Навиштам номае

№3 (3483) 07.01.2016

Олмон ё Гирмон?

Калимаи Олмон аз куҷо пайдо шуд? Чаро мо имрӯз Олмон мегӯем, на Гирмон? Ба хотир дорам, ки бобову падарони мо Гирмон мегуфтанд: ҷанги Гирмони хуношом, фашизми Гирмон ва амсоли ин. Чӣ шуду кӣ гуфт, ки якбора аз Гирмон ба Олмон гузаштем. Ҳоло дар ягон воситаи ахбори омма — рӯзнома, маҷалла, радио, телевизион, ҳатто дар суҳбату ҷаласаҳои расмию ғайрирасмӣ, гуфтугӯйи сари дастурхон касе вожаи «Гирмон»-ро ба забон намеорад. Чаро?

Оламиз, оласиз, оладӣ, олдӣ барин калимаҳо гувоҳ бар онанд, ки «Олмон» вожаи туркист. Вожаи «Гирмон» аз ҳиҷоҳои тоҷикии  гир- мон, гиру-дор, гиру-мон иборат аст.

Порсол бо як олимаи машҳури немис суҳбат доштам. Иддаои маро пазируфт ва иброз дошт, ки ин масъаларо бо шарқшиносони ҳамдиёраш баррасӣ менамояд. Рақами телефони маро гирифт ва ҳафтае аз байн нагузашта, занг зада гуфт:

«Дар забони имрӯзаи немис бисёр калимаҳое ҳастанд, ки дар ҳар ду забон истифода бурда мешаванд. Чунончӣ; платс-палос, муттер-модар, брудер-бародар, фатер-падар, караван-корвон ва ғайра. Дар Ҷумҳурии Федеративии Германия музофотест, ки бо номи Пруссия машҳур аст. Ибтидо ин мавзеъ Форсия номида мешудааст».

Олимони забоншиноси тоҷик роҷеъ ба ин масъала чӣ ақида дошта бошанд?  Дар ин иддао  ҷойи тааҷҷуб нест. Забонҳои тоҷикию немисӣ аз як оилаанд, ки ба истилоҳ «гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ» номида шудаанд.

Сабриддин МУЗАФФАРОВ, сокини деҳаи Ғарми болои ноҳияи Рашт  

Ба мушкилотам мушкилии дигар зам шуд

Сиву як сол дораму муҷаррадам. Ҷойи истиқоматам хонаи волидони хеш аст. Падарам, ки солҳои зиёд хизматчии давлатӣ буд, чанд сол боз гирифтори бемории фалаҷ  асту бо кумаки асобағал ҳаракат мекунад. Бародари калониам аз овони тифлӣ бемори сахти бистарист. Чун хоҳар тамоми мушкилоти бемории бародарам, ба амсоли пасту баланд кардани ӯ дар рӯи бистар ва додани обу хӯрок ба дӯши ман аст. Ду бародарам чанд сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ, бародари хурдиам дар хизмати артиш қарор доранд. Мутаассифона, аз бародарони муҳоҷир бо сабаби беқурбшавии асъор дар Федератсияи Россия ба оила чандон кумак намерасад. Бародари дигарам низ бо фарзандони хурдсолаш дар як хонаи тангу номувофиқ зиндагӣ дорад. Яъне, оилаамон пур аз мушкилот аст. Имрӯз танҳо ману модарам, ки яке ба омӯзгорию дигаре ба китобдорӣ машғулем, оилаамонро то ҷое саробонӣ мекунем. Алҳол аҳли оилаи мо ба як кулбаи васеътари наздиҳавлигӣ  ниёз дорад, шояд ба ин васила нигоҳубини падари фалаҷу бародари ҳамеша бистариам қадре осону сабуктар гардад.  Ба  ин хотир, ду сол пеш барои ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ ба раиси шаҳри Кӯлоб ариза пешниҳод кардем. Чун бенатиҷа монд, маҷбур шудем, ки ба масъулони вилоятию ҷумҳуриявӣ низ муроҷиат намоем. Мутаассифона, аз ин муроҷиатҳои пай дар пайи аҳли оилаи мо, ба ҷуз ваъдаҳои пучи масъулон дигар самаре ҳосил нашуд.

Инак, ба болои мушкилоти оилавӣ боз як мушкили дигар зам гардид. Ба фишору якравиҳои директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Кӯлоб Рухшона Розиқова, ки муассисаи таълимии мазкур дар наздикии манзили истиқоматиамон қарор дошту барои нигоҳубини беморони оила мувофиқ буд, тоб наоварда, маҷбур шудам корро тарк намоям. Ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и деҳаи Шулулуи деҳоти «Балхобӣ»-и ноҳияи Муъминобод кор мекунам. Дар  ҷойи кори навам маоши хуб мегирам, аммо бо сабаби дурии роҳ падару бародари бемори муҳтоҷамро нигоҳубин карда наметавонам.

