Мушкили об ва зарурати ҳамкорӣ баҳри ҳалли он

№21 (3815) 17.02.2018

1022510979Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат қайд шуд, ки «Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод. Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад».

Дар ҳалли мушкилоти марбут ба об Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, дар радифи фаъолон қарор дорад, зеро кулли ибтикороти Сарвари давлати тоҷикон оид ба масоили об ва танзими захираҳои он бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтанд. Ин мушкилро ­бисёре аз давлатҳои ҷаҳон аз ҳозир эҳсос мекунанд ва ба ояндабинии Сарвари давлати Тоҷикис­тон арҷ мегузоранд. Аз ҷониби 177 давлати ҷаҳон истиқбол гардидани ташаббуси Пешвои миллат шаҳодати дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузи баланд дош­тани Тоҷикистон мебошад.

Пешвои миллат қабл аз ин дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об, ки апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея доир гардид, таъкид намуданд: «Таҳдидҳои ҷаҳони муосир, бо шумули буҳрони молию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши басомади ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши бемориҳои сирояткунанда, фавти модару кӯдак ҳанӯз сафарбар намудани талош­ҳои мо ва қабули чораҳои дахлдорро дар ин соҳа талаб мекунанд». Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки баъди хотимаи ташаббуси пешинаи Тоҷикистон дар мавриди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи нави Даҳсолаи амал «Об-барои рушди устувор»-ро омода намудааст, ки ин тадбир на танҳо корҳои бозмондаи даҳсолаи пешинро ба итмом мерасонад, балки барои ҳалли мушкилоти марбут ба об мусоидат менамояд.

Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои дорои захираҳои фаровони об дар таҳким ва танзими захираҳои об саҳми назаррас дорад. Суоле дар зеҳн ҷо мегирад, ки оё бо эҳсоси камбуди об ва то кунун ҳал нагардидани ­масъалаи танзими захираҳои об магар роҳбаре аз миёни дигар мамолики пешрафта набуд, ки ин масъалаҳоро матраҳ кунад ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба онҳо ҷалб намояд? Бо таассуф метавон гуфт, ки дар ҷомеаи муосир масоили экологиву ҳамгироии иқтисодӣ аз он нуқтаи назар мавриди баррасии абарқуд­ратҳо қарор мегиранд, ки ба манфиатҳои миллӣ ва сиёсати геополитикиашон созгоранд.

Аз ин лиҳоз, ибтикороти Роҳбари Тоҷикистон аҳамияти башардӯстона дорад. Ин хислати инсондӯстонаи Сарвари давлат аз фарҳанги волои аҷдодӣ, аз фарҳанги инсонпарваронаи бузургони адабиёту дин ва маънавиёти оламшумули тоҷикон сарчашма мегирад. Шеъри машҳури Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ишора ба ин таъкид мекунад:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Пешвои миллат ба ояндаи мардуми олам низ таваҷҷуҳи хос доранд, зеро медонанд, ки ҷаҳони имрӯза арсаи ҳамкориву ҳамгироист ва ҳеҷ кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад тараққиёти бардавом ва амнияти комил дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим, соли 2009 дар Женева, сипас, ҳамон сол дар Конфронси 15-уми СММ оид ба тағйироти иқлим дар Дания пешниҳод намуданд, ки Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Дар Тоҷикистон нобуд шудани 1000 пирях дар 30 соли охир далели он аст, ки минтақаи Осиёи Марказиро дар даҳсолаҳои оянда мушкилоти шадиди экологӣ домангир мешавад. Муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи кунунии таъмини минтақа бо об ақидаи интиқоли обро аз кӯли Сарез ба эҳтиёҷмандони давлатҳои поёноб пешниҳод намуда буданд. Зеро Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои об дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Россия дар ҷойи дуюм ва дар ҷаҳон баъди Чин, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷойи ҳаштум меистад.

Дар пешниҳодоти Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ба инобат гирифта шудаасту манфиати ҳама кишварҳоро дар бар мегирад.

Дар фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ ба об, ташнаеро об додан, сарзаминеро сероб гардонидан, биёбонеро ба гулистон табдил додан, хулоса, обу ободӣ аҳамияти бузурги ахлоқиву тарбиявӣ дорад. Илова бар ин, дар радифи хоку оташу бод, об чорумин унсури муқаддаси ҳастии кайҳонист. Аз ин рӯ, тозаву пок нигоҳ доштани ин муъҷиза ва сарфакорона истифода намудани он қарзи инсонӣ ва рисолати виҷдонии ҳар як инсони бошараф маҳсуб мешавад.

 Ҳафиз РАҲМОН,

устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон