Хулосаи мактубҳо

Номаҳои шаҳрвандон пайгирӣ мешаванд

№76 (3222) 12.07.2014

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба идораи рӯзномаи «Садои мардум»  шаҳрвандони зиёде  ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ роҷеъ ба масоили рӯзгори хеш ва ҷомеа, камбудиву норасоиҳои мавҷуда муроҷиат ва арзи матлаб намуданд. Дар ин робита, агар маводҳои омодакардаи ходимони идора, хабарнигорони дар маҳалҳобудаи рӯзномаро сарфи назар кунем, танҳо аз номи мухбирони ҷамъиятӣ ва одамони касбу кори гуногун давоми нимсолаи аввали соли 2014 – ум 102 нома ворид гардидааст. Идораи рӯзнома ба қадри имкон  барои ҳалли мушкилоти корафтодагон мусоидат ва муҳтавои номаҳои эшонро чоп карда, аз натиҷаи онҳо пайгирӣ намуд. Аз ҷумла чанде пеш аз номи Саид Азизуллоев — истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аризае ворид гардид, ки бо супориши муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷиҳати пайгирӣ ба унвони рӯзномаи «Садои мардум» ирсол шуда буд. Баъд аз дахолати рӯзнома роҳи ҳалли мушкилоти шаҳрванд  пайдо шуд ва ӯ пурра қонеъ гардид. Аз ин хусус дар саҳифаи рӯзномаамон таҳти унвони «Дархости С. Азизуллоев иҷро шуд» мақолае ба табъ расид («Садои мардум», 22 майи соли 2014 №52).

Инчунин нусхаи номаи шикоятии як гурӯҳ роҳбарони хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Зафаробод барои тасдиқи факту далелҳо ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ва идораҳои дигари дахлдор фиристода шуд. Ҷавоби вобаста ба ин масъала аз номи раиси раёсати  ҶСК «Агроинвестбонк»  С. Ш. Рустамов ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон А. Ширинов расида дар шумораи №39-и рӯзнома, аз 18 апрели соли 2014, чоп гардид. Ҳоло  боз якчанд ҷавоб расидааст, ки мо онҳоро дар шумораҳои навбатӣ ба табъ хоҳем расонд.

Албатта, кормандони идораи рӯзнома имконият надоранд, ки аз ҳар ноҳия ё маҳал  сари вақт ва таври пайваста мавод омода кунанд. Барои ин қувваи корӣ кифоят намекунад. Дар ин кор мухбирони ҷамъиятии мо дастёри беминнатанд. Аз ҷумлаи мухбирони фаъоли ҷамъиятии рӯзномаи «Садои мардум» Н. Ҳасанов, А. С. Мункӣ, И. Раҳим, Ҳ.Сафар, М. Ризвонов, Г. Одинаеваро номбар кардан мумкин аст, ки зуд – зуд бо рӯйдодҳои шаҳру ноҳияҳои Муъминобод,  Ховалинг, Ваҳдат, Ёвон, Рашт, Роғун, Файзобод ва ғайра тавассути чопи хабару мақолаҳо хонандагонро ошно менамоянд, ки мо аз онҳо миннатдорем. Ҳамчунин одамони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимон, адибон, рӯзноманигорон, ходимони нашрияҳои маҳаллӣ бо идораи рӯзнома ҳамкориашонро дареғ намедоранд. Кормандони идораи рӯзнома кӯшиш менамоянд, ки ягон мақола, хабар ё маводи дигар аз мадди назар дур намонад. Агар арзиш ба чопро дошта бошанд, ҳатмӣ онҳоро чоп мекунем. Масалан, навиштаҳои Шамъигул Аминова «Таҳсилоти калонсолон заминаи ҳуқуқӣ мехоҳад» (аз 18 январи соли 2014 № 6), Х. Б. Ҳасанов «Тарки одати бад ба иродаи шумо вобаста аст» (аз 8 феврали соли 2014 № 13), Фаршеди Нуралӣ «Ҳақбин дар фиреби бегона» (аз 15 апрели соли 2014 №37), Маҳмадназар Мазиёев «Ташаббуси ибратбахш» (аз 17 апрели соли 2014 № 38), Нарзулло Маҳмудов «Фарҳанги ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» (аз 22  апрели соли 2014 № 40), Карамулло Одилов «Рушди хизматрасонии тиббӣ» (аз 20  майи соли  2014 № 51), Сайёфи Хуросонӣ «Васвасаи аҳриманӣ» (аз 22 майи соли 2014 № 52), М. Давлатов «Озодандешӣ ё таассуб?» (аз 10 июни соли 2014 №61) аз ҳамин қабиланд.

Мутаассифона, на ҳама навиштаҳое, ки пешниҳод мегарданд, қобили чопанд. Маводи пешниҳоднамудаи Қ. Сафаров -  нафақахӯр аз ноҳияи Восеъ таҳти унвони «Раиси Миралӣ»,  Г. Одинаева- нотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе бо номи «Моҳияти аҳдномаи никоҳ», Ҳабибулло Мирбобоев- раиси Суди ноҳияи Ғончӣ, ки «Ифодагари азму иродаи халқ»  номгузорӣ шуда буд, бо сабаби умумӣ, такрор  ва бе далелҳои муътамад буданашон қобили чоп дониста нашуданд. Мақолаи муаллифон Ф. Абдувосиев ва Н. Раҷабов — номзадҳои илмҳои кишоварзӣ таҳти унвони «Ба самтҳои ислоҳоти аграрӣ муносибатҳои пешрафтаи иқтисодӣ» низ аз ҳамин қабил буд. Ҳадафи муаллифон аз пешниҳоди ин мақола муайян набуд, аз ин рӯ аз чопаш худдорӣ намудем.

Мо борҳо зимни шарҳу тафсири номаҳо иброз доштаем, ки маводҳои дар дигар нашрияҳо батабърасидаро такроран чоп намекунем, вале то ҳанӯз муаллифоне ёфт мешаванд, ки навиштаҳояшонро якбора ба якчанд нашрия пешниҳод мекунанд.

Марбут ба мақолаҳои танқидӣ ва таҳлилии чопшуда идораи рӯзнома дар ин муддат ба вазорату идораҳои дахлдор 11 мактуб ирсол кардааст, вале ҳамагӣ бо имзои шахсони масъул ду нома ворид шудааст, ки яке аз номи мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит  М. Назаров ва дигараш аз номи раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев буд, ки вокуниш ба мақолаҳои Б. Каримзода «Майдони фурудгоҳи моҳвораҳо» ( аз 15 феврали соли 2014 №16)  ва Ш. Атобуллоев «Нишондиҳандаҳое, ки шабеҳи ҳубоби рӯйи обанд» (аз 17 апрели соли  2014 №38) мебошанд. Масъулини боқимонда ё ба навиштаҳои нашрия эътибор намедиҳанд ё аслан рӯзнома намехонанд. Алҳол аз овардани номи мутасаддиёни  ин вазорату идораҳо худдорӣ менамоем ва боварӣ дорем, ки дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ  масъулияту таваҷҷуҳи онҳо бештар мешавад, зеро пешрафту оромии кишвар аз фаъолияти самимонаю софдилонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, сарфи назар аз мақому мартабааш дар ҷомеа, вобаста аст.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»