Касе бояд мавриди шиканҷа қарор нагирад

№102 - 103 (4208 - 4209) 22.08.2020

Семинар -ПЫТКИ-Сатурн(17.08 (59)Бо ташаббуси Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 17-18 августи соли равон дар осоишгоҳи «Сатурн»-и мавзеи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Ҳамкорӣ ва рушди касбӣ оид ба расонаӣ кардани масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона» семинар баргузор гардид. Дар он намояндагони хадамоту марказҳои матбуотӣ ва воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, хабарнигорони рӯзномаи «Садои мардум» иштирок карданд.

Сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» Шоира Давлатова дар оғози кори он доир ба мафҳуми шиканҷа ва муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои байналмилалӣ маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар моддаи 1-и Конвенсияи зидди шиканҷа  ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шаъну шараф омадааст: «Шиканҷа-дилхоҳ амал, ки ба ягон шахс дониста дарду азоби сахти ҷисмонӣ ё ахлоқӣ расонида мешавад, ба хотири гирифтани маълумот ё эътироф аз ӯ ё шахси сеюм, то ӯро барои амале, ки онро содир карда ва ё шахси сеюм содир карда ё дар рӯйдод гумонбар шудаанд, ҷазо диҳанд. Инчунин, тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм, бо дилхоҳ сабаби бо табъиз асосёфта, вақте ки чунин дард ё азоб аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ ё дар барангезиш ва ё бо фаҳмишу розигии хомӯшонаи онҳо расонида мешавад».

Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф низ истифодаи ин амалҳо манъ карда шудааст. Чунончи, дар моддаи 7-и Паймони  байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таъкид шудааст: «Ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ё муомила ва ҷазои сахт, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шарафи ӯ қарор дода шавад».

- Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи мутлақ мебошад, ки ҳеҷ вақт дар ягон ҳолат бояд маҳдуд карда нашавад. Шиканҷа, муносибат ва ё ҷазои бераҳмона, муносибат ва ё ҷазои ғайриинсонӣ, рафтори пастзанандаи шаъну шараф намудҳои  муносибати бад маҳсуб меёбанд, — гуфт Шоира Давлатова.

Адвокати собиқадор, шарики Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Шарифов зикр намуд, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нави 1431 «Шиканҷа» ворид карда шуда, манъи шиканҷа дар кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади татбиқи қонунгузорӣ, аз ҷумла баррасии арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа, дар рафти таҳқиқу тафтиш ва муҳокимаи судӣ, бандубасти  кирдорҳои шахсони гунаҳкор ва ғайра қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» қабул гардидааст.

Абдураҳмон Шарифов афзуд, ки дар асоси тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ 16 октябри соли  2019 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, ба ҷои ҷазои ҷарима ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 15 сол пешбинӣ карда шуд. Тибқи ин тағйирот шахсоне, ки даст ба ҷинояти шиканҷа мезананд, баъди  адои ҳукм то 5 сол аз ҳуқуқи  ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба  фаъолияти муайян маҳрум карда мешаванд.

Инчунин, зикр гардид, ки мақсади истифодаи шиканҷа, пеш аз ҳама, пахш кардани иродаи инсон ва маҷбур кардани шахс барои содир намудани ҳаракати барқасди иродаи инсон мебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирии шиканҷа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиавии судии ҷиноятӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  милитсия» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» Гулчеҳра Раҳмонова дар мавзӯи «Ҳуқуқи кӯдакон ва принсипҳои асосии ҳифзи он» сухан ронда, зикр намуд, ки зимни мусоҳиба бо кӯдак, пеш аз ҳама, розигии ӯ ё намояндаи ӯро  гирифтан лозим аст. Кӯшиш намудан зарур аст, ки кӯдак бинобар додани  иттилоот бояд аз қасосгирӣ ва зарар дидан эмин монад. Аз ин рӯ, аз нашри сурат, овардани ному насабу суроғаи аниқи ӯ, ки ба кӯдак ва ё аҳли хонаводааш зиён мерасад, худдорӣ бояд кард. Ҳамеша дақиқ будани маълумоти кӯдак ироанамударо аз дигар кӯдакон ё аз калонсолон муайян намудан лозим аст. Кӯдаке, ки дучори шиканҷа ва ё истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтааст, зимни мусоҳиба аз хавфи расонидани зарари равонии дубора ба ӯ худдорӣ бояд кард.

Сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода ёдовар шуд, ки  тибқи моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», дар муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбия дар асоси эҳтироми тарафайн миёни таълимгирандагон, омӯзгорон ва дигар кормандон амалӣ карда мешавад. Дар муносибат бо таълимгирандагон истифодаи усули  зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсири равонӣ манъ аст.

Ӯ зикр намуд, ки дар доираи таълими  фанҳои «Маърифати оиладорӣ», «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» (синфҳои 9-10), «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» (синфҳои 8-9), «Ҳуқуқи инсон» (синфҳои 10-11) ба  хонандагон дар хусуси чӣ будани шиканҷа, зӯроварӣ, таҳқир, табъиз муносибати бераҳмона, паст задани шаъну шараф ва  оқибатҳои ногувори онҳо маълумот дода мешавад. Омӯзиши  роҳҳои таълимӣ ва чорабиниҳои беруназсинфии тарбиявӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, инкишоф додани малакаҳои худшиносӣ ва шинохти  атрофиён, фаҳмидани эҳсоси одамони дигар ва таҳаммулпазир будан, пешгӯӣ намудани хавфҳо ва оқибатҳои он, худмуҳофизаткунӣ ва муроҷиат намудани кӯдакон ба шахсони масъул, қабул намудани қарорҳои мувофиқу бехатар ва ғайраро дар бар мегирад.

Сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» Дилрабо Самадова дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшудагон» маълумот дода, зикр намуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ бояд ҳамеша бо маданияти баланд, хоксорӣ ва бурдборӣ намуна бошанд, шарафи ҳарбиро муқаддас донанд, ҳуқуқу озодӣ, шаъну шарафи худро ҳифз карда, ба ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон эҳтиром гузоранд.

Хизматчиёни ҳарбӣ вазъи ҳуқуқии махсус доранд ва барои ҳамин ҳуқуқи онҳоро мақомоти махсуси ҳифзи ҳуқуқ таъмин мекунад. Онҳо барои ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқ ва обрӯю эътибор бояд ба суди ҳарбӣ ва Прокуратураи ҳарбӣ муроҷиат намояд.

Ҳамчунин, дар семинар намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ширкат намуда, оид ба  амалишавии Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019 — 2022 ибрози ақида намуданд.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»