Шояд ин навбат розу ниёзи мани омӯзгори ҷавон ба воситаи рӯзномаи «Садои мардум» ба гӯши масъулон бирасад ва онҳо бори мушкилотамонро то андозае сабуктар гардонанд.

Зумрат ҲАСАНОВА, сокини маҳаллаи 13-уми  шаҳри Кӯлоб

Обёрии заминҳои ташналаб баъди бисту се сол

 Баъди таъин гардидани Тоҳирхон Амиршоев ба ҳайси раиси ноҳияи  Муъминобод мушкилоти обёрии заминҳои кишоварзӣ дар деҳаи мо  аз байн рафт. Бо ташаббусу роҳнамоии раиси ноҳия беш аз сад нафар сокинони деҳаи Ғофилободи ноҳияи Муъминобод ба ҳашар баромада, ҷӯйи калоне канда, ба деҳа об оварданд.

Редаксияи азиз! Мо аз ҷумлаи он саднафаронем, ки заминҳои киштамон аз оби мусаффо шодоб гаштаанд. Чунин иқдому ташаббусҳои манфиатоварро дастгирӣ кардан зарур аст. Бо шарофати кандани ҷӯйбори чорҳазорметра 160 гектар заминҳои кишт, ки 23 сол боз рӯи обро надида буданд, аз нав обёрӣ шуданд. Акнун деҳқонон картошкаю бодиринг, помидору ҷуворимакка, лаблабую пиёз кишт карда, ҳам хонаводаи худро таъмин мекунанду ҳам як қисми маҳсулотро ба бозор мебароранд. Мо- сокинони деҳаи Ғофилобод ба раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршоев барои ғамхориҳояшон ба воситаи рӯзномаи «Садои мардум», ки дар ҳақиқат рӯзномаи мардумӣ аст, миннатдории хешро баён менамоем.

Умар Давлатов, Раҷаб Мирзоев, Алихон ва Қаҳҳор Давлатовҳо, Рамазон Ҳусейнов — сокинони деҳаи Ғофилободи ноҳияи Муъминобод

Ба дардам табиби тоҷик даво бахшид

Солҳои зиёд аз бемории тарбод азият мекашидам, бемориам то ҷое расид, ки қариб аз роҳгардӣ монда будам. Дар Маркази ҷумҳуриявии тарбодшиносӣ (Қарияи боло), шуъбаи кардиоревмотологии Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе ва чандин марказҳои саломатии дигар табобати давравӣ гирифтам, вале натиҷа надод. Соли 1998 барои табобат ба шаҳри Уфаи Федератсияи Россия рафтам ва баъди як моҳи табобат худро беҳтар ҳис кардам, лекин баъди гузаштани шаш моҳи табобат боз бемориам авҷ гирифт.

Дар бораи духтури қалбу тарбодшиноси Маркази саломатии шаҳрии №4-и пойтахт  Амиршо Раҳимов борҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо хонда будам. Вақте ки бори аввал (соли 2007) бо ӯ рӯ ба рӯ шудам, хушсуханиву чеҳраи кушодааш  маро ба худ ҷалб кард. Маро хуб гӯш карда, ба духтурони шуъба супориш дод, ки аз ташхис гузаронанд. Баъди чанде ҷавобҳои ташхис тайёр шуд ва ӯ аз рӯи он маро табобат фармуд. Даври аввали табобат бо беҳбудӣ анҷомид. Даври дуюмро низ, ки баъди чанд рӯзи танаффус оғоз гардид, аз рӯи фармудаи духтур Амиршо Раҳимов ба роҳ мондам. Ташхисҳои баъди ду даври табобат маро бардаму сиҳат нишон доданд. Ҳоло ҳашт сол мешавад, ки ман зери назорату табобати  ин духтури хушсухану меҳрубон қарор дорам ва шукри Яздони покро мекунам, ки ба дарди ман духтури тоҷик даво бахшид. Имрӯз духтури қалбу тарбодшинос Амиршо Раҳимов ҳамчун мутахассиси соҳаи тиб барои ман ва аҳли хонаводаи мо чун духтури оилавӣ хизмат  мерасонад ва мо ҳеҷ гоҳ ин хубиҳои ӯро фаромӯш намекунем.

Бобохон МАҲМАДНАЗАРОВ, сокини шаҳри Душанбе 

Масъули гӯша Муҳаммад Зокир.

Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91