Шамъи хотира

Марди накуном намирад ҳаргиз…

№83 (3384) 18.06.2015

Сухроб Шарипов-7 02 15

Суҳроб Шарипов соли 1963 дар хонаводаи олими машҳури тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор Иброн Шарипов таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи № 77-и шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, ба факултети фалсафа дохил мешавад. Донишгоҳи мазкурро соли 1988 хатм карда, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун устод ба кор машғул мегардад. Соли 1990 боз ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дохил шуда, соли 1994 рисолаи илмиро дар мавзӯи «Ҳад ва имкониятҳои озодӣ» дар риштаи сиёсатшиносӣ бомуваффақият ҳимоя мекунад. То соли 1998 дар ҳамин донишгоҳ ба сифати корманди илмӣ кор кардааст.

Шодравон Суҳроб Шарипов охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта ҳамроҳи И. Сатторов, ҳоло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Р. Сафаров – эроншиноси маъруфи тоҷики муқими Федератсияи Россия, Х. Муҳаббатов–олим, муқими Москва, П. Муллоҷонов – сиёсатшиноси тоҷик ва дигарон нахустин созмони фарҳангии тоҷикон дар Федератсияи Россия «Суғдиён»-ро таъсис дода буданд. Онҳо дар ҳаёти иҷтимоии Федератсияи Россия ва ҳифзу муаррифии фарҳанги тоҷикон барои ҷаҳониён корҳои назаррасро анҷом доданд.

Соли 1998 дар ҳаёти ӯ саҳифаи нав боз шуд. Ба Ватан баргашта, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мудири шуъбаи сиёсати дохилӣ  ба  фаъолият шурӯъ намуд.

Суҳроб Шарипов моҳи ноябри соли 1998 ҳангоми ҳуҷуми ҷинояткорону террористон бо роҳбарии Маҳмуд Худойбердиев аз ҷумлаи сиёсатшиносони камшумор буд, ки мунтазам дар тамоми шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон суханронӣ намуда, мардумро ба иттиҳод, ваҳдат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ даъват мекард ва тавонист дар ҷанги иттилоотӣ, ки бар зидди Тоҷикистон ба роҳ андохта буданд, ба бадхоҳони миллати  тоҷик ҷавоби дандоншикан диҳад. Мавсуф чун олим, сиёсатшинос ва ватандӯст камол меёфт. Мақолаҳои рӯзмарраву мубрам ва нишонрасу ҳадафманди вай дар ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ меёфтанд. Сабк, тарзи ифодаи фикр, хулосаронию натиҷагирӣ ва бардошти номбурда аз рӯйдодҳои ҷомеа  аз андешаи дигарон фарқ мекарданд.

Суҳроб Шарипов яке аз коршиносони варзида ва таҳлилгари Созмони Ҳамкории Шанхай буд.

Дар байни олимон ва коршиносони Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  Ҷумҳурии Исломии Покистон, Туркманистон, Туркия ва ғайра аз обрӯю эътибори хос бархӯрдор буд. Мақолаҳо ва таҳлилҳои илмию ояндабинии вай дар ИМА, Франсия,  Ҷумҳурии Федеративии Германия, Полша, Австрия, сохторҳои таҳлилии СММ, СААД, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, ИДМ ва ғайра маълуманд.

Чунин хислатҳои наҷиби Суҳроб Иброновичро ба назар гирифта, ӯро муовини мудири шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари бахши таҳлилӣ таъин мекунанд. Баъдан ӯ ба ҳайси ёвари  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамояд.

Соли 2005 Суҳроб  Шарипов боз  ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор баргашт, вале ин дафъа чун роҳбари ин ниҳоди бонуфузи таҳлилӣ — ояндабинӣ. Дар ин мақом истеъдоди роҳбарӣ ва сифатҳои дигари вай чун олим ва таҳлилгар хубтар намоён гардид ва эътибораш дар ҷомеа афзуд.

Дар давраи роҳбарии вай Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳоди бонуфузи таҳлили масоили мубрами вобаста ба ҳаёти сиёсӣ — иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, робитаҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ ва ояндабинии равандҳои рушди ҷомеаи гуногун табдил ёфт. Сохторҳои бонуфузи таҳлилӣ ва илмии байналмилалӣ ба мазмуну моҳияти таҳлилу ояндабинии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд медоданд. Марказ як навъ ниҳоди илмӣ — тадқиқотӣ  миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Ҳукумат гардид. Мавсуф вазифаҳо ва ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро воқеъбинона ва боҷуръат таҳлилу арзёбӣ карда, шарҳу эзоҳ медод.

Дар соли 2000 бо ибтикори вай дар Тоҷикистон нахустин Шӯрои илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар илми сиёсатшиносӣ таъсис ёфт.

Суҳроб Шарипов дар синни 37- солагиаш рисолаи илмиро ҳимоя карда, унвони доктори илмҳои сиёсатшиносиро гирифт. Ӯ даҳҳо шогирдон, унвонҷӯ ва аспирантҳо аз Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Федератсияи Россияро тарбия карда, ба кори илмии онҳо роҳбарӣ намудааст. Дувоздаҳ  нафар таҳти роҳбарии вай рисолаҳои номзадии илм ва докториро ҳимоя кардаанд. Аз он ҷумла ҳафт нафар унвонҷӯён ва аспирантон рисолаҳои номзадии худро зери роҳбарии бевоситаи ӯ омода карда буданд. Муаллифи ду монография ва бештар аз 500 мақолаи илмӣ-таҳлилӣ ва иштирокчии конфронсҳои зиёди илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буд. Устоди равоншод унвони профессориро дар синни 50- солагӣ соҳиб шуда буд.

Суҳроб Шарипов вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Беҳуда нест, ки Суҳроб Шариповро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, собиқ  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва дигар шахсиятҳои бонуфузи кишвар  ҳимоятгари фаъоли манфиатҳои давлати муосири тоҷикон номидаанд.

Мутаассифона,марги  нобаҳангом устод Суҳроб Шариповро дар синни панҷоҳу дусолагӣ, дар давраи камолоти умр, эҷодкорӣ, амалисозии нақшаҳое, ки метавонистанд ба манфиати давлату миллат бошанд, аз миёни мо бурд. Санаи 19-уми январи соли 2015 дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе Шарипов Суҳроб Ибронович моро  падруд гуфт.

Рӯзи ҷанозаи марҳум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров аз номи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба хонаводаи марҳум тасаллият изҳор намуда, гуфтанд, ки марги Суҳроб Ибронович барои Тоҷикистон як талафоти ниҳоят калон аст. Ӯ сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ буд.

Худованд  ҷои устоди равоншодро ҷаннатулмаъво, рӯҳашро шод ва қабрашро пурнур гардонад.

Саъдиё,  марди накуном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд.

Ҳикматулло ХОҶАЕВ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон