Ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавлуди бахти тоҷик

№114 (3415) 26.08.2015

Мавлуди Тоҷикистон — мавлуди бахти Тоҷик,

Ё Раб, нигоҳбон шав ин тоҷу тахти Тоҷик.

 

То чашмаи шифояш  бар ҷӯйҳо равон аст,

Дар дашту кӯҳи тоҷик навои булбулон аст.

Пешвои миллати мо як марди кордон аст,

Тавҳиди халқи тоҷик паймони ҷовидон аст.

 

Мавлуди Тоҷикистон, мавлуди бахти Тоҷик,

Андар нумӯ ҳамеша бодо дарахти Тоҷик.

 

Ин субҳдам бидидам ҳамроҳи резаборон,

Мерехт файзу раҳмат бар мулки Тоҷикистон.

Муъҷизаҳои кишвар гардонда ранг яксар,

Сад гуна ҷилва доранд дар чашми ҳақшиносон.

 

Мавлуди Тоҷикистон, мавлуди бахти Тоҷик,

Бодо ҳамеша сарсабз ин ҷо дарахти Тоҷик.

 

Пӯшида нест ёрон, фарзанди кӯҳсорам,

Бо номи кишвари  худ ман ифтихор дорам.

Сар мекашам ман аз хоб, ҳар субҳгаҳ чу офтоб,

Шукрона хоки майҳан бар дида мегузорам.

 

Мавлуди Тоҷикистон, мавлуди бахти Тоҷик,

Сарсабзу ҷовидон бод, ин ҷо  дарахти Тоҷик.

Диловари МИРЗО