Кӯшониён. То 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 197 иншоот дар назар аст

№41 (3991) 13.04.2019

DSC_1576Кӯшониён — яке аз калонтарин ва сераҳолитарин ноҳияҳои вилояти Хатлон, солҳои охир қариб дар ҳама соҳаи хоҷагии халқ ба дастовард ноил гардид. Дар мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома бо раиси он, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббори Ғаффор оид ба муваффақиятҳо дар соли 2018 ва нақшаю ниятҳои бунёдкорона то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан меравад.

 - Баҳри татбиқи амалии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯшониён чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян гардидаанд, чораҳои мушаххас меандешад. Қабл аз ҳама, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём реҷаи баргузории вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ таҳти роҳбарии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул якҷо бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва фаъолон мураттаб шудааст. Гурӯҳи корӣ дар ин ҷода кори зиёди назаррас анҷом дода истодааст. Аз ҷумла, аъзои он дар ҳашт ҷамоати шаҳраку деҳот суҳбату вохӯриҳои судбахшро бо фаъолон ва зиёиён, кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ баргузор намуданд.

Оид ба шарҳи моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, инкишофи тафаккур, баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён, омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон суҳбатҳои судманд гузаронида шуд.

Ҳамчунин, дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби муовинони раиси ноҳия, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту корхонаҳо низ таъсис ёфтааст, ки он дар шаҳраку деҳот бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор менамояд.

- Вобаста ба ҷашни фархундаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар иҷрои кадом корҳо ба нақша гирифта шудаанд?

- Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП — 1059, қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 июни соли 2018, №140 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори раиси ноҳия аз 21 июни соли 2018, №543 ба тасвиб расид. Тибқи онҳо то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 197 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то 1 январи соли ҷорӣ 31 адади он мавриди истифода қарор гирифт.

Шахсан худи ман ҷиҳати дастгирӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифтам, ки дар шаҳраки «Бохтариён» нуқтаи фурӯши гази моеъ, ҳаммоми замонавӣ бунёд карда, 150 метр роҳро таъмири асосӣ ва 250 метри дигарро таъмири ҷорӣ намоям. Пайвандону наздиконам низ дар иҷрои ин гуна амалҳои хайр саҳм хоҳанд гузошт. Ҳамчунин, бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла ҳашар, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, созандагию бунёдкорӣ ва беҳдошти ҳолати маҳалҳои аҳолинишин зиёда аз 34240 бех дарахт шинонидем, ки аз ин 23950 бех сояафкан, 5600 бех ороишӣ ва 5690 бех ҳамешасабз мебошанд. Дар ду тарафи роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ низ бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо ва сокинон зиёда аз чор ҳазор бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз, ду ҳазор бех анор, 25 ҳазор бех гули садбарг ва ҳазор дона гули ҳархела шинонида шуд, ки нигоҳубини онҳо дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

- Соли 2018 чӣ тавр ҷамъбаст гардид ва барои соли 2019 чӣ нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд?

- Соли 2018 нақшаи ҷамъоварии андоз­ҳои давлатӣ 102,9 фоиз иҷро гардид. Музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа пурра пардохта шуд. Дар ноҳия 2901 ҷойи нави кор таъсис ёфт, ки 102,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти содиротӣ 3217 тоннаро ташкил намуд, ки ба 100,3 фоизи нақша баробар аст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба 1 198 927 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба як соли пеш 75 531 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Кишоварзон соли 2018, мувофиқи дурнамо, дар майдони 11250 гектар пунбадона кишт намуда, ба корхонаҳои коркарди пахта 22 ҳазору 96 тонна пахта супориданд, ки 100,4 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин, кишоварзон дар майдони 1091 гектар ғалладона, 201 гектар ҷуворимакка барои дон, 2002 гектар саб­завот, 500 гектар картошка, 96,3 гектар зироати хӯроки чорво ва ғайра кишт намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 880 гектар ва картошка 288 гектар зиёд мебошад. Кишоварзон ҳоло дар майдони 1234 гектар ғалладона, 589,3 гектар сабзавот кишт намуданд, ки 165 гектари онро пиёз, 174 гектарро карам, 150 гектарро сабзӣ, 100,3 гектарро дигар намуди сабзавот ташкил менамояд.

Замин аз ғӯзапоя тоза ва шудгори хушсифат гузаронида шуд. Техникаи зарурӣ омодаи кор аст. Ният дорем, ки маъракаи киштро бо сифати хуб ва дар муҳлати муқарраршуда ба сомон расонем.

Соли гузашта аз майдони 4,8 гектар гармхона 180 тонна маҳсулот — 70 тонна помидор, 60 тонна бодиринг ва 50 тонна намуди дигари сабзавот истеҳсол намудем. Инчунин, аз майдони 18 гектар боғи меваҳои ситрусӣ, ки 11 гектараш ҳосилдеҳ мебошад, 183,1 тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардид.

Айни замон 59 муассисаи таълимӣ — 51 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, чор муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, ду муассисаи таҳсилоти асосӣ, як гимназия, як мактаби президентӣ барои хонандагони лаёқатманд, як маркази таҳсилоти иловагӣ ва ҳашт муассисаи томактабӣ, аз ҷумла, як муассисаи томактабии хусусӣ, амал мекунанд.

Барои беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва кумитаи падару модарон соли 2018 дар назди 10 муассисаи таълимӣ 18 синфхонаи иловагӣ барои 450 хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Дар назди 12 муассисаи таълимии дигар сохтмони 42 синфхонаи иловагӣ барои 1050 ҷойи нишаст идома дорад. Ҳоло дар деҳаи «Обшорон» — и деҳоти «Заргар» бунёди муассисаи таълимӣ барои 620 нафар хонанда дар як баст оғоз гардидааст.

Имрӯз баҳри ҳифзи саломатии мардум 1409 корманди тиб, аз ҷумла 282 нафар бо маълумоти олӣ ва 751 нафар ҳамшираи тиб хизмат мерасонанд. Дармонгоҳи марказии ноҳия, марказҳои дандонпизишкӣ, тиббӣ-оилавӣ, диспансери бемориҳои пӯст, танзими оила, эмгузаронӣ, сил, ташаккули тарзи ҳаёти солим, вируси норасоии масунияти бадан, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, 46 бунгоҳи тиббӣ, 23 маркази саломатии деҳотӣ дар хизмати аҳолианд.

- Дар робита ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат, ки дар Паёми Президент таъкид гардид, чӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд?

- Дар ноҳия айни замон 37 корхонаи саноатӣ — 35 корхонаи истеҳсолӣ ва ду иншооти хизмат­расонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Соли 2018 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 1198 927 100 сомониро ташкил намуд, ки аз он 959 412400 сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 23090 400 сомонӣ ба саноат ва 9 424300 сомонӣ ба сохтмон рост меояд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ноҳия сохта, ба истифода додани 15 корхонаю коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки оянда ба баланд гардидани иқтидори корхонаҳои саноатӣ мусоидат менамояд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,  

«Садои мардум»