Муроҷиатномаи кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатӣ

№144-145 (3445-3446) 29.10.2015

Мо — кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи гурӯҳи ҷинояткоронро ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  чун кирдори ноҷавонмардона ва амали террористӣ маҳкум менамоем.

Шикасти хоинони Ватан бори дигар собит сохт, ки имрӯз ваҳдату якдилии мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки таҳти сарварии Президенти маҳбуби худ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор мегузоранд, ҳеҷ як нохалафе наметавонад халалдор созад.

Имрӯз иқтидору тавоноии Давлати ҷавони Тоҷикистон, матонати сарбозони шуҷои Ватан ва муҳаббату ихлоси мардуми шарафманди Тоҷикистон ба муқаддасоти миллӣ кофист, ки ҳар як ҷиноятпеша саркӯб шавад ва ҳар як фитнаи ангехтаи душманони миллат ба боди фано равад.

Маҳкум гардидани кирдори хоинони миллат аз ҷониби ҷомеа худ гувоҳи он аст, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонии худогоҳ сулҳу субот ва якпорчагии кишварро, ки бо талошҳои ҷавонмардонаи Президенти маҳбубамон  ба даст омадааст, ҳимоя мекунад.

Ҳар як фарди бедордили Тоҷикистон ба ободкорию созандагиҳои азиме, ки дар даврони Истиқлолият дар заминаи сиёсати волои Сарвари давлат ва меҳнати содиқонаю софдилонаи мардуми сарбаланди ин сарзамин ба дастомадааст, баҳои муносиб медиҳад.

Дар баробари ин, воқеаҳои рухдода моро водор месозад, ки бедорӣ ва зиракии сиёсии худро боз ҳам тақвият бахшем.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ изҳор дошта буданд, ки Истиқлолият, Ватан, миллат, ваҳдати миллӣ ва оромиву осудагии ҷомеа муқаддастарин арзишҳое мебошанд, ки ягон ҳизб, гурӯҳ ё шахсе ҳаққи халалдор кардани онҳоро надорад. Хизматчиёни давлатӣ бояд дар роҳи ҳифзи ин муқаддасоти миллӣ дар сафи пеш бошанд.

Халқи тамаддунофари тоҷик ва ҳар як тоҷикистонӣ бояд пайваста аз ҳусни муошират, одобу эҳтироми ҳар як хизматчии давлатӣ бархӯрдор бошад.

Кору пайкор, фаъолияти ҳамарӯзаи мо — хизматчиёни давлатӣ, ки ба ҳайси неруи бузургу пешбаранда ва таҳкимбахши давлату давлатдорӣ дар татбиқи ҳадафҳои Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти асосиро ба зимма дорем, бояд барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон намунаи олии меҳанпарастӣ, созандагӣ ва фидокорию садоқат ба Ватан бошад.

Риояи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар аркони қонунгузорӣ, пайравӣ аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби мунтазами он бояд ба сарчашмаи фаъолияти ҳамарӯзаи хизматчиёни давлатӣ табдил  ёбад.

Бинобар ин, мо — хизматчиёни давлатӣ  татбиқи ҳамкории созанда бо ҷомеаро асоси кори худ шуморида, дар шароити пуртазоду вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва хавфи ҳуҷумҳои иттилоотӣ мекӯшем, ки пуле миёни давлат ва ҷомеа бошем. Мо бояд робитаи худро бо аҳолӣ боз ҳам тақвият бахшем, набзи замон ва ҷомеаро сари вақт эҳсос намоем ва барои ҳифзи истиқлолияту якпорчагии ин сарзамин, таҳкими ваҳдату якдилӣ аз ин бештар пешкору таъсиргузор бошем.

Ҳамзамон дар марҳилаи имрӯзаи такомули давлати соҳибистиқлоламон мо ба ҳайси тарғибгарони асосии сиёсати Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ аз таъсири манфии равандҳои ҷаҳонишавӣ ба тарбияи эҳсоси ифтихор аз ватану ватандорӣ, фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллӣ, нигоҳдории асолати миллӣ, пешгирии тақлиди фарҳанг, сару либоси бегона ва ҷалби афроди ноогоҳ ба гурӯҳҳои ифротгарову  террористӣ бояд аз ин бештар ҳисса гузорем.

Хизмати давлатӣ ин хизмат ба Ватан ва Миллат аст.

Аз ин рӯ, мо- хизматчиёни давлатӣ дар партави сиёсати созандаи Президенти кишвар баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии ин сарзамин, ҳимояи манфиатҳои миллату давлат, пешрафту шукуфоии Ватани азиз ва рӯзгори осудаю зиндагии шоистаи ҳар як хонаводаи Тоҷикистон бо дасту дилу нияти пок хизмати содиқона мекунем, то нақшаҳои ҳар нохалафе, ки оромию осоиштагии ин кишвари биҳиштосоро халалдор сохтанист, барбод равад.

Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, шаҳри Душанбе, 23 октябри соли 2015