Ба пешвози 20 - солагии СҲШ

Моҳи июн дар Душанбе Марафони СҲШ баргузор мегардад

№62-63 (4324-4325) 08.05.2021

2022logoЧанде пеш дар яке аз минтақаҳои зебоманзари Девори бузурги Чин – «Бадалин» маросими эълони баргузории «Марафонҳои СҲШ-2021» баргузор гардид. Тибқи иттилои нашрияи «Деловой Казахстан», дар ҳузури намояндагони сафоратхонаҳои «оилаи СҲШ», кормандони воломақоми ҳукумати Хитой, ҳамчунин, 30 нафар хабарнигори маҳаллӣ ва хориҷӣ муншии умумии котиботи СҲШ Владимир Норов, намояндаи махсуси ҳукумати Хитой оид ба корҳои АвруОсиё Ли Хуэй ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶХХ Зоҳир Саидзода, ки соли равон раёсати СҲШ-ро бар уҳда дорад, баргузории «Марафонҳои СҲШ-2021»-ро эълон намуданд.

- Он рӯзи офтобӣ бори нахуст дар маросими муаррифиву эълони се марафон — Марафони шашуми Кунмин, Марафони дуюми Иссиқкӯл ва Марафони нахустини душанбегии СҲШ гирд омадаем, — иброз намуд Владимир Норов дар оғози суханронӣ.

Қобили қайд аст, ки соли ҷашни 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай баргузории се марафон дар назар аст: 15 май — Марафони дуюми Иссиқкӯлии СҲШ дар Ҷумҳурии Қирғизистон, 13 июн — Марафони нахустини душанбегии СҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 декабр — Марафони шашуми Кунминии СҲШ дар минтақаи Юннани Ҷумҳурии Халқии Хитой.

Баҳои баланди таҳлилгарони созмонҳои байналмилалии варзишӣ ба тарзи баргузории марафонҳо далели болоравии рӯзафзуни нуфузу маҳбубияти ин чорабинии муҳим аст. Масалан, масири марафони Иссиқкӯл аллакай пас аз дави нахустин дар соли 2019 сазовори сертификати World Athletics гардид ва соли равон иштирокчиёни он имкон доранд барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ роҳхат ба даст оранд. Марафони Кунмин бошад, дар дави шашум аллакай соҳиби иҷозатнома (литсензия)-и нуқрагии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) гардидааст.

- Мо варзишгарон, рӯзноманигорон ва дӯстдорони варзишро барои ширкат дар Марафони СҲШ, ки бидуни шак, ба тақвияти минбаъдаи рӯҳи дӯстонаи Шанхай, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байниҳамдигарии мардуми кишварҳо мусоидат хоҳад намуд, даъват менамоем, — гуфт муншии умумии котиботи СҲШ дар анҷоми суханронӣ.

Намояндаи махсуси ҳукумати ҶХХ оид ба корҳои АвруОсиё ҷаноби Ли Хуэй ҳаммонандии рӯҳ ва ғояҳои Бозиҳои зимистонаи олимпиро дар Пекин бо марафонҳои СҲШ чунин баён намуд: «Рӯҳи олимпӣ тарғибгари ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, ягонагӣ ва рақобати солим аст, ки ба дараҷаи олӣ бо «Рӯҳи Шанхай» созгор аст. Ин чорабинии байналмилалӣ, ки аз ҷониби СҲШ дар Кунмин баргузор гардида, номи созмонро гирифтааст, ба варзишгарон аз тамоми гӯшаву канори олам имконият фароҳам меорад, ки ҷониби ҳадафҳои хеш бидаванд, табодули таҷриба намоянд ва ба ягонагӣ бирасанд».

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҶХХ Зоҳир Саидзода оид ба 100 чорабинӣ дар доираи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ иттилоъ дода гуфт, ки дар тақвими соли ҷашнии нақша — чорабиниҳои СҲШ чорабиниҳои варзишӣ, хусусан фарҳангиву башардӯстона, ҷои махсусро ишғол менамоянд.

- Чорабинии муҳимтарин, албатта, Марафони душанбегии СҲШ аст, ки бояд 13 июн дар Тоҷикис­тон баргузор гардад, — гуфт ӯ. — Расо ду рӯз пеш аз рӯзи мавлуди СҲШ дар Марафони Душанбе зангӯлаҳо ҳамчун хабаррасони ҷашни 20 — солагии таъсиси СҲШ садо баланд мекунанд.

Пас аз нишасти матбуотӣ иштирокчиён дар яке аз манораҳои Девори бузурги Чин дар дави рамзӣ ширкат варзида, соҳиби сертификатҳои хотиравӣ роҷеъ ба фатҳи Девори бузурги Чин гардиданд.

Фароҳамсоз Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»