Киштӯд номи таърихӣ аст

№33 (3513) 08.03.2016

дарёиДар даврони соҳиб-истиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи номҳои таърихӣ анъана шудааст. Зикр бояд намуд, ки эҳё намудан ва пос доштани номҳои қадимии мавзеъҳои аҳолинишини диёрамон на танҳо аҳамияти таърихӣ, балки моҳияти тарбиявӣ низ дорад. Дар ин матлаб доир ба маъно ва таърихи вожаи «Киштӯд» маълумот медиҳем.

Ин ном дар асарҳои олимон ва муаррихон фаровон истифода шудааст. Таърихшиноси маъруфи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров дар асари безаволи худ «Тоҷикон» чунин нигоштааст: «Тадриҷан ноҳияҳои саргаҳи Зарафшон, ки аслан тоҷикнишин мебошанд, таҳти назорати империяи Россия дохил шуданд. Моҳи августи соли 1868 ба ҳайати музофоти Зарафшони кишвари Туркистон шаҳри Панҷакент ҳам ҳамроҳ гардид. Баҳори соли 1870 сардори музофоти Зарафшон генерал Абрамов ба мулкҳои ниммустақили кӯҳистони Моғиён, Фон, Киштӯд, Фалғар, Мастчоҳ, Яғноб ва ғайра юриш намуд, ки дар таърих бо номи «Экспедитсияи Искандаркӯл (апрели соли 1870) сабт гардидааст».

Абдураҳмони Мустаҷир дар асари ёддоштиаш «Сафари Искандаркӯл» вожаи «Киштӯд»-ро чанд маротиба истифода кардааст. Ӯ менависад: «Баъд аз миёни он дарахтҳои бисёр рафта, ба ҷое расидем, ки дар он ҷониби дарё, дар тарафи рост, як тагобӣ ҳаст, ки баъди ним санг роҳ рафтан он тагобӣ ду тақсим мешавад. Якеи он ба ағбаи Дукдон меравад ва аз болои он ағба роҳе ҳаст, ки ба вилояти Киштӯд меравад».

Чунонки мебинем, дар ин иқтибос Киштӯд чун вилоят тасвир шудааст. Дар ҷумлаи мазкур вилоят ба маънои мулки аҳолинишин, мирнишин ва ҳокимнишин омадааст. Абураҳмони Мустаҷир дар «Сафари Искандаркӯл» далерию шуҷоати киштӯдиёнро бо «аскари Урусия» тасвир намудааст:

- «Ба ногоҳ рафта истода будем, ки аз пеш як тангӣ баромад. Ба даҳони он тангӣ киштӯдиҳо қурғонҳояшонро рехта, асбоби ҷангро тайёр карда будаанд. Ва дигар дар болои кӯл ағбаи Кундаланг ҳаст, ки онро теппаи «Говхона» мегӯянд. Дар болои он ҳам мергани бисёреро монда буданд. Киштӯдиён аз болои ағба санг ва камон андохтан гирифтанд».

Доктори илмҳои таърих Абдусаттор Мухторов дар мақолаи худ «Нигини кӯҳҳои баланд» оид ба таъсири истилои араб ба Киштӯд чунин менависад: «Ҳокими Киштӯд Виштам тобеи ҳокими Панҷакент Деваштич будааст. Ҳуҷуми арабҳо ба Киштӯд низ таъсири манфӣ расонд».

Дар Киштӯддара рӯдҳои Уреҷу Вору ба ҳам пайваста, номи Киштӯдараро мегиранд. Дарёи Киштӯд пас аз масофаи 15 километр ба рӯди Зарафшон ҳамроҳ мешавад». Аз осори таърихӣ, илмӣ ва адабии даврони гузашта бармеояд, ки Киштӯд ҳамчун маркази аҳолинишин ва мирнишин тӯли беш аз ҳазор сол дар асарҳои бузургони илму фарҳанги тоҷик сабт шудааст.

Ҳоло дар деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент деҳаи навбунёд мавҷуд мебошад, ки Тангӣ ном дорад. Ин деҳа дар ҳудуди  Киштӯди таърихӣ ҷойгир аст. Бо дарназардошти талаботи давру замон хуб мешуд, ки комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар асоси далелҳои таърихӣ деҳаи навбунёди Тангиро ба деҳаи Киштӯд номгузорӣ мекард.

Шариф Исматӣсобиқадори маориф, шаҳри Панҷакент