Арзи сипос

Макони осоиш ва табобат

№94 (4677) 21.07.2023

43Ифтихор ва шук­рона мекунем, ки дар оғӯши кишвари зебою пуртароват ва пурфайзи Тоҷикистон зиндагӣ дорем. Диёри афсонавиамон дорои маконҳои хушбоду ҳаво ва табиати дилфиреб мебошад, ки ба инсон роҳат ва тандурустӣ мебахшад. Аз ҷумла Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм», ки дар бағали кӯҳ ҷойгир аст, на танҳо дар Тоҷикистон, балки хориҷ аз он маълуму машҳур мебошад. Ба ин ҷо дар баробари ҳамватанонамон аз кишварҳои дуру наздик ҳар сол садҳо истироҳаткунанда меоянд. Махсусан, дар ин рӯзҳои фасли тобистон осоишгоҳи мазкур серодам аст.

Мо низ чанд муддат аз ин макони дилфиребу хуррам баҳравар гаштем. Махсусан, ҳавои мусоиду салқин, буғи нодиру шифобахши он ба мо қуввату дармон бахшид. Барои истироҳату фароғат ва табобати мизоҷон дар осоишгоҳ тамоми шароит муҳайё гардидааст. Меҳмонон аз ҷониби ходимони осоишгоҳ хуш қабул гардида, нахуст ташхису муоина мешаванд ва сипас табобату истироҳат мекунанд. Мушоҳида кардем, ки кормандони осоишгоҳ кӯшиш менамоянд ба мизоҷон муносибати самимӣ дошта бошанду онҳоро кумаку дастгирӣ намоянд. Ба бошандагони ин ҷо дар ошхонаи калону барҳаво се вақт хӯроки гарму дигар ғизоҳо омода ва пешкаш мегардад. Дар баробари муомилаю муносибати маъмурону табибон мехостем хизмати хуби кормандони ошхонаро низ қайд кунем. Дар рӯзҳое, ки  табобату истироҳат мекардем, аз муомилаи хушу хизматрасониҳои беминнати пешхизматон Солиҳа Шарифова ва Шаҳзода Шарифова баҳравар гаштем. Мехоҳем ба онҳо ва дигар кормандони осоишгоҳ тавассути нашрияи бонуфузи «Садои мардум»  изҳори сипос намоем.

Бо эҳтиром собиқадорони меҳнат

Юсуф Аминов ва Шамъигул Қурбонова