Марҳабо Ҷабборӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№83 (3384) 18.06.2015

БАДАХТайи як ҳафта гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ мулоқоту вохӯриҳои самимӣ доир намуданд.

Марҳабо Ҷабборӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим бо шароити зисту зиндагии сокинон ва омодагии онҳо ба ҷашни дарпешистодаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз наздик ошно гардид. Бо омӯзгорону толибилмони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, аҳли зиё, фаъолзанон, ҷавонон, кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят вохӯрӣ доир намуда, доир ба сиёсати Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нигоҳ доштани рафтору пиндори неки миллати соҳибтамаддуни тоҷик, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суҳбатҳои судманд намуд.

Зикр гардид, ки бояд падару модар ва аҳли зиё дар амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бештар диққат диҳанд. Марҳабо Ҷабборӣ ва Абдуҷаббор Раҳмонзода бо фаъолияти Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ аз наздик ошно гардида, бо омӯзгорону толибилмони коллеҷ мулоқот намуданд. Дархостҳои ироагардидаро ба инобат гирифта, иброз доштанд, ки имсол хишти аввали бинои нави коллеҷи мазкур дар маҳаллаи Хоруғи Боло гузошта, сохтмони он оғоз мегардад.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»