Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст

Қадами муборак

№51 (3352) 08.04.2015

Ҳусниддин Фозилов сокини деҳаи Питовкули деҳоти «Янгишаҳр»-и ноҳияи Ҷиргатол байни мардуми ин мавзеъ хеле маъруф аст. Дар суҳбатҳо бо ифтихору эҳтиром номашро ба забон мегиранд. Аз мавсуф ба ҳайси як фарди ватандӯст, созандаву ободкор ва меҳнатдӯст ном мебаранд. Тамоми умр ба деҳқонӣ шуғл варзидаву бо обилаи кафи даст бурдаи нон пайдо карда, барои тарбияи фарзандон ҳама шароитро фароҳам овардааст.

Номбурда сарварии хоҷагии деҳқонии «Ҳуснӣ»-ро ба уҳда дорад. Соле, ки ӯ ин хоҷагии деҳқониро ташкил кард, ҳамагӣ ду гектар замини обӣ дар ихтиёр дошт. Баъди суҳбат бо мутахассисон, гирифтани иҷозатнома аз мақомоти марбута Ҳусниддин ба хулосае омад, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида бо сарфи даромадҳои аз фурӯши маҳсулоти бадастовардааш масоҳати заминҳои обии хоҷагии деҳқониашро васеъ намояд.

Дар мавзее, ки заминҳои хоҷагии деҳқонии Ҳусниддин Фозилов ҷой гирифтаанд, қитъаҳои бекорхобида кам нестанд. Бисёриҳо бовар надоштанд, ки ӯ ин заминҳоро обёрӣ мекунад, зеро вазъи заминҳои бекорхобида хеле бад ва барои коркарди онҳо маблағу қувваи кории зиёд даркор буд. Соли аввал як гектар заминро барои кишт коркард карда тавонист.

Оғози фасли баҳор Ҳусниддин дар се гектар замин картошка кишт кард ва ҳосили хуб гирифт. Ҳамон сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷиргатол сафари корӣ дошт ва аз майдони картошказори хоҷагии деҳқонии «Ҳуснӣ» дидан кард. Вазъи сабзиши картошка, ҳосилнокӣ ва усулҳои самараноки кишоварзӣ ба Роҳбари давлат писанд омад. Ҳусниддин Фозилов тирамоҳ аз ҳар гектар 360 сентнерӣ картошкаи хушсифат ба даст овард.

Ҳангоми сафари дувуми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ноҳия хоҷагии деҳқонии «Ҳуснӣ»-ро зикр кард ва бори дуюм меҳмони картошкапарварони ин хоҷагӣ шуд. Дар ин давра Ҳ. Фозилов бо мушкилиҳои зиёд боз як гектар замини навро обёрӣ карда, масоҳати заминҳои обии хоҷагиро ба чор гектар расонд.  Президенти кишвар ба ин марди меҳнаткаш аҳсант хонд ва дуои нек дод. Ин буд, ки тирамоҳ ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 380 сентнерӣ расид.

Имсол Ҳусниддин Фозилов ният дорад, ки дар майдони панҷ гектар картошка кишт кунад. Бо ин мақсад ҳанӯз тирамоҳ, ҳангоме ҳосилро ғундошт, барои амалӣ гардонидани нияти худ тухмии хушсифат захира намуд.

-Қадами Сарвари давлатамон муборак аст, — бо ифтихор мегӯяд Ҳусниддин Фозилов. – Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба сари замини ман омад ва бароямон барори кор таманно намуд. Гуфтаи ӯ шуд. Кӯшиш менамоям, ки то дафъаи дигар омадани Президенти мамлакат майдони киштро васеътар намоям. Шунида будам, ки қадами Роҳбари давлат ба куҷое расад ва дар ҳаққи соҳибони он мавзеъ нияти нек намояд, Худованд баракатро дар он ҷо зиёд менамояд. Воқеияти ин суханонро бо чашми худ дидам ва шукронаи бахти Худододро мекунам.

 

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»