Ду моҳ қабл дар рӯзномаи «Садои мардум» (№170 (3744) зери сарлавҳаи «Клуби фарҳангӣ ба ҳашаротхона табдил ёфтааст», матлаб нашр гардид, ки дар он вазъи басо ногувори клуби фарҳангии деҳаи Ҳакимободи деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб инъикос ёфта буд.
Масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баъди нашри мақола ба рӯзнома ҷавоб гардонда, қавл доданд, ки мушкили мазкурро бартараф хоҳанд кард. Хушбахтона, бо ташаббуси роҳбарияти шаҳр, махсусан раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, клуби фарҳангӣ баъд аз 25 сол дубора эҳё гардид. Бино баъди пурра аз таъмир баровардан ба як макони ободу барҳаво мубаддал гардидааст. Аз он иморати пур аз ҳашарот дигар осоре нест.
Зимни ба истифодадиҳии макони фарҳангӣ сокинони деҳа ба раиси шаҳр ва соҳибкорони саҳмгузор самимона миннатдорӣ намуданд. Раиси шаҳр нақши қасру клубҳои фарҳангиро дар рушд ва тарғиби фарҳанги миллӣ муассир арзёбӣ намуда, гуфт, ки азм доранд дар оянда муассисаҳои фарҳангиро бо ёрии соҳибкорону саҳмдорони бонангу баномус обод созанд.
Ёқуби Содиқ,
«Садои мардум»