«Меҳргон» ҷашни миллист

№123 (3269) 21.10.2014

Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни миллии «Меҳргон», ки ҷамъбасти кору пайкори марди деҳқон аст, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Иди касбии кишоварзон- ҷашни «Меҳргон» дар сатҳи баланд ва бо иштироки масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони соҳа, деҳқонони фаъол  сурат гирифт. Дар суханронии табрикотии муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Холиқов таъкид гардид, ки соҳаи кишоварзӣ аз бахшҳои афзали низоми иқтисодии мамлакат дониста шуда, барои муассиртар кардани нақши ин соҳа дар пешбурди хоҷагии халқи мамлакат аз ҷониби роҳбарияти Давлату Ҳукумат чораҳои таъхирнопазир амалӣ карда мешавад.

Таҷдиди кулли соҳа, ворид кардани технологияи нави парваришу коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз қабили ҳамин гуна тадбирҳо дониста шуд.

Масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи ин гуфтаҳо зикр намуданд, ки маҳз натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Давлату Ҳукумати кишвар аст, ки сол то сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат бештар мегардад. Тибқи маълумоти омории пешниҳоднамудаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии соҳа дар нуҳ моҳи соли равон дар қиёс ба ҳамин давраи  соли 2013 тақрибан 20 миллион сомонӣ зиёд  шуда, суръати афзоиши истеҳсоли анвои гуногуни маҳсулот аз 1,7 то ба 8 фоизро ташкил додааст.

-Мо дар оянда низ кӯшиш хоҳем кард, ки  бо афзун намудани тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дастархони сокинонро ғанитар гардонем, — иброз дошт зимни баромади худ муовини аввали вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов.

Тибқи анъанаи нек, ин навбат низ аз бахшҳои гуногуни  соҳаи кишоварзӣ беҳтаринҳо бо мукофотпулӣ ва медалҳои ифтихории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»