Курсҳои омӯзишӣ дар доираи СҲШ

№147 (3293) 09.12.2014

Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ яке аз мақоми доимоамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад. Ин сохтор дар асоси Конвенсияи Шанхай дар мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ, ки 15 июни соли 2001 аз тарафи давлатҳои аъзои СҲШ имзо шуда буд, таъсис ёфт.

Дар фаъолияти сохтори минтақавии зиддитеррористӣ мубориза бо қочоқи маводи мухаддир мавқеи муҳим дорад. Кормандони мақомоти марбута барои пурзӯр намудани мубориза ба муқобили маводи  мухаддир ҳамкориҳои муштарак дошта, дар ин самт аз таҷрибаи якдигар истифода мебаранд.

Бо ин мақсад кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои Созмони  Ҳамкории Шанхай курсҳои омӯзиширо дар самти мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар шаҳри Хандҷои Ҷумҳурии Халқии Хитой гузаштанд. Семинари мазкур аз тарафи Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой якҷоя бо Академияи полиси Чжесяни ин кишвар ташкил карда шуд.

Дар рафти машғулиятҳо ба шунавандагон иттилооти зарурӣ оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Хитой, усулҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, пешгирии нашъамандӣ ва офияти истеъмолкунандагони он пешкаш карда шуд.

Ғайр аз ин, кормандони Агентӣ бо фаъолияти яке аз марказҳои табодули байналмилалӣ ва ҳамкориҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар назди Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Шанхай, ки дар доираи СҲШ таъсис дода шудааст, шинос гардиданд. Дар курсҳои омӯзишӣ инчунин кормандони мақомоти зиддимухаддиротии ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон,  Федератсияи Россия иштирок доштанд.

Малакаю таҷрибаи дар рафти семинар гирифтаи кормандони Агентӣ барои баланд бардоштани самаранокии кор дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, таҳким бахшидан ба робитаҳои дӯстона байни мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои СҲШ мусоидат хоҳад намуд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»