Мушкили боғпарварон ҳал мешавад, агар…

№49-50 (4311-4312) 17.04.2021

ывааДар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ВМКБ Маркази таъминоти  маводи химиявӣ амал мекард. Дар ин замина дарахтон аз ҳашароти зараровар эмин буданд ва умри зиёд медиданд.

Бо мурури замон идора аз байн рафта, касе дар фикри эҳёи он нест .

Ҳоло низ боғдорон барои мубориза бо ҳашарот  аз ҳар гуна  дорувор истифода мебаранд, аммо фоида намебахшад. Иллат дар он аст, ки соҳибкорон заҳрхимикатҳои пастсифатро  мефурӯшанд, ки дарахтонро ҳатто ба хушкшавӣ мерасонад.

Ба  андешаи боғпарварон, сол ба сол дар боғот, алалхусус дар себ, касалиҳои гуногун пайдо мешаванд.

Ба андешаи мутахассисони соҳа, ҳашароти зараровар, аз қабили ширинча, ширинчаи хунин, кирми себ, мӯр, тортанак, пашша ва ғайра бештар  паҳн шудаанд. Ҳоло барои  боғпарварон муҳим аст, ки усулҳои мубориза бо ҳашароти зараррасон ва истифодаи дурусти заҳрхимикатро донанд. Агар идораи зикргардида таъсис ёбад, боғҳо аз нестшавӣ раҳо меёбанд.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»