Масъулиятшиносӣ боиси пешрафт гардид

№30 - 32 (3510 - 3512) 05.03.2016

«Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрўз мутахассисони соҳаи тибби мо, бо истифода аз имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумат, корро дар баъзе самтҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд», — зикр гардидааст дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муассисаи давлатии «Кумаки аввалияи тиббӣ — санитарӣ»-и шаҳри Истаравшан аз ҷумлаи пешсафони соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.

Муассисаи мазкур аз ду маркази саломатии шаҳрӣ, 17 маркази саломатии деҳот, 28 хонаи саломатӣ ва маркази саломатии репродуктивӣ, иммунопрофилактикӣ, бемориҳои ҳамбастагии кўдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва шуъбаи барқароркунии саломатӣ таркиб ёфтааст.

Айни замон дар муассиса 589 нафар корманд, аз ҷумла 158 нафар табиб ва 392 нафар корманди миёнаи тиб дар хизмати мардум қарор доранд.

Тайи чанд соли охир дар муассиса дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Барои мисол, марказҳои саломатӣ соҳиби лаборатория, дастгоҳҳои ташхисӣ ва ғайра гашта, корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифтанд.

- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мо вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Баҳри татбиқи супориш ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми имсолаи он кас ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, аз тамоми имконият самаранок истифода бурда, уҳдадориҳоямонро сари вақт иҷро менамоем, — гуфт дар суҳбат сарвари муассиса Мўътабар Раҳматова.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»