Аз фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Маркази ноҳия як деҳи кӯчак буд…

№103 (3740) 28.08.2017

Ноҳияи Тоҷикобод соли 1991 ташкил шудааст, яъне, ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Маркази ноҳия — деҳаи Тоҷикобод деҳи хурде буд ва дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бетағйир монд. Танҳо баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ин ҷо созандагию ободонӣ суръат гирифт. Маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳия симояшро куллан тағйир дод. Дар дурдасттарин деҳаҳои ноҳия биноҳои замонавӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ ва бунгоҳу марказҳои саломатӣ сохта шуданд. Заминҳои зиёди ҳосилхези ин диёр аз нав коркард ва ба ихтиёри кишоварзон дода шуд. Дар маркази ноҳия биноҳои ду-се ошёна  қад афрохта, як деҳаи кӯчакро ба шаҳраки ҳақиқӣ табдил доданд.

Татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки соҳаҳои  гуногуни хоҷагии халқ низ дар ин гӯшаи зебои кишвар батад­риҷ рушд ёбанд.

Нодираи Маҳмадисо, раиси ноҳияи Тоҷикобод иброз дошт, ки аз оғози соли ҷорӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия норасоӣ ва мушкилоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияро ба ҳисоб гирифта, нақшаи рафъи онҳоро мат­раҳ намуд. Моҳҳои январ — феврали соли ҷорӣ вохӯриҳои пай дар пайи роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаҳои гуногун бо аҳолӣ баргузор гардиданд, ки самараи нек  ба бор оварданд.

Маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 25,3 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли гузашта 251 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзон дар майдони 2307 гектар ғалладона, 417 гектар сабзавот, 1006 гектар картошка ва 1356 гектар хӯроки чорво кишт намуданд. Дар нимсолаи аввал 5760 тонна шир, 940 ҳазор дона тухм, 698 тонна гӯшт, 75 тонна пашм истеҳсол шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 695 ҳазор сомониро ташкил дод. Коргоҳҳои нави саноатии истеҳсоли атласу адрасбофӣ ва либосдӯзӣ ба кор шурӯъ намуданд, ки дар онҳо 30 нафар сокини  ноҳия ба кори доимӣ машғуланд. Сохтмончиён  ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ корҳои пудратиро дар иншооти гуногуни ноҳия ба иҷро расониданд.

Рушди маориф низ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад. Дар соли таҳсили 2016 – 2017 дар назди 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак  таъсис дода шуданд, ки дар онҳо 303 кӯдаки 5 – 6 — сола ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 116 нафар шахси ниёзманду маъюб таҳти сарпарастӣ қарор гирифта, бо хизматрасониҳои иҷтимоии доимӣ таъмин гардиданд.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ таъмири асосии бинои маъмурии беморхонаи марказии ноҳия ва қисмати беруни шуъбаи бемориҳои даруна идома дорад. Соҳибкорони маҳаллӣ шуъбаи касалиҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳияро пурра таъмир намуда, ба истифода доданд.

Барои муҳайё сохтани шароити муносиб ба хонандагону китобдӯстон  чор  китобхонаи деҳот, ки дар хонаҳои шахсӣ ҷойгир буданд, ба биноҳои нав кӯчонида шуданд.

Дар 281 ҷашну маъракаи миллии баргузоршуда ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашуд, вале дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳангоми санҷишҳои назоратӣ 30 ҳолати қонунвайронкунии замин ошкор гардид.

Барои дар сатҳи зарурӣ омода шудан ва гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ситоди доимоамалкунанда таъсис ва бо мақсади захиракунии ангишт, таъмини доимии неруи барқ, гази моеъ,  маҳсулоти нафтӣ, ҳезум, корҳои таъмирӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилӣ ва алоқа, кор оғоз ёфтааст.

Дар баробари ин, мушкилоти зиёде низ ҷой доранд, ки  ба рушди соҳаҳо монеа эҷод мекунанд.  Роҳбарияти ноҳия   баҳри бартараф намудани онҳо пайваста талош меварзад. Куҳнаю фарсуда гаштани шабакаҳои обтаъминкунии деҳаҳои Дараи Нӯшор, Файзбор, Нӯшори боло, Нӯшори поён, Навобод, Шарқиён, Гулистон, Сафедорон, Зарафшон, Шаҳристон, сохтмони бинои муассисаи таълимии № 1, мумфарш ва чароғон кардани маркази ноҳия,  сохтмони бинои нави замонавии беморхонаи марказӣ ва ба анҷом расонидани сохтмони кохи фарҳанг барои 400 ҷойи нишаст аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки  бо сабаби саҳлангории баъзе вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ то ҳол иҷро нашуда мондаанд.

- Мо итминони комил дорем, ки бо вуҷуди душвориҳо, мушкилоти мавҷударо аз байн мебарем ва ноҳияро дар қатори дигар ноҳия­ҳо ободу пешрафта мегардонем, — гуфт дар поёни суҳбат раиси ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо.

 Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»