Иҷрои дастуру супоришҳои Президент

Ҳар муроҷиат муносибати инфиродиро мехоҳад

№148 (3294) 10.12.2014

Мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар шанбе рӯзи қабули шаҳрвандон муқаррар шудааст. Ин рӯз роҳбарони вазорат, корхонаю муассиса, мақомоти иҷроияи маҳаллаи ҳокимияти давлатӣ бевосита арзу шикоят ва дархости шаҳрвандонро қабул менамоянд.

Мо имконият пайдо кардем, ки дар рӯзи қабули узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир иштирок намоем.

Шаҳрвандон бо тартиби муайян қабул  мешуданд. Дар варақаи махсус ному насаб, суроға ва дархости шаҳрванд сабт шудааст ва онро раис қабул менамояд. Дархост, арзу шикоятҳо гуногунанд. Масъалаҳо буданд, ки бо иштироки роҳбарони масъул ҳал мегардиданд.

Инчунин шаҳрвандон доир ба масъалаҳое муроҷиат менамоянд, ки иҷрои он муҳлати муайянро талаб менамояд. Онҳо мавриди омӯзиш, баррасӣ қарор дода шуда, дар муҳлати муқарраргардида ба шаҳрванд таври хаттӣ ҷавоб дода мешавад.

Истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат Хушвахт Ибодов доир ба тағйир додани қарори раиси шаҳр дар бораи қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат кард. Раис ин дархости шаҳрвандро қабул намуд ва ба ӯ фаҳмонд, ки ин масъала мавриди санҷиш қарор мегирад.

Сокини деҳаи Ҷангалободи деҳоти «Гулистон» Саломатшо Ширинов мақсад дорад, ки хоҷагии деҳқонӣ таъсис диҳад. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 Тӯра Бердӣ дар аризааш аз раиси шаҳр дархост намудааст, ки дар таъмири бинои мактаб кумак расонад. Сокини кӯчаи Бохтари шаҳри Ваҳдат Ҷамила Самадова дархости барояш ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дорад. Оилаи онҳо калон буда, ба сохтани бинои алоҳидаи истиқоматӣ ниёз доранд.

Дар ин рӯз шумораи муроҷиаткунандагон қариб 200 нафарро ташкил медод ва аксари муроҷиатҳо вобаста бо ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ буд.

Дар ёздаҳ моҳи солӣ ҷорӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 13245 нафар таври хаттӣ ва бештар аз 5 ҳазору 700 нафар шифоҳӣ муроҷиат намудаанд. Алҳол дар мақомоти дахлдор 5740 нафар дар навбати гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ қарор доранд.

Вобаста ба шароиту имконият давоми сол қариб ҳазор нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифтанд. Дар ин қитъаҳо сохтани хонаҳои истиқоматӣ давом дорад. Аз ҷумла 88 оила сохтмони манзили истиқоматиро ба анҷом расониданд.

Арзу шикоят ва дархости шаҳрвандон оид ба ҳалли ин масъала таҳти назорати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат қарор дорад.

Доир ба таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ низ муроҷиатҳо зиёданд ва имсол қариб ду ҳазор хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шуд. Таҷдиди сохтори кишоварзӣ идома ёфта, хоҷагиҳои деҳқонӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» таъсис меёбанд.

Алҳол 3302 нафар доир ба ташкили хоҷагии деҳқонӣ, боғдорӣ ва моҳипарварӣ бо ариза муроҷиат намудаанд.

Бо мақсади ташкили корхонаҳои нав низ шаҳрвандон муроҷиат менамоянд. Ба унвони раиси шаҳр 86 нафар ариза пешниҳод намуданд, ки хоҳиши ташкили корхонаҳои навро доранд. Таъсиси корхонаҳои истеҳсолиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид доштанд.

Ин иқдоми соҳибкоронро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дастгирӣ менамояд. Бо таъсиси чунин корхонаҳо истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум зиёд ва ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд. Ҳоло дар шаҳр ва ҳудуди деҳот аз ҷониби соҳибкорон корхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ кушода шудааст, ки ба ин васила даҳҳо нафар соҳиби ҷойҳои нави корӣ гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат доир ба муроҷиатҳои шаҳрвандон, дархосту ниёзи онҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад. Дар ин самт вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» фаъолият ба роҳ монда шудааст. Барои мисол, аз 13245 аризаҳои хаттии шаҳрвандон 11916-тои он иҷро гардидааст. Дигар арзу муроҷиатҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»