Мардум интизори ташрифи Роҳбари хирадманду дурандеши худ мебошанд

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

Бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласа доир гардид, ки дар он раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардорони идораву муассисаҳои вилоятӣ ширкат доштанд.

Фаъолияти ҳайати гурӯҳи кории  Ҳукумати ҷумҳурӣ дар вилоят, тақсимоти кумаки навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат ва ниёзмандон ва омодагии сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба сафари қарибулвуқӯи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Марҳабо Ҷабборӣ  зимни суханрониаш аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки мардум сиёсати пешгирифтаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, дар пешрафти минбаъдаи кишвар саҳмгузоранд. Аз суҳбату мулоқотҳо бо сокинони шаҳру навоҳии вилоят маълум мешавад, ки онҳо баҳри пойдор будани сулҳу суботи ҷомеа дар фазои ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ кору фаъолият доранд. Дар ин ҷода саҳми занону ҷавонон хеле назаррас аст.

Марҳабо Ҷабборӣ вусъатбахшии корҳои ободонию созандагӣ,  таҳкими Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии насли наврасро аз мутасаддиён тақозо намуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки мақсади сафари гурӯҳи корӣ расонидани кумаки навбатии Сарвари давлат ба оилаҳои ниёзманди вилоят мебошад. Ин омил бори дигар аз ғамхориҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии оилаҳои камбизоати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳодат медиҳад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид дошт, ки дар шаҳру ноҳияҳо бояд  шиору овезаҳо аз нукоти асосии Паёми Президент кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Соли оила бештар ба назар расанд. Шиорҳое, ки мардумро ба корҳои ободонию созандагӣ раҳнамун месозанд, бояд зиёдтар насб шаванд. Ба Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супориш дода шуд, ки тибқи Нақша  — чорабиниҳои муайяншуда ҳашарҳоро ташкил намоянд ва сатҳу сифати корҳои ободониву созандагиро хубтар ба роҳ монанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид дошт, ки ҷавонони ВМКБ бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва зиндагии орому осудаи хешро зери хатар нагузоранд.

-Бадахшон диёри биҳиштосо аст, ки  бо манзараҳои зебояш сайёҳони зиёдеро ба худ ҷалб менамояд ва кӯшиш намоед, то он бо меҳнати бунёдкоронаву созанда боз ҳам зеботар гардад, — афзуд Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба гурӯҳи корӣ аз номи мардуми ВМКБ миннатдорӣ баён намуда, зикр кард, ки  мардум бо шукргузорӣ аз сулҳу салоҳи кишвар ташрифи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интизор ҳастанд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»