Левакант: Гармхонаи замонавӣ сохта мешавад

№12 (4595) 12.01.2023

Бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар дар деҳоти «Гулис­тон»-и шаҳри Левакант сох­тмони гармхонаи замонавӣ оғоз ёфт.

ҶДММ «Тақсимоти яклухти Хатлон» 10 гектар заминро ба иҷора гирифта, то охири соли 2023 дар он гармхонаҳои замонавӣ бунёд мекунад.

Ба иттилои сармуҳосиби ҷамъи­яти мазкур Мирзоюсуф Ниёзов, аввалин гармхона дар масоҳати 1,5 гектар то моҳи марти соли 2023 сохта мешавад ва 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Дар ин замина имкон фароҳам меояд, ки дар як мавсим зиёда аз 100 тонна ҳосили хушсифат рӯёнида шавад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»