳазорҳо фарзандони бегуноҳ ва баору номуси Ватан гардид, маҳз бо ибтикори худи наҳзатиҳо сар зада буд.

Бале, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин даъвати имомхатибонро сохта, фитна ва фармоишӣ хонда, баёнияеро пахш намудааст, ки дар он қатъи фаъолияти ин ҳизб «мухолиф ба қонуни асосӣ» ва барои сулҳу суботи кишвар «хатарнок» номида мешавад.  Масъулони ҲНИТ талаб намудаанд, ки  бигузор, Шӯрои уламо, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар атрофи мизи мудаввар  зарурати  ин даъватро исбот созанд. Дар баробари ин, аз мақомот талаб намудаанд, ки имомхатибони мазкур барои пешниҳоди ин иқдомашон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар назари аввал ин як баёния ё изҳороти одиест, ки дар пайи ҳимоя ё нигоҳдории мавқеи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пеш оварда шудааст, вале дар умқи он нишонаҳои таҳдиду ҳушдорҳое дида мешавад, ки  аз он бӯйи экстремизм меояд. Дар изҳорот баръало омадааст, ки қатъи фаъолияти ин ҳизб «хатарнок барои сулҳу субот» хоҳад буд?… Яъне, агар ҳизби мазкур баста шавад, пас ҳатман хатареро бояд интизор шуд, яъне аз ин бармеояд, ки ҳизби мазкур хатарноку ифротист?!! Аз сӯйи дигар, ҲНИТ вазъи воқеии ҷаҳонро дар мисоли тахрибкориҳои «Давлати исломӣ» хатарзо нашуморида, балки инъикос, ояндабинии он дар муносибат ба минтақаи Осиёи Марказиро аз ҷониби коршиносон ҷиддӣ қабул накарда, канораҷӯйӣ мекунанд, зеро ғояҳои аслии фаъолияти онҳо ҳамсон аст.

Роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бошад, тақдири ҳизбашро ба қонун ҳавола карда гуфтааст: «Тақдири ҳар ҳизбро қонун муайян мекунад», вале дар асл, ҳар иқдоме, ки тибқи қонун нисбат ба аъзои ҳизб ё худи ҳизб гирифта мешавад, наҳзатиҳо онро ё фишор ё амали сохта номида, худро бечораву ҷабрдида нишон медиҳанд. Ин тарзи вокуниш барои ҳар як аъзои он (аз роҳбарони ҳизб сар карда, то узви одии он) ба ҳукми анъана даромадааст.

Бояд ба воқеият назар афканд, бояд тақозои замонро дурусту саҳеҳ қабул намуд. Модоме ки мардум, бахусус доираҳои динӣ ҳизби исломиро қабул надоранд, бояд чорае дид ва масъулони ҳизб бояд ба ин вазъият воқеъбинона назар андозанд. Беҳтар мебуд, агар масъулони ҲНИТ ба таҳдидҳои ҷангу нооромӣ ва ҳама гуна хатар хотима бахшида, ақли солимро ба кор мебурданд, зеро мардуми замоне гумроҳшуда аз таърих сабақи кофӣ бардоштааст ва фирефтаи ҳар гуна дасиса нахоҳад шуд.

Сайидхӯҷа ИСЛОМОВ