Ҳамовозӣ

Меъмори сулҳу ваҳдат дар кишвар Пешвои миллат аст

№176 (3477) 24.12.2015

Назарбегим МУБОРАКШОЕВА — собиқ раиси шаҳри Хоруғ ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Эмомалӣ Раҳмон тӯли фаъолияташ на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат, балки истиқлолияти фитрии миллатро низ эҳё кард, ки ин дастоварди муҳим мебошад.

Ба мушкилии замон нигоҳ накарда, ӯ тавонист сулҳ ва ваҳдати миллиро бартараф созад, халқи парокандаро сарҷамъ кунад. Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақилу соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ  мақому манзалати худро пайдо кард. Мо — мардуми кӯҳистон роҳи паймудаи Эмомалӣ  Раҳмон ва хидматҳояшро барои таърихи кишвар, аз ҷумла мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб дарк мекунем. Вақте ки ба дастовардҳои вилоят дар даврони истиқлолият баҳо доданӣ мешавем, саҳм ва кумаки Сарвари давлат беш аз пеш ба назар намоён мегардад.

Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон воқеияти таърихист. Ояндаи устувори давлатдории миллӣ ва ваҳдату сарҷамъии миллат аз сиёсати пешгирифтаи  ӯ бармеояд.

Арамбегим МАҲТОБШОЕВА -  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори мактаби президентии шаҳри Хоруғ:

- Наҷот додани давлати тоҷикон аз фалокати нобудшавӣ яке аз рисолати таърихии Президенти мамлакат буд ва ҳамин басанда аст, ки мардум ӯро Пешвои миллати худ хонанд. Ҳанӯз ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта аз хотираҳо зудуда нашудааст. Ин ҷанги таҳмилӣ ба мардум ва кишвар хисороти зиёд овард.

Танҳо Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ин бенизомӣ, парокандагӣ, ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошт.

Хушбахтона, Сарвари давлат касе интихоб шуд, ки дили пок, нияти нек, садоқат ба миллат дошт. Ӯ замоне Роҳбари мамлакат интихоб шуд, ки Тоҷикистон дар оташи ҷанг месӯхт. Танҳо ҷасорат ва иродаи қавии ин марди Худодод  имкон дод, ки бо тамоми неруҳои сиёсӣ гуфтушунид карда, шӯълаи ҷангро хомӯш кунад.

Мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як роҳбари сиёсии наҷотбахши давлати нави тоҷикон, кафили сулҳу ваҳдат ва меъмори давлатдории навин ва ниҳоят ҳамчун Пешвои миллат мешиносанд. Ӯ баъди барқарор кардани сулҳ миёни тоҷикон ҳамчун Пешвои миллат дар дили хурду бузург ҷойгузин шуд.

Карим РУСТАМБЕКОВ — мудири шуъбаи маорифи  ноҳияи Роштқалъа:

- Ман ҳамчун омӯзгор чунин шахсияти таърихиеро дар ёд надорам, ки ҳамеша шарики шодию ғами мардум бошад. Ҳанӯз соли 1993, яъне дар он рӯзҳои мудҳише, ки касе кафолати таъмини амнияти Роҳбари давлатро дода наметавонист, ӯ барои ошноӣ пайдо кардан бо вазъи сиёсии вилоят ба ноҳияи Роштқалъа сафар карда, бо вазъи зиндагии мо — омӯзгорон аз наздик шинос шуд. Моро бовар кунонд, ки рӯзҳои сахт паси сар мегарданд. — Ман, — гуфт ӯ, — ба мардуми бофарҳанги кишварамон бовар дорам. Дар мадди аввал моро лозим аст, ки мардуми гурезаро аз кишварҳои хориҷа ба Ватан баргардонем. Ин суханони Эмомалӣ Раҳмон ба тани мо ҷон бахшида, умеди моро ба зиндагӣ боз ҳам қавитар гардонд. Ҳис кардем, ки ӯ ҳамчун Роҳбар дар шароити басо ҳассоси сиёсӣ ин давлати ғамзадаро идора карда метавонад. Пиру барно дар ҳаққаш дуо карданд.

Мо — омӯзгорон имони комил дорем, ки бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ояндаи дурахшони фарзандони худ ва пешрафти мамлакатро таъмин карда метавонем.

Абдукаим МУРЗОМАТОВ — роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб:

-  Пешрафту тараққиёти мамлакат танҳо дар шароити сулҳу ваҳдат, оромию тинҷӣ ба даст меояд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ноҳияи Мурғоб низ, ки аз задухӯрдҳои дохилӣ дур буд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият намекард. Қисме аз роҳҳои вилоят дар муҳосира қарор доштанд ва ягона роҳи кушода ин роҳи Мурғоб — Ош буд.

Сарвари давлат, сарфи назар аз чунин вазъ, ба ноҳияи  Мурғоб, ки иқлими ба худ хос дораду зиндагӣ дар он басо мушкил аст, аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Бо кӯшиши ӯ мо — мардуми қирғизу тоҷик дар ин ноҳияи дурдаст бе маводи хӯрока ва сӯзишворӣ намондем. Бо сарварони онвақтаи ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон барои таъмини ноҳияи Мурғоб бо маводи ниёзи мардум гуфтушунидҳо мекарданд. Аз ин рӯ, аҳолии ноҳияи Мурғоб аз ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия миннатпазиранд.

Президенти мо ғамхор ва мададгори мардум мебошанд. Мо ин хислатҳои неки ӯро дар рӯзҳое, ки Рангкӯл дар натиҷаи офати табиӣ хисороти зиёд дид, хубтару беҳтар дарк намудем. Бо супориши Сарвари давлат барои  12 хоҷагӣ дар муҳлати ду-се моҳ бо маблағи давлат хона сохта, онҳоро бо тамоми ҷиҳоз ва хӯрокаву  сӯзишворӣ барои як сол таъмин карданд. Ба изофа, ба ҳар як оилаи офатзада даҳ ҳазор сомонӣ кумаки яквақта расонда шуд.

Ба ноҳияи Мурғоб аз ҷониби Пешвои миллат имтиёзҳои зиёд дода шудааст, ки мардум аз онҳо бархӯрдоранд. Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон бароямон шарафи бузург аст.

Таҳияи Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»