Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар рушди кишвар

№131 (3768) 09.11.2017

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бо ҳузури доираи васеи иштирокчиён ба истиқболи 25 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ — назариявӣ баргузор гардид.

Дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ӯрунхоҷаев, №15» Ҷаббор Ахмедов, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргашбой Қурбонов, Бойпоччо Фатҳиддинов, собиқадорони меҳнат ва зиёиён иштирок намуданд.

Муовини раиси шаҳр Ғафур Зоирӣ зимни ифтитоҳ оид ба аҳамияти таърихии иҷлосияи тақдирсоз андеша баён намуд. Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон», устоди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод Хуршед Юсуфов оид ба «Рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли таърихӣ» маърӯза карданд.

Иштирокчиёни иҷлосияи тақдирсоз Э. Қурбонов ва Б. Фатҳиддинов низ хотираҳои худро аз иҷлосия нақл  намуданд.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, 

«Садои мардум